Биокимиё

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Gerty Theresa Radnitz Cori (1896-1957) and Carl Ferdinand Cori.jpg

БИОКИМИЁ, кимиёи биологӣ, илмест, ки таркиби организмҳои зинда, тарзи дар онҳо ҳосил шудан ва аҳаммияти биологию физиологии моддаҳои кимиёиро меомӯзад.

Биокимёро шартан ба Биокимиёи микробҳо, Биокимиёи рустанӣ, Биокимиёи ҳайвонот ва одам ҷудо мекунанд. Б. аз лиҳози таҳқиқот ба Биокимиёи оморӣ (таркиби организмҳоро таҳқиқ мекунад), Биокимиёи динамикӣ (мубодилаи моддаҳоро меомӯзад) ва Биокимиёи вазифавӣ (омӯзиши аксуламалҳои кимиёии узвҳо дар асоси падидаҳои гуногуни фаъолияти ҳаётӣ) тақсим мешавад. Бисёр амалиёти кимиёӣ (нонпазӣ, шаробкашӣ, чармгарӣ ва ғ.) ба инсон аз замонҳои қадим маълуманд. Абуалӣ ибни Сино дар «ал-Қонун» 811 навъи доруҳои гуногунро тавсиф намудааст, ки 70-тои онҳо то имрӯз истифода мешаванд. Ӯ мубодилаи ғизоро шарти асосии ҳаёт мешуморид. Биофилтр чун илм а. 17 ба вуҷуд омадааст. Дар пешрафти он саҳми ятрокимиёдонҳо – табиб ва табиатшиноси олмонӣ Ф. Паратселс, олими ҳолландӣ Ф. Силвий ва дигарон., ки оид ба шираи меъда, талха ва ҷараёни турушшавӣ пажӯҳишҳо анҷом додаанд, бузург аст. Кашфиётҳои бузурги а. 18 ва аввали. а. 19 дар соҳаи физика ва кимиё (кашфи пайвастҳои кимиёӣ, қонуни нигаҳдории материя ва энергия, ферментҳо – амилаза, пепсин, трипсин, креатин ва ғ.), муқаррар шудани нафаскашии рустаниҳо, ба вуҷуд омадани мафҳуми катализатор ва ғ. барои ташаккули баъдинаи Биокимиё. заминаи мусоид фароҳам оварданд. Биокимиё. дар а. 20 бинобар омӯзиши таркиби аминокислотаҳо, сохти полипептидии сафеда, миоглобин, гемоглобин ва кислотаҳои нуклеат (КДН ва КРН), мубодилаи сафеда, карбогидратҳо ва чарб дар организм, инчунин истифодаи усулҳои ҷадиди физикавии таҳқиқот (спектрометрия, хроматография, индикаторҳои изотопӣ, микроскопияи электронӣ ва ғ.) ба комёбиҳои беназир ноил гашт. Муқаррар шудани фотосинтез барои дар шароити сунъӣ аз CO2 ва H2O бо ширкати нури Офтоб ҳосил намудани пайвастҳои органикӣ имкон ба вуҷуд овард. Солҳои охир олимон роҷеъ ба масъалаи аз CO2, H2O ва намакҳои аммоний бо истифода аз нерӯи атомӣ ҳосил кардани моддаҳои ғизоӣ кӯшиш доранд.

Дар рушди Биохимиё олимон Э. Буркло, Р. Вилштеттер, А. Гоффан, М. С. Свет, К. А. Тимирязев, И. П. Бородин, В. И. Паладин, С. П. Костичев, А. Н. Бах, А. И. Опарин, В. А. Кретович, В. А. Энгелгард, А. М. Белозёрский ва диг. саҳми арзанда гузоштанд. Кашфиёти С. П. Костичев оид ба мубодилаи анаэробии карбогидратҳо ва нафаскашии рустанӣ, тадқиқоти К. А. Тимирязев дар бораи фотосинтез, оксидшавии биологӣ, мубодилаи нитроген ва карбамид дар рустанӣ далели масъалаҳои назарию амалии биология, кимиё ва тибро дар бар гирифтани Биохимиё аст. Биохимиё ҳамчунин ба Биохимиёи тиббӣ (равандҳои кимиёии мубодилаи моддаҳоро дар организми одамони солим ва бемор меомӯзад), Биохимиёи техникӣ ва саноатӣ (масъалаҳои истифодаи ашёи хом, маҳсулнокии зироат, технологияи шаробкашӣ ва ғайраро таҳқиқ менамояд), Биохимиёи гормонҳо (таркиби кимиёӣ, механизми таъсир ва аҳаммияти гормонҳоро барои организм меомӯзад), Биохимиёи витаминҳо (илм дар бораи таркиб ва аҳаммияти витаминҳо дар мубодилаи моддаҳо), Биохимиёи энзимҳо (таълимот дар бораи сохт ва хосияти физикавию кимиёии ферментҳо) ва ғ. ҷудо мешавад. Таҳқиқоти биокимиёиро дар истеҳсолоти вита­минҳо, гормонҳо, антибиотикҳо, консервакунии маҳсулот ва ғ. фаровон истифода мебаранд.

Дар Тоҷикистон пажӯҳишҳои биокимиёӣ солҳои 40 а. 20 дар Озмоишгоҳи биологии Помири АИ Тоҷикистон оғоз ёфтанд. Таҳқиқоти аввалин қонуниятҳои пайдоиши моддаҳои органикиро ҳангоми фотосинтез ва мубодилаи карбогидратҳо дар баъзе рустаниҳои Помир дар бар мегирифтанд. Аввалин солҳои 60 а. 20 мавзӯи таҳқиқоти биокимиёӣ хеле афзуд. Таркиби кимиёии рустаниҳои хӯроки чорво дар баландиҳои гуногун, ғизогирӣ ва мубодилаи моддаҳо дар рустаниҳои ситрусӣ, дарахтони мева ва сабзавот дар шароити Тоҷикистон омӯхта шуданд. Дар инкишофи Биохимиёи рустанӣ саҳми олимони тоҷик Ю. С. Носиров, Х. Ҳ. Каримов, М. М. Ёқубова, К. А. Алиев ва дигар. намоён аст. Бо ташаббуси акад. Ю. С. Носиров ташкил ёфтани лаби биофизикаи рустаниҳо (1960) ва минбаъд ба шӯъбаи мустақил (1962) ва Институти таҳқиқоти илмӣ (1964) мубаддал гаштани он барои рушди Биохимиёи рустанӣ шароити мусоид фароҳам овард. Оид ба Биохимиё дар як қатор муассисаҳои тадқиқоти илмии дигари ҷумҳурӣ (Институти ботаника, физиология ва генетикаи рустаниҳо, Институти биологияи Помир, Институти гастроэнтерология) ва кафедраҳои биокимиёи донишгоҳҳо (ДМТ, ДДОТ, ДДТТ ва ғ.) низ тадқиқоти назаррас анҷом меёбанд.

Адабиёт[вироиш]

Физиология древесных растений Таджикистана. Д., 1962;

Фердман Д. А. Биохимия. М., 1966; Филиппович Ю. Б. Основы биохимии. М., 1969;

Ленинжер А. Биохимия. М., 1974; Кретович В. А. Биохимия растений. М., 1986;

Неъматҷонова К. Н. Биокимиёи рустаниҳо. Д., 1998.

  • Р. Валиев, М. Самиев.

Манбаъ[вироиш]

Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2