Блонский, Павел Петрович

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Блонский, Павел Петрович
Blonsky P P.jpg
Санаи таваллуд:

26 май 1884(1884-05-26)

Зодгоҳ:
Санаи марг:

15 феврал 1941(1941-02-15)[1][2] (56 сол)

Маҳалли марг:
Мамлакат:
Фазои илмӣ:

фалсафа, равоншиносӣ ва Педагогика

Ҷойҳои кор:
Дараҷаи илмӣ:

Doktor Nauk in Pedagogy[d]

Алма-матер:
Commons-logo.svg Блонский, Павел Петрович дар Викианбор

Па́вел Петро́вич Бло́нский (14 (26) май 1884, Киев — 15 феврали 1941, Маскав) — равоншинос ва педагоги рус.

Зиндагинома[вироиш]

Баъди хатми Университети Маскав (1907) дар муассисаҳои таълимии миёна ва олии Маскав, аз ҷумла дар Университети Маскав, Университети А. Л. Шанявский, Институти педагогикаи илмӣ, Институти равоншиносӣ кор кардааст. Яке аз ташкилкунандагони Академияи тарбияи Ҷумҳурии Тоҷикистони моӣ (минбаъд Академияи тарбияи коммунистии ба номи Н. К. Крупская). Муаллифи зиёда аз 200 асар оид ба фалсафа, педагогика ва равоншиносӣ. Асарҳои пешазинқилобии Блонский хусусияти таърихию фалсафӣ ва таърихию педагогӣ доштанд. Ақидаҳои педагогии Блонский дар асараш «Вазифаҳо ва методҳои мактаби халқӣ» (1916) инъикос ёфтаанд, ки дар он зарурати дар асоси донистани қонуниятҳои инкишофи кӯдак ва эҳтироми шахсияти ӯ ташкил намудани таълиму тарбия таъкид гардидааст. Дар солҳои аввали баъди инқилоб бозсозии илми педагогикаро аз мавқеи марксистӣ асоснок кард ва асосҳои мактаби меҳнатии политехникӣ: алоқаи ногусастании таълими меҳнат бо маълумоти умумӣ, алоқаи мазмуни маълумот бо вазъи илм, меҳнати мулоҳизакоронаи зарурӣ ва ғайраро таҳия намуд («Мактаби меҳнатӣ», 1919). Дар миёнаи солҳои 20 а. 20 масъалаҳои хусусиятҳои фардӣ ва синнусолии бачагонро омӯхт. Дар китоби «Очеркҳои психологӣ» (1927) дар бораи пайдоиш ва инкишофи ҳаёти рӯҳӣ тезиси аҷиберо пешниҳод карда, онро ҳамчун дараҷаҳои мухталифи фаъолияти рӯҳӣ маънидод намуд. Таҳқиқоти ӯ роҷеъ ба тафаккур, нутқ, хотира, эҳсос, инчунин робита­ҳо ва таъсироти мутақобилаи равандҳои рӯҳӣ аҳаммияти махсус доштанд («Хотира ва тафаккур», 1935; «Инкишофи тафаккури мактаббача», 1935 ва диг.). Масъалаҳои тарбияи ҷинсӣ («Очерки шаҳватпарастии кӯдакон», 1935), тарбияи ахлоқӣ ва ғайраро таҳқиқ намуд.

Осор[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Петровский А. В. История советской психологии. — М., 1967.
  • Никольская А. А. Значение П. П. Блонского в истории психологии // Вопросы психологии. — 1985. — № 1. — С. 121—125.
  • Наумов Н. Д. П. П. Блонский: философ и педагог // Известия Уральского государственного университета. — 2003. — № 27. — С. 97-107.
  • Гурова С. И. П. П. Блонский как философ // Компаративное видение истории философии. — СПб., 2008. — С. 129—139.
  • Danilchenko M. G.  Pavel Petrovich Blonsky (1884—1941) // Prospects: the quarterly review of comparative education. — Paris: UNESCO: International Bureau of Education, 1993. — Т. XXIII, № 1/2. — С. 113—124.

Сарчашма[вироиш]