Биомасса

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Биома́сса (биоматерия) — массаи умумии фардҳои як ё чанд намуд ва ё кулли ҷамоа (рустанӣ, ҳайвонот ва микроорганизмҳо), ки ба воҳиди сатҳ ё ҳаҷми маҳалли сукунат рост меояд.

Биомассаро аз рӯйи массаи моддаи хушк бо г/м2, кг/га, г/л, г/м3 ва ғ. ифода мекунанд. Биомассаи бактерияҳо, планктонҳои наботӣ ва ҳайвонӣ, организмҳои наботӣ (фитомасса) ва ҳайвонӣ (зоомасса) вуҷуд доранд. Биомасса аз муҳит, суръати афзоиш ва маҳви мавҷудот вобастагӣ дорад. Дар баҳру уқёнус биомасса асосан аз организми ҳайвонот, дар хушкӣ аз организми наботот ташаккул меёбад. Биомассаро бо роҳи баркаш ё ба вазни миёнаи насл зарб задани миқдори организмҳои зинда муайян мекунанд. Масалан, биомассаи узвҳои рӯизаминии ток ба 100 т/га, биомассаи микроорганизмҳо ба 4 т/га ва биомассаи кирми лойхӯрак ба 500 кг/га баробар шуданаш мумкин аст. Дар майкашӣ биомассаи микроорганизмҳои ғайр (моя, бактерияҳо, занбӯруғҳо, мағор), ки ба шираи ангур аз тухми он дохил мешаванд ва биомассаи микроорганизмҳои худӣ (хамирмоя, бактерияҳои туршифарор, ки барои ҷӯшиши спирт ва паст кардани туршии шираи ангур ва май ҳамроҳ карда мешаванд) аҳаммияти калон доранд. Миқдори биомассаи микроорганизмҳо суръати ҷӯшиш ва сифати майро муайян мекунад. Дар мавриди зиёд будани биомассаи моя ҷараёни расиши май тезтар мегузарад. Дар баробари афзоиши миқдори биомассаи микроорганизмҳои зарарнок сифати май паст мешавад.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]