Ҳайдар ибни Ковус
ар. الأفشين بن كاوس حيدر | |
Таваллуд |
асри VIII |
Даргузашт |
841 |
Падар | Ковус ибни Хорохуруҳ |
Рутба | генерал |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ҳайдар ибни Ковус (ар. الأفشين بن كاوس حيدر; асри VIII, Мулки Истравшан — 841, Сомарро[d], Вилояти Салоҳаддин) — шоҳзодаи суғдӣ ва фармондеҳи кулли сипоҳи Аббосиён, ҳокими Усрӯшана (830—841), писари Ковус ибни Хорохуруҳ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳадар ибни Ковус дар замони вуруди мусалмонон ба Суғдзамин, ки яке аз тоҷикони[1][2][3][4] машҳур дар дастгоҳи хилофати Маъмун ва Муътасими Аббосӣ ҳам буд, шахсияте бисёр мармуз ва пурмоҷарое аст. Ва дар ҳоле ки бисёре аз муаррихон ва муҳаққиқон аз ӯ ба унвони як қаҳрамон ёд мекунанд, аммо дар ин миён пажӯҳишгароне ҳам ҳастанд, ки мӯътақиданд, Афшин ба хотири дарёфти саҳми худ дар ҳукумати Фарорӯди даврони Аббосиён, ҳозир ба ҳар гуна ҳамкорӣ бо Аббосиён буд.
Номи Афшин дар ғолиби манобеъ «Хайзар» омада ва Абӯтаммом низ дар шеъре, ки пас аз дастгирӣ ё қатли Афшин сурудааст, ҳамин номро оварда. (Табарӣ, 9/11). Дар порае дигар аз манобеъ, ин ном ба сурати «Ҳайдар» омадааст (Билозарӣ, 211) ва низ ба сурати «Кайдар» ҳам зикр шудааст, ва бино бар ин, эҳтимол дорад «Хайзар» арабишудаи «Кайдар» бошад. Дар манобеъи мавҷуд, ривояте, ки торихи таваллуди Афшинро таъйин кунад вуҷуд надорад. Вай бад-он сабаб, ки фарзанди писаре ба номи Ҳасан дошт (Табарӣ, 9/106-107) Абулҳасан куня гирифт.
Дуруст аст, ки унвони «Афшин»-ро акнун танҳо азони ӯ медонем, аммо дар воқеъ Афшин лақаб ва унвони умумии амирони Усрӯшана будааст. (Хаворазмӣ, 119) Ниёкони Афшин дар минтақаи Усрӯшана ҳама ба номи Афшин хонда мешудаанд. (Билозарӣ, 428, 431)
Мухолифати Афшин бо падар
[вироиш | вироиши манбаъ]Бино ба ривоёти торихӣ, муддате пас аз сулҳ миёни Ковус (падари Афшин) ва Маъмун, Ковус дубора сар ба мухолифат бардошт, аммо фарзандаш Афшин ба Бағдод рафт ва халифаро ба фатҳи Усрӯшана барангехт ва зимнан роҳи осони вуруд ба шаҳрро ба ӯ нишон дод. (Билозарӣ, 430; Қуддома, 412). Ривояти Билозарӣ нишон медиҳад, ки Афшин пеш аз ин иқдом, бо падараш ихтилоф дошта ва ҳатто муддате, пинҳон аз ӯ мезиста ва пеш аз омадан ба назди Маъмун ба дини ислом гаравида будааст. Албатта, бархе аз пажӯҳишгарон мӯътақиданд, ки исломи Афшин зоҳирӣ ва сурӣ (шаклӣ) буда ва ӯ то охир ба ойини ислом нагаравида будааст. Ба ҳар ҳол, лашкаре гарон ба саркардагии Аҳмад ибни Абӯхолид аз сӯйи Маъмун бо таваҷҷуҳ ба роҳнамоии Афшин, ба Усрӯшана юриш овард. Гарчӣ Ковус аз Ҳайтолиён ёрӣ талабид, аммо саранҷом ночор ба таслим шуд ва ба Бағдод рафт. Дар онҷо бино бар сиёсати Маъмун дар бораи наҷибзодагони Хуросон — ки эшонро мутеъ мекард ва менавохт ва ҳатто бар зодгоҳҳои худ фармонравоӣ медод — мавриди навозиш қарор гирифт. Ин равиш мӯҷиб шуд, ки ба тасреҳи манобеъ, бештари лашкариёни хилофат дар он замон аз аҳолии Фарорӯд бошанд. (Билозарӣ, 431) Ба ҳар ҳол, Маъмун дар иҷрои сиёсати ёдшуда Ковусро бар минтақаи Усрӯшана ҳоким гардонид ва Афшинро низ ҷонишини ӯ қарор дод. Ривоёти Билозарӣ (с.425) ва Қуддома (с.408), ки гӯё умдаи матолиби худро аз Абӯубайда Муъаммар ибни Мусанно гирифтаанд, бисёр мухтасар аст ва тасвири рӯшане аз сабаби ихтилофи Афшин ва падараш ба даст намедиҳад, аммо аз он достон метавон ҳадс зад, ки эҳтимолан Фазл бародари Афшин назди падар ҷойгоҳи баландтаре дошта ва ҷонишини ӯ будааст. Аммо Афшин ба сабаби ҳамкорӣ бо Маъмун, ҷонишинии падарро ба даст овард ва то поёни зиндагӣ мақоми хешро дар Фарорӯд ҳифз кард ва бо мардуми минтақа иртибот дошт.
Афшин дар дарбори Маъмун
[вироиш | вироиши манбаъ]Пас аз сулҳи Ковус бо Маъмун, Афшин бо он ки ҷонишини падар шуда буд, аммо дар дарбори Маъмун ҳузури мустамир дошт. Зеро муқорини саркӯби шӯриши Ибни Оиша дар ҳудуди соли 210 ҳ.қ, аз ҳузури Афшин дар ҷамъи фармондеҳони аршад ёд шудааст. (Ибни Абӯтоҳир, 96) Дар ҳудуди соли 215 ҳ.қ (830 милодӣ) ҳам, ки гурӯҳе аз аъроб ва қибтиёни Миср сар ба шӯриш бардоштанд, он андоза эътимод ба Афшин вуҷуд дошт, ки халифа ӯро ба саркӯби онҳо гусел кард. Афшин дар зиқаъдаи 215 ҳ.қ. ба Миср омад ва ба фурӯ нишондани шӯриш машғул шуд. Вай ба як-яки шаҳрҳои шӯришӣ лашкар кашид ва ҳамаро саркӯб ва сипас дар Искандария ҷойгоҳ гирифт, то халифа худ ба Миср расид. (Яъқубӣ, 2/465; Табарӣ, 8/625, 627; Ибни Асир, 6/420-421)
Афшин ва шӯриши Бобак
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар соли 220 ҳ.қ. (835 милодӣ) дар рӯзгори хилофати Мӯътасими Аббосӣ (бародари Маъмун), маъмурияти Афшин барои саркӯби шӯриши Бобаки Хуррамдин пеш омад. Комёбии Афшин дар ин маъмурият, аз сӯйе мояи шавкати ӯ ва аз сӯйи дигар мӯҷиби шигифтӣ шуд. Ҷунбиши Бобак дар ноҳияи Озарбойҷон аз ҳудуди соли 200 ҳ.қ. (816 милодӣ) оғоз шуд. Ва лашкариёни халифа ҳамвора аз саркӯби ҷунбиши ӯ нотавон буданд. (Масъудӣ, 4/352). Дар ҷумодиулаввал соли 220 ҳ.қ. (июни 835 милодӣ), Афшин дар симати фармонравоии Озарбойҷон аз сӯйи Мӯътасими Аббосӣ, маъмури саркӯби Бобак шуд. (Яъқубӣ, 2/473; Ибни Аъсам, 8/344). Супурдани чунин маъмурияте ба Афшин метавонист барои Аббосиён мояи дарди сари бисёр шавад. Зеро бештари лашкариёни Афшин аз аҳолии Фарорӯд буданд (Табарӣ, 9/42, 49) ва иттиҳод миёни Афшин ва сипоҳиёни Бобак қатъан пояҳои хилофати Аббосиро ба ларза меафканд, чунон ки намунаи мушобеҳе солиёни баъд дар моҷарои байъат бо Аббос ибни Маъмун пеш