Jump to content

Биёбони регзори калон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Биёбони регзори калон (англ. Great Sandy Desert) — биёбон дар шимолу ғарби Австралия. Масоҳаташ 360 ҳазор км2.

Баландиаш ба ҳисоби миёна 400—500 м. Қисми зиёдаш аз қатортеппаҳои регзор (аксар то 10-12 м) иборат аст, ки онҳоро ҳамвориҳои шӯрзамину гилӣ аз ҳам ҷудо мекунанд. Қӯлҳои шӯри муваққатӣ бисёранд. Биёбони регзори калон — яке аз гармтарин ҷойҳои Австралия аст; ҳарор. миёнаи тобистон (дек. — февр.) — 35°С, зимистон — 20-15°С. Тобистон бодҳои мавсимии истивоӣ бориши кам меоранд. Боришоти солона-аз 200 то 450 мм. Зуд-зуд хушксолӣ рух дода, баъзан чандин сол паси ҳам давом мекунад. Набототаш асосан гиёҳҳои хӯшадор (спинифекс), ақоқиё ва эвкалиптҳои резапоя. Биёбон сокинони муқимӣ надорад ва кам таҳқиқ шудааст.