Блэкетт, Патрик Мейнард Стюарт
англ. Patrick Maynard Stuart Blackett, Baron Blackett | |
Таърихи таваллуд | 18 ноябр 1897[1][2][3][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 13 июл 1974[1][3][4][…] (76 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | физик |
Ҷойҳои кор | |
Алма-матер | |
Роҳбари илмӣ | Эрнест Резерфорд |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Патрик Мейнард Стюарт Блэкетт, барон Блэкетт (англ. Patrick Maynard Stuart Blackett, Baron Blackett; 18 ноябри 1897, Лондон — 13 июли 1974, Лондон) — физикдони англис. Барандаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи физика (1948).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Блекетт баъди хатми коллеҷҳои баҳрии шоҳии Осборн ва Дартмут солҳои Ҷанги якуми ҷаҳонӣ дар вазифаи гардемарин дар киштии «Карнарвон» хидмат карда, соҳиби унвони лейтенант шуд. Соли 1918 ба омӯзиши физика дар Университети Кембриҷ оғоз кард. Аз соли 1921 дар лаб. Кавендиши Университети мазкур — маркази пешқадами омӯзиши радиоактивият ва сохти атом таҳти роҳбарии Э. Резерфорд кор карда, дар камераи Вилсон табиати маҳсулоти ниҳоии таъсири мутақобилаи байни алфа-зарра ва атомҳои нитрогенро омӯхт. Блэкетт нишон дод, ки дар натиҷаи бархӯрди алфазарра ва атоми нитроген ҳастаи гидроген (протон) ва изотопи оксиген ба вуҷуд меояд. Соли 1932 якҷо бо физикдони итолиёӣ Ҷ. Окялини ба омӯзиши нурҳои кайҳонӣ шурӯъ карда, бо ёрии камераи Вилсон ва ду ҳисобкунаки Гейгер изҳои позитронро ошкор кард. Бо ҳамин кашфи позитронро, ки чанд моҳ қабл физикадони амрикоӣ К. Д. Андерсон пешгӯӣ карда буд, собит намуд. Инчунин муқаррар кард, ки позитрон бо электрон ҷуфтҷуфт (ба таври «села») ба амал меоянд. Солҳои 1935-37 дар Кумитаи Тизард кор кардааст. Аз соли 1937 профессори. Университети Манчестер. Солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ оид ба такмили бомбаандозӣ, низомҳои радарӣ, аслиҳаи зиддикиштӣ кор кардааст. Аз соли 1953 дар факултети физикаи Империал-коллеҷи илмӣтехнологӣ фаъолият дошт, аз соли 1955 декан он оид ба илм буд. Аз соли 1963 мушовири ҳизби лейбористӣ оид ба илму техника, соли 1965 Президенти Ҷамъияти шоҳии Лондон буд. Блэкетт бо медалҳои шоҳӣ ва Коплии Ҷамъияти шоҳии Лондон ва дигар медалҳо сарфароз гардидааст. Соли 1969 ба унвони пэри якумра — барон Блэккет сазовор гаштааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ Encyclopædia Universalis (фр.) — Encyclopædia Britannica, 1968.
- ↑ 3.0 3.1 Lundy D. R. The Peerage (ингл.)
- ↑ Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ Блэкетт Патрик Мейнард Стюарт // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ Математическая генеалогия (ингл.) — 1997.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Блэкетт Патрик Мейнард Стюарт / Н. Салимов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
Ин мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 18 ноябр
- Зодагони соли 1897
- Зодагони Лондон
- Даргузаштагони 13 июл
- Даргузаштагони соли 1974
- Даргузаштагони Лондон
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Барандагони Ҷоизаи Нобел дар бахши физика
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо
- Мақолаҳои хурд дар бораи донишмандон
- Олимони Британиёи Кабир
- Олимони асри XX