Jump to content

Бобои Қонунӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бобои Қонунӣ

Бобои Қонунӣ (форсӣ: بابای قانونی‎, садаи 16, Истаравшан — садаи 17) — оҳангсоз, навозанда, хонанда ва шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Зодгоҳаш Истаравшан. Санъати мусиқиро ибтидо дар зодгоҳаш аз амакаш, сипас дар Самарқанд аз устоди бузурги созу овоз Хоҷа Ҷаъфар Қонунии Самарқандӣ омӯхтааст. Фаъолияти ҳунарии Бобои Қонунӣ асосан дар Самарқанд вусъат ёфта, таҳти сарварии Хоҷа Ҷаъфари Қонунӣ санъати навозандагӣ ва диг. асосҳои назариявии мусиқиро аз бар намуд ва сабки хоