Jump to content

Биржаи меҳнат

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Би́ржаи меҳна́т — муассисаи миёнарав байни корфармоён ва қувваи кории кироя, ки ба фаъолияти таъмин намудани аҳолӣ бо кор машғул мебошад.

Биржаи меҳнат. м. хусусӣ, давлатӣ, ҷамъиятӣ ва тиҷоратӣ мешавад. Фаъолияти Биржани меҳнат дар як қатор конвенсияҳои Ташкилоти Байналхалқии Меҳнат аз ҷиҳати байналхалқӣҳуқуқӣ асоснок карда шуда, қисми таркибии Хадамоти давлатии шуғл мебошад. Биржаи меҳнати давлатӣ, ё ин ки хадамоти шуғл бозори меҳнатро ба танзим дароварда, бо масъалаҳои бо кор таъмин намудани на танҳо бекорон, балки касоне, ки хоҳиши ихтисоси худро дигар кардан доранд, машғул мешавад; талабот ва пешниҳоди қувваи кориро дар минтақаҳои гуногуни мамлакат ва ҷаҳон меомӯзад; бо масъалаҳои тайёр ва азнавтайёркунии кадрҳо сарукор дорад. Хадамоти давлатии шуғл бояд дорои фонди зарурии шуғл бошад (барои расондани ёрии пулию молӣ ба бекорон, ташкили фаъолияти босамари худи Хадамот). Хадамоти давлатии шуғл аз ҳисоби маблағгузаронии ҳатмии суғурта аз бекористии корхонаҳо, ташкилот ва муассисаҳо (новобаста ба шакли моликият ва хоҷагидорӣ), инчунин маблағҳои бадастовардаи хадамот аз ҳисоби хидматрасонии пулӣ ва маблағҳои ихтиёран супоридаи корхонаҳо ва аҳолӣ ба вуҷуд меояд.

Вазифаи Биржаи меҳнатиро дар Тоҷикистон Вазорати меҳнат ва ҳифзи Ҷумҳурии Тоҷикистонимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии ҳифзи Ҷумҳурии Тоҷикистони моӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират ба уҳда доранд. Ҳарчанд дар даврони истиқлол сохтори Вазорат борҳо тағйир ёфт, вале масъалаҳои татбиқи сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистонимоии давлат дар соҳаҳои меҳнат, шуғл, муҳоҷират, ҳифзи Ҷумҳурии Тоҷикистонимоии аҳолӣ ва таълими калонсолони Тоҷикистон бар зиммаи вай боқӣ мондаанд. Ҳукумат ба се ҷанбаи асосии муносибатҳои меҳнатӣ, яъне мусоидат ба таъмини аҳолии қобили меҳнат бо шуғли муносиб, танзими воқеии муносибатҳои байни корфармо ва корманд, баланд бардоштани музди меҳнат эътибори ҷиддӣ медиҳад. Бо мақсади бо ҷойи кори муносиб таъмин намудани аҳолии қобили меҳнат тавассути барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ ҷойҳои нави кор таъсис дода мешаванд. Инчунин шабакаи марказҳои таълими калонсолон ташкил шудааст, ки аз рӯйи 48 касбу ихтисоси ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ мутахассис тайёр мекунад. Барои ташкили фаъолияти инфиродии меҳнатӣ додани қарзҳои хурди имтиёзнок яке аз тадбирҳои муҳиммест барои паст намудани шиддати бекорӣ.

Танзими бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ самти афзалиятноки сиёсати ҳар як давлат аст. Бо мақсади мутобиқати захираҳои меҳнатӣ ба талаботи бозори меҳнат ва барои баланд бардоштани сифати таълими калонсолон, қонеъ гардондани талаботи шаҳрвандон бо таълими иловагӣ ва мусоидат намудан ба баландшавии сатҳи машғулият соли 2007 дар назди вазорат Агентии давлатии ҳифзи иҶумҳурии Тоҷикистони моӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират таъсис ёфта, мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон(аз 3. 03. 2007, № 102) Низомномаи Агентӣ тасдиқ шуд. Агентии мазкур мақомоти ҳокимияти иҷроия буда, вазифаҳои хидматрасонии давлатиро дар соҳаҳои ҳифзи иҶумҳурии Тоҷикистони моӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират амалӣ менамояд. Баробари қабули Қонуни ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «Дар бораи шуғли аҳолӣ» дар ҷумҳурӣ сиёсати шуғл, яъне худихтиёрии ҳар як шаҳрванди қобили меҳнат дар институтихоби кори мувофиқ, мизони ҳуқуқӣ пайдо намуд. Дар Тоҷикистон ҳеч гуна ҷазодиҳии маъмурию давлатӣ барои беко­рӣ вуҷуд надорад.

Содироти неруҳои корӣ ба хориҷи кишварро низ Агентӣ амалӣ мекунад. Якҷо бо Агентӣ бо масъалаи пайдо ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолии бекормонда корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикхориҷакор»-и Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҶумҳурии Тоҷикистонимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонниз машғул аст. Он дорои се намояндагӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом ва Истаравшан мебошад, ки онҳо низ ба шаҳрвандон барои дарёфти кор дар хориҷи кишвар мусоидат менамоянд. Аз тарафи ин мақомот, дар доираи барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ, ҳар замон теъдоди муайяни бекорон ба корҳои ҷамъиятии бамузд, бозомӯзӣ ва такмили тахассус ҷалб мегарданд (дархости корфармоёнро низ ба назар мегиранд). Ташкили ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ роҳи дигари бо кор таъмин намудани бекорон аст.

Агентӣ бо дар назар доштани вазъияти воқеии бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар мамлакат ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон«Дар бораи шуғли аҳолӣ» се маротиба тағйиру иловаҳо ворид кард (с-ҳои 1993, 1996, 1998). Дар шабакаи умумиҷаҳонии Интернет саҳифаи махсуси иттилоотии Вазорат ба забонҳои русӣ ва англисӣ фаъол аст, ки дар он оид ба «Ҳолати бозори меҳнат ва шуғл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ҳолати иҶумҳурии Тоҷикистони моӣ меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Бозомӯзии аҳолии калонсол» ва ғ. маълумот ҷой дода шудаанд.