Jump to content

Биологияи кайҳонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Биологияи кайҳонӣ — яке аз соҳаҳои зистшиносӣ, буда, ҳаёти организмҳои заминиро дар шароити фазои кайҳон ва ҳангоми парвоз дар киштиҳои кайҳонӣ (физиологияи кайҳонӣ, экофизиология ва экобиология), инчунин, системаҳои биологии таъмини ҳаётро дар киштиву пойгоҳҳои кайҳонӣ меомӯзад.

Бо ахтаршиносӣ, геофизика, радиоэлектроника ва дигар илмҳо алоқаманд аст. Оид ба биологияи кайҳонӣ дар намудҳои гуногуни мавҷудот (мас., вирусҳо, ширхӯрон ва ғайра) таҳқиқот мебаранд. Таҷрибаҳои аввалини биологӣ (асосан, генетикӣ) дар қабатҳои болоии атмосфера ва кайҳон бо истифода аз кураҳои ҳавоӣ нимаи аввали садаи XX дар Иттиҳоди Шӯравӣ ва ИМА сар шуданд.

Вазифаи асосии биологияи кайҳонӣ омӯзиши таъсири омилҳои парвози кайҳонӣ (тезшавӣ, навасон, бевазнӣ, маҳдудияти ҳаракат, ҷудоии пурра ва ғайра) ва фазои кайҳонӣ (радиатсия, вакуум ва ғайра) мебошад. Таҷрибаҳои биологии мавриди парвоз, ки дар аснои онҳо маҷмӯи таъсири омилҳои муҳити берунаро ба ҷисми зинда омӯхтан мумкин аст, барои биологияи кайҳонӣ аҳаммияти махсус доранд.

Давраи якуми таҳқиқоти биологие, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ ва ИМА (солҳои 1940-50) дар шароити ба парвози кайҳонӣ наздик гузаронида шуда буданд, парвозҳои саг, маймун ва диг. ҳайвонотро дар ракетаҳо ба баландии то 500 км дар бар мегирифт. Дар ин давра имконияти муҳайё намудани шароити зарурӣ барои зиндагонии ҳайвон дар ҳуҷраи ҳавоногузари дастгоҳи парвозкунанда, дарёфти усулҳои бехатарии парвоз, таъсири биологии афканишоти кайҳонӣ ва ғ. омӯхта шуданд. Давраи дувуми таҳқиқоти биологӣ дар парвозҳои кайҳонӣ парвози «Лайка» ном саг дар радифи маснӯи Замин буд. Давраи савум ба ихтирои радифкиштиҳои кайҳонии ба Замин баргарданда алоқаманд аст.

Парвозҳои таҷрибавии физиологӣ, биокимиёӣ, генетикӣ ва ғ. дар объектҳои биологии гуногун — тухмӣ, рустаниҳои олиташаккул, қурбоққа, микроорганизмҳо, ҳашарот, ширхӯрҳо ва ғ. роҳандозӣ шуда, имконият фароҳам оварданд, ки таъсири омилҳои кайҳонӣ ба объектҳои биологӣ баъди парвоз омӯхта шавад. Пажӯҳишҳои дар роҳи Замин — Моҳ — Замин гузаронидашуда давраи баъдинаи ҳалли барномаи таҳқиқоти биологӣ дар кайҳон маҳсуб мешуданд. Дар натиҷа барои омӯзиши самараи биологии таъсири афканишоти кайҳонӣ бидуни майдони магнитӣ ва атмосфераи Замин шароити мусоид фароҳам омад. Зимни таҳқиқоти биологӣ дар ракетаҳои баландпарвоз ва баллистикӣ, радифҳои маснӯи Замин, радифкиштиҳои кайҳонӣ ва ғ. муқаррар гашт, ки одам дар шароити парвози кайҳонӣ дурудароз кору зиндагӣ карда метавонад. Дар заминаи парвози киштиҳои шӯравӣ ва амрикоӣ бо одам масъалаҳои биологияи кайҳонӣ — таҳияи асосҳои биологӣ ва роҳҳои таъмини фаъолияти муътадили одам дар кайҳон ҳал гардиданд. Пажӯҳишҳо дар соҳаи биологияи кайҳонӣ барои ҳалли бисёр масъалаҳои дигар, аз ҷумла, ҷустуҷӯйи биологии роҳҳои нави кайҳонӣ, таҳияи парвозҳои биомаҷмӯии бардавом ва ғ. мусоидат мекунанд.

Кайҳоннавардони шӯравӣ 56 ва кайҳоннавардони ИМА 36 намуди микроорганизмҳоро дар кайҳон таҳқиқ намуданд. Аз Тоҷикистон ба кайҳон Arabidopsis thaliana ном рустанӣ бурда шуд. Соли 1975 дар ҷумҳурӣ Маркази таҳқиқотии илмии омӯзиши сарватҳои табиии зинда ташкил ёфт, ки дар кори мураттаб сохтани тарҳрезии олами набототу ҳайвонот дар асоси аксҳои кайҳонӣ саҳми назаррас гузошт. Дар баъзе мавзеъҳои Тоҷикистон (мас., Сияҳкӯҳ — дар деҳаи Зидии ноҳияи Варзоб, ВМКБ ва ғайра) таҳқиқи таъсири афканишоти кайҳонӣ ба мавҷудоти зинда натиҷа дод. Маълум гашт, ки мавҷудоти зиндаи олиташаккул ба таъсири афзоиши суръати кайҳонӣ ҳамагӣ 20 дақ. тоб меоранд; тухми пиёз ва диг. зироате, ки дар кайҳон будааст, баъди кишт зуд нашъунамо меёбад ва ғ.

Яке аз мавзӯъҳои асосии омӯзиши биологияи кайҳонӣ тибби кайҳонист, ки дар робита ба он олимон ҷараёни ҳаёт ва фаъолияти инсонро дар шароити кайҳон мавриди пажӯҳиш қарор дода, дар амалияи кайҳоннавардӣ истифода мебаранд.

  • Сисакян Н. М. (и др.). Проблемы космической биологии// Проблемы космической биологии. Т. 1. М., 1962;
  • Сафаров Н. М. Оценка состояние растительных ресурсов Южно-Таджикского территориально-производственного комплекса по материалам аэрокосмической съемки // Комплексное картографировние агропромышленных ресурсов на основе космической информации. М., 1985;
  • Сафаров Н. М. Карта растительность Таджикистана ⁄⁄ Исследование природных ресурсов Таджикистана на основе материалов космической съемки. М. — Д., 1985;