омад. Бинобар ин, метавон гуфт, ки Аббосиён ба сабабе, ки маълум нест, дастикам то ин замон ба сарсупурдагии Афшин итминон доштаанд. Ба ҳар ҳол, Афшин бо сипоҳ равони Озарбойҷон шуд. Ва нахуст дар ноҳияи Барзанд урду зад ва сипас ба сохт ва таҳияи истеҳкомоти низомӣ пардохт ва баъзе аз фармондеҳони аршадро ба нуқоти дигар гусел кард. Дар нахустин даргириҳо, Афшин комёбиҳое касб кард. Ва дар соли 221 ҳ.қ. тавонист яке ду тан аз муттаҳидони Бобакро саркӯб кунад. (Табарӣ, 9/27) Доманаи набард бештар ба сабаби номусоъид будани ҳаво ва вазъи минтақа, ба миёнаҳои соли 222 ҳ.қ низ кашид ва шояд бад-ин сабаб Аббосиён ба Афшин бадгумон шуданд ва бим доштанд, ки миёни ӯ ва Бобак иттиҳоде сурат гирад. Ба ҳар ҳол, саранҷом дар рамазони 222 ҳ.қ Афшин тавонист бо фатҳҳои гом ба гоми худ, ба қалъаи Баз, ҷойгоҳи Бобак, даст ёбад, аммо Бобак аз маърака ба сӯйи Арманистон гурехт ва дар марғзоре пинҳон шуд. Афшин аз тариқи ҷосусони худ, аз ниҳонгоҳи вай огоҳӣ ёфт ва онҷоро ба муҳосира даровард. Нахустин ҳила барои дастгирии Бобак, ироаи амонномае аз сӯйи Мӯътасим буд, аммо Бобак напазируфт, то саранҷом бо ҳилаи Саҳл ибни Сунбот ал-Арманӣ, ки ба Бобак паноҳ дода буд, дастгир шуд. (Табарӣ, 9/31, 44/49) Аз бархе ривоёти торихӣ чунин бармеояд, ки рафтори Афшин бо Бобак дар замони асорати ӯ бузургворона будааст. Афшин дар ҳоле ки Бобак ва ёрони аслии ӯро ба асорат дошт, дар 3-уми моҳи сафари 223 ҳ.қ. ба шаҳри Сомирро ворид шуд. (Табарӣ, 9/52) Саркӯби Бобак ба дасти Афшин чунон халифаро хушнуд кард, ки гуфтаанд, бар сари ӯ тоҷ ниҳод ва ҷавоҳир ва амволи бисёр ба ӯ бахшид. Чанд тан аз шоирони дарбори Аббосӣ ва аз ҳама бештар Абӯтаммом, дар мадҳи Афшин ва ситоиш аз ин фатҳ, ашъори бисёр сурудаанд, ҳатто Абӯтаммом ӯро бо Фаридун дар қиёс овард. (Ибни Фақеҳ, 555)
Ҳароси халифа аз фузунии эътибор ва ҷойгоҳи Афшин
[вироиш | вироиши манбаъ]Андаке пас аз саркӯби Бобак, фармонравои Рум ба манотиқе аз Шом ҳуҷум овард. Ин бор халифа барои раҳоӣ аз шарри фармонравои Румиён — ки гуфтаанд, ба таҳрики Бобак даст ба таҳаррукоте мезад — худ фармондеҳии кулли лашкарро ба уҳда гирифт ва Афшинро зердасти хеш қарор дод. Зеро шукӯҳи Афшин ба вижа пас аз саркӯби Бобак, рӯ ба фузунӣ ниҳода буд. (Табарӣ, 9/57) Ба ҳар ҳол, халифа Амурияро фатҳ кард ва Афшин ҳам фармонравои Румро шикаст ва фармонраво аз баробари Афшин — ки шояд метавонист ӯро дастгир кунад аммо мегуфт: «Ӯ подшоҳ аст ва подшоҳон риояти якдигарро мекунанд» (Масъудӣ, 4/358) — гурехт. Мулоҳизаи бархе нукот дар лобалои гузоришҳои торихӣ чунин нишон медиҳад, ки бархе аз наздикони Афшин дар лашкари халифа, дар варои ин ҷангу гурезҳо, дар пайи ҳадафи хоссе будаанд ва дастикам як ҳодиса нишон