Jump to content

Биогеосеноз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Биогеосено́з (аз юн. βίος — ҳаёт γη — замин + κοινός — умумӣ) — маҷмӯи наботот, ҳайвонот ва микроорганизмҳо, ки дар мавзеъҳои муайяни рӯйи Замин ба вуҷуд омадаанд.

Биогеосенози зинда аз организмҳои автотрофӣ (рустаниҳои сабз, ки дар онҳо фотосинтез ва микроорганизмҳо, ки дар онҳо хемосинтез ҷой дорад) ва гетеротрофӣ (ҳайвонот, занбӯруғҳо, баъзе бактерия ва вирусҳо) иборат аст. Ба қисмҳои ғайризиндаи биогеосеноз атмосфера, энергияи офтоб, ҷинсҳои кӯҳӣ, хок ва об мансуб мебошанд; онҳо бевосита ба таркиби биогеосеноз таъсир мерасонанд. Дар биогеосеноз рустаниҳои сабз, ки моддаҳои нахустини органикиро ҳосил мекунанд, аҳаммияти бағоят бузург доранд. Рустаниҳои сабз ба тавассути фотосинтез ва нафасгирӣ миқдори оксиген ва гази карбонатро дар ҳаво танзим намуда, бо роҳи бухори об дар гардиши он дар табиат ширкат мекунанд. Бидуни организмҳои гетеротрофӣ гардиши биологии моддаҳо, мавҷудияти организмҳои автотрофӣ ва биогеосеноз имконнопазир аст. Маҳсули биогеосеноз аз рӯйи массаи организме, ки мавҷудоти зинда бо воҳиди вақт (маъмулан дар як сол) дар воҳиди масоҳат ҳосил мекунанд, муайян карда мешавад. Маҷмӯи биомассаи ҳосилшуда маҳсулнокии мутлақ, қисми барои хоҷагӣ пурарзиши он маҳсулнокии умумӣ ва қисми маҳсулнокии умумӣ, ки ҳангоми истифодаи биогеосеноз кор фармудан мумкин аст, маҳсулнокии муфид номида мешавад. Фаъолияти инсон бевосита ё бавосита ба биогеосеноз вобастагӣ дорад. Бинобар ин бо мақсади дуруст истифода бурдан ё бунёд намудани биогеосенозҳои нав қонуниятҳои ҳаёт ва инкишофи онҳоро донистан зарур аст.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]