Бобаки Хуррамдин
Бобаки Хуррамдин | |
---|---|
Зодрӯз | 1 июл 798 |
Таърихи даргузашт | январи 838 (39 сол) |
Мансубият | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Бобàки Хуррамдин (форсӣ: بابک خرمدین; 1 июл 798, Ардабил — январи 838, Сомарро[d], Вилояти Салоҳаддин) — раҳбари муборизони эронӣ алайҳи султаи Хилофати Аббосӣ ва аз пайравони ойини Хуррамдин.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Мазҳаберо бо номи дини хуррам поягузорӣ кард. Дар ҷавонӣ Бобак аввал чӯпон буд ва баъд бо ҳаракати хуррамиён алоқа барқарор намуда, пас аз кушта шудани Ҷовидон, ки сарвари ҷунбиш буд, роҳбари он гардид. Тарафдорони Бобаки Хуррамдин пироҳани сурхранг мепӯшиданд ва ба ин сабаб қиёми онҳоро шӯриши «Сурхҷомагон» номидаанд. Бобаки Хуррамдин мехост дини Маздакро аз нав эҳё намояд (дохил шудани зоти Худованд дар бадани анбиё). Вай худро намоди (рамзи) рӯҳи ҷовидон медонист. Шӯриши Бобаки Хуррамдин бар зидди ҳукумат, созмони девон, заминдорон ва соҳибони иқтаҳо, ки ҳеч инсофу шафқат ба мардум надоштанду халқ аз пардохти ҷизя ва хироҷ ба дод омада буд, шурӯъ шуд.
Шӯриши хуррамдинон
[вироиш | вироиши манбаъ]Қиёми Бобаки Хуррамдин с. 817 дар Озарбойҷон ва атрофи рӯди Арас оғоз гардид. Ӯ бо ҷонибдоронаш давоми 24 сол бо лашкари араб мубориза бурд. Аз ҷумла фармондеҳони воломақоми халифаҳои Аббосиён — Маъмун ва Муътасимро аз байн бурд. Ҳамаи ситамдидагон ба қиёми Бобаки Хуррамдин ҳамроҳ шуданд. Мутаассифона, байни онҳо роҳзанону аз зиндон раҳоёфтагон низ буданд, ки боиси мусодираи амвол, шиканҷа, қатли заминдорон, ғорати деҳқонони бузург ва ҳатто куштори занону кӯдакони бегуноҳ гаштанд. Бо чунин нерӯ Бобаки Хуррамдин сабаби ваҳшати хилофати Аббосиён дар тамоми Озарбойҷон шуд. Ҳар шаҳреро, ки Бобаки Хуррамдин бо набард тасхир кард, ш. Бобак номиданд. Барои фурӯ нишондани қиёми Бобаки Хуррамдин Яҳё ибни Маъоз (волии Арманистон) бо лашкари фаровоне кӯшид, аммо аз уҳдаи шикаст додани шӯриши ӯ набаромад. Волии Озарбойҷону Арманистон Исо ибни Муҳаммад (820—821) низ дар набардҳои зидди Бобаки Хуррамдин шикаст хӯрд. Халифа Маъмун волии Хуросон Абдуллоҳ ибни Тоҳирро барои пахши ин шӯриш фиристод, вале ноком шуд. Халифаи ҳаштуми Аббосиён — Муътасим (832), ки баъди Маъмун ба тахти хилофат нишаста буд, муборизаро алайҳи Бобаки Хуррамдин оғоз кард. Халифа лашкаркаши эронинажоди навмусулмони худ Афшин ибни Ковусро, ки аз Усрушанаи Суғд буд, бо лашкари анбӯҳ ба набарди Бобаки Хуррамдин фиристод (836). Афшин се сол баъд Баззро муҳосира намуда, тадбире андешида ба Бобаки Хуррамдин бо ваъдаҳое дар густариш ва ҳифзи ойини куҳани аҷдодӣ номаҳои дӯстона навишт ва ӯро ба тарки қалъа водор сохт. Афшин қалъаро гирифт ва Бобаки Хуррамдин ба Арманистон фирор кард. Шоҳзодаи Арманистон Саҳл ибни Синдбод, бо исрори фиристодагони халифа, Бобаки Хуррамдинро таслими душманон кард. ӯро ба тахтгоҳи халифаи Аббосиён — Сомарро (наздики Бағдод) оварда ба қатл расонданд (янв. 839/840). Бо қатли Бобаки Хуррамдин шӯриши хуррамдинон саркӯб шуд ва наҳзати онҳо аз байн рафт.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бобаки Хуррамдин / Ҳамза Камол // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- بیهقی ابوالفضل محمدبنحسین. تاریخ بیهقی. مشهد،۱۳۸۳هـ. ش؛
- رضای عبدالعظیم. تاریخ دههزارسالۀایران. ج۲. تهران،۱۳۶۸؛
- زرینکوب عبدالحسین. تاریخ ایران ازآغازتاسقوط سلطنت پهلوی. تهران،۱۳۸۳هـ. ش