дод, ки ҳузури шахси халифа дар ин лашкаркашӣ бе далел набудааст. Тибқи ривоятҳо, зоҳиран ҳатто пеш аз фатҳи Амурия, шумори бисёре аз лашкариёни халифа бо Аббос ибни Маъмун — ки иддаъои хилофат дошт ва аз оғози зимомдории Мӯътасим бархе аз бузургони лашкар ба ӯ тамоюл нишон медоданд — ба хилофат байъат карда буданд (Табарӣ, 9/66) ва қасд доштанд, дар фурсате муносиб, халифа ва дигар бузургони лашкар чун Ашноси турк — рақиби Афшинро ба қатл расонанд. (Табарӣ, 9/72) Ҳамроҳони аслии ин тавтиъа бештар аз аҳолии Фарорӯд ва аз наздикони Афшин буданд ва бо он ки нақши ошкоре аз Афшин дар ин тавтиъа дида намешавад, аммо баъид ба назар мерасад, ки бидуни ҳамоҳангӣ бо ӯ, тарҳрезӣ шуда бошад. Саранҷом рози тавтиъа бармало шуд ва Аббос — ки Мӯътасим ӯро таҳти ихтиёри Афшин қарор дода буд — ва сипас дигар саркардагон низ ҳар як ба наҳве ҳалок шуданд. Қатли бештари саркардагони лашкар — ва ғолибан аҳолии Фарғона — мӯҷиби нотавон шудани нерӯҳои тарафдори Афшин шуд ва метавон гуфт, ки уфули шавкати ӯ аз ин ҳангом оғоз гардид.
Иқдомоти Мӯътасим алайҳи Афшин
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз ҳудуди соли 224 ҳ.қ. (839 милодӣ), ки Мӯътасим ба Сомирро бозгашт, барои костан аз шукӯҳ ва шавкати Афшин ва саранҷом ҳазфи ӯ, даст ба иқдомоте зад. Ҷузъиёти ин иқдомот дар манобеъи торихӣ ба тафсил зикр шудааст. Нахуст бояд ба қиёми Мозёр — деҳқони ноҳияи Табаристон — ишора кард, ки аз пардохти хароҷ ба Абдуллоҳ ибни Тоҳир, ҳокими Хуросон, худдорӣ варзид. Тибқи нақли торихнигорон, гӯӣ дар ин кор, таҳрики Афшин беасар набудааст. Зеро Афшин аз дербоз тамаъ дар вилояти Хуросон дошт ва чун эҳсос кард, ки равобити Абдуллоҳ ибни Тоҳир бо халифа чандон хуб нест, Мозёрро ба қиём хонд ва мепиндошт, ки чун Абдуллоҳ ибни Тоҳир аз саркӯби Мозёр фурӯ хоҳад монд, халифа ӯро ба ноҳия гусел хоҳад кард. Баъдҳо низ чунон ки манобеи торихӣ мегӯянд, вақте Афшинро бо Мозёр рӯ ба рӯ карданд, Мозёр ба мукотибаи бародари Афшин бо бародари худ иқрор кард. (Табарӣ, 9/109; Масъудӣ, 4/359) Моҷарои адоват миёни Афшин ва Абӯдулафи Иҷлӣ — ки душманӣ миёни он ду аз замони ҷанги Бобак оғоз шуда ва гуфтаанд, Афшин қасди ҷони ӯ карда буд — ва дасти Аҳмад ибни Абӯдовуд дар ин қазия, дар беэътимодии халифа ба Афшин муассир афтод. (Абулфараҷи Исфаҳонӣ, 8/250-251; Байҳақӣ, 213). Ҳамчунин дар соли 224 ҳ.қ. (839 милодӣ) Манкҷур — яке аз фармонравоёни Афшин ва бародарзани ӯ ва ноиби Афшин дар Озарбойҷон, бар халифа шӯрид ва Афшин низ яке аз фармондеҳони суғдии худ, Абуссоҷро ба муқобилаи ӯ фиристод, аммо халифа Манкҷур ва Абуссоҷ ҳар дуро олати дасти Афшин дар шӯриш бар зидди худ медонист ва барои маҳви ӯ даст ба кор шуд ва дар нахустин иқдом, Афшинро аз шуғли фармондеҳии нигаҳбонон (ҳарас) азл кард. (Табарӣ, 9/103)
Афшин қасди ҷони халифа мекунад
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар 4 зиқаъдаи соли 225 ҳ.қ. Афшин халифаро ба хонаи муҷаллали худ дар Сомирро даъват кард. Халифа бо шуморе аз сипоҳиёни худ равона шуд. Ба ривояти Ибни Исфандиёр, Афшин касонеро дар паси парда гузошта буд, ки «то чун Мӯътасим фурӯ нишинад, аз ҷавониб дароянд ва шамшер дар ӯ банданд.» (с.220) Гуфтаанд, ки Афшин хабари чунин тавтиъаеро ба иттилоъи Мозёр расонида, ва Абдуллоҳ ибни Тоҳир иқрори Мозёрро ба ин мавзӯъ ба шитоб ба халифа огаҳӣ дода буд. Бинобар ин, халифа Афшинро дар дам дастгир кард ва дастур дод, хонаи ӯро оташ зананд ва амволро ба ғорат баранд. Афшинро даст баста ба зиндон бурданд, «то Мозёр расид.» (Ибни Исфандиёр, 220—221) Аммо ривояти Табарӣ нишон медиҳад, ки Мӯътасим дар нимашаб аз қасди фирори Афшин ба Фарорӯд огоҳӣ ёфт ва дар ҳамон ҳангом дастур дод, то ӯро ба ҳузур оварданд ва сипас ба зиндон бурданд. (Табарӣ, 9/195-106)
Муҳокимаи Афшин
[вироиш | вироиши манбаъ]Дуруст як рӯз пас аз дастгирии Афшин, халифа ҷаласаи муҳокимае бо ҳузури наздикони худ ба риёсати Муҳаммад ибни Абдулмалики Зайёт ташкил дод ва Мозёрро низ, ки андаке пеш ба Сомирро ворид шуда буд, ба ҳамрҳи чанд тани дигар ҳозир карданд. (Табарӣ, 9/197) Иттиҳомоте, ки дар ин маҷлиси муҳокима бар Афшин ворид шуд, бисёр ҷолиб аст; ба вижа ки яке аз муддаъиён як мӯбади тозамусалмон буд. Ба Афшин гуфта шуд, ки чаро дар хонаи худ китобе ороста ба гавҳарҳо — киноя аз асаре аз ғайри мусалмонон — нигаҳ медорад. Сипас мӯбади тозамусалмон гувоҳӣ дод, ки Афшин гӯшти ҳайвони хафакарда (ва на ба тариқи исломӣ забҳшуда) мехӯрда ва суннати хатна бар ӯ амал нашудааст. Он гоҳ гуфта шуд, ки аҳолии Усрӯшана дар номаҳои худ ба Афшин, вайро чунон хитоб мекардаанд, ки гӯӣ дар мартибаи худоӣ аст. Сипас Мозёрро пеш оварданд. Гарчӣ Афшин инкор кард, ки ӯро мешинохта ё бо ӯ мукотиба доштааст, аммо Мозёр гуфт, ки бародари Афшин — Хош — бо бародари Мозёр — Кӯҳёр — мукотиба карда, ва дар он зимни носазо ба Бобак, гуфта буд, ки бояд динро ба даврони «аҷам» бозгардонд. Ин гуфтугӯҳо дар ҳузури бузургони дарбор бо Афшин анҷом шуд ва ҳаминон ноқилони аслии он будаанд ва маълум нест, то чӣ поя метавон онҳоро ҳақиқат пиндошт. Ба ҳар ҳол, Афшин ба як-яки иттиҳомот посух дод, аммо равшан буд, ки ин маҷлис барои шунидани посухҳои ӯ фароҳам нашудааст. Ва саранҷом низ Буғойтурк — яке аз саркардагони дастгоҳи хилофат, Афшинро бо хорӣ берун бурд ва зиндонӣ кард. (Табарӣ, 9/107-110) Афшин дар муддате, ки маҳбус буд, кӯшид дубора назари Мӯътасимро ҷалб кунад, аммо суде набахшид ва пас аз ҳудуди 9 моҳи ҳабс, дар моҳи шаъбони соли 226 ҳ.қ. (июни 841 милодӣ) шояд ба сабаби гуруснагӣ ё ҳатто заҳр ҳамонҷо аз пой даромад. Ҷанозаи ӯро нахуст барои боздиди умум ба дор кашиданд ва сипас сӯхтанд ва хокистари он ба дарёи Диҷла рехтанд. (Яъқубӣ, 2/478; Табарӣ, 9/113-114; Ибни Ҷавзӣ, 11/112; Нувайрӣ, 22/258)
Афшин чӣ мехост?
[вироиш | вироиши манбаъ]Шавкати Афшин дар дастгоҳи хилофати Аббосӣ, хадамоти ӯ ба ин хонадон ва сипас сарнавишти шуме, ки дар поён ёфт, мояи ҳайрати бисёр будааст. Дар ҳамон замон Қозӣ Аҳмад ибни Абӯдовуд дар гуфтугӯе бо халифа, Афшинро ба Абӯмуслими Хуросонӣ ташбеҳ кард (Динурӣ, 405). Муҳаққиқон, Афшин ва Бобаки Хуррамдин ва Мозёрро се шохаи як роҳ бо ҳадафи эҳёи рӯзгори бостонии Эрон қаламдод мекунанд. Тардид нест, ки дар он рӯзгор касоне — ба вижа онҳое, ки аз хонадони подшоҳон буданд — мекӯшиданд, то қудратро аз дасти арабҳо бозситонанд ва давлате марказӣ ҳамчун подшоҳии Сосониён барпо доранд (Зарринкӯб, 234) ё дастикам истиқлоли ноҳияи таҳти тасаллути худро, ки собиқаи он ба рӯзгори куҳан бозмегашт, ҳифз ва ё таҷдид кунанд. Ин гуфта ба Мозёр мансуб аст, ки: «Ман ва Афшин ва Бобак ҳар се аз дербоз аҳду байъат кардаем бар он ки давлат аз араб бозситонем ва мулк ва ҷаҳондорӣ бо хонадони кисравиён кунем…» (Ибни Исфандиёр, 220; Масъудӣ, 4/359; Ибни Ҷавзӣ, 11/111-112) Бо ин ҳама, чунон ки дидем, Бобак ба дасти Афшин саркӯб шуд ва ҳамкории ӯ бо Мозёр низ дар пардаи ибҳом аст. Бинобар ин, наметавон эшонро на аз ҳайси шеваҳо ва на аҳдоф ҳамсӯ дид. Албатта ин андоза дуруст аст, ки ин қиёмҳо ва талошҳо ранги зидди арабӣ дошт ва на лузуман зидди исломӣ, чунон ки вақте бародари Бобакро барои муҷозот ба дасти як эронӣ — аз ноҳияи Табаристон — супурданд, гуфт: «Худойро сипос, ки қатли ман ба дасти деҳқонзодае сурат мегирад!» (Табарӣ, 9/53) Ҳамчунин бо таваҷҷуҳ ба порае аз ривоёти торихӣ, аз ҷумлаи сабаби адоват миёни Афшин ва Абӯдулафи Иҷлӣ, душмании вай бо унсури араб ошкор аст. (Ҷоҳиз, 3/41; Ибни Халлакон, 1/82) Бо таваҷҷуҳ ба ин қароин, бархе муҳаққиқон ҳадс задаанд, ки Афшин ҳамчун Тоҳириён дар андешаи барпоии як давлати эронӣ будааст. Агар ин ривояти Табарӣ дуруст бошад, ки Афшин қасд дошт пас аз фирор аз маркази хилофат, дар билоди шимолии Эрон ва Фарорӯд дар миёни ақвоми гуногун ба таблиғи ислом бипардозад, метавон гуфт, ки вай шояд қасд доштааст, бо тамассук ба диёнати ислом, аҳдофи худро ба пеш бибарад ва тафовути аслии ӯ бо Тоҳириён дар ин буд, ки эшон «машрӯияти сиёсии» худро аз хилофат мегирифтанд. Бо вуҷуди сарнавиште, ки Афшин ёфт, силсилаи амирони Усрушана аз миён нарафт ва дастикам то соли 279 ҳ.қ. нишонаҳое аз ҳузури онон дар он минтқа дар даст аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Lewis,Bernard. «The Political Language of Islam», Published by University of Chicago Press, 1991. excerpt from pg 482: «Babak’s Iranianizing Rebellion in Azerbaijan gave occasion for sentiments at the capital to harden against men who were sympathetic to the more explicitly Iranian tradition. Victor (837) over Babak was al-Afshin, who was the hereditary Persian ruler of a district beyond the Oxus, but also a masterful general for the caliph.»
- ↑ Clifford Edmund Bosworth (Translator with Commentary), The History of al-Tabari Vol. 33 «Storm and Stress along the Northern Frontiers of the 'Abbasid Caliphate: The Caliphate of al-Mu’tasim A.D. 833—842/A.H. 218—227», SUNY Press, 1991. Footenote 176 on pg 59: «Abu Dulaf’s contigent of volunteers from lower Iraq would be mainly Arabs, and there seems in fact to have been hostility between him, as a representative of Arab influence at the caliphate court, and the Iranian Al-Afshin»
- ↑ P.B. Golden, «Khazar Turkic Ghulams in Caliphal Service», Journial Asiatique, 2004, vol. 292. pg 292:Some of the soldiers were slaves, others, such as al-Afshin, the scion of a ruling Central Asian (Ustrushana/Ushrusana) Iranian family, clearly were not".
- ↑ Mottahedeh, Roy, «The Abbassid Caliphate in Iran», Cambridge History of Iran, IV, ed. R.N. Frye, 57-89. 1975 pg 75:" Al Mu’atism chose for this task the Afshin, the Iranian king of Ushrusuna".
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Bosworth, C. E.: «The History of al-Ṭabarī, Volume XXXII: The Reunification of the ʿAbbāsid Caliphate. The Caliphate of al-Ma’mun, A.D. 812—833/A.H. 198—213». Albany, New York: State University of New York Press. ISBN 0-88706-058-7.
- Bosworth, C. E.: «Sectarian and national movements in Iran, Khurasan and Transoxania during Umayyad and early Abbasid times». 1998 — ISBN 92-3-103467-7.
- Bosworth C. E.: «Afšīn», Encyclopædia Iranica, I/6, pp. 589—591.
- Haldon, John: «The Byzantine Wars: Battles and Campaigns of the Byzantine Era». — Stroud, Gloucestershire: Tempus, 2001. — 160 p. — (Sutton Series). — ISBN 0-7524-1795-9.
- Minorsky, V.: «Studies in Caucasian history». Cambridge University Press, 1957.
- Treadgold, Warren T.: «A History of the Byzantine State and Society». Stanford, California: Stanford University Press. ISBN 0-8047-2630-2.
- Treadgold, Warren T.: «The Byzantine Revival, 780—842». — Stanford: Stanford University Press, 1988. — 504 p. — ISBN 978-0-8047-1462-4.
- de la Vaissière, E.: «Samarcande et Samarra. Elites d’Asie centrale dans l’empire Abbasside». Peeters, 2007.
- بیهقی ابوالفضل محمدبنحسین. تاریخ بیهقی. مشهد،۱۳۸۳هـ. ش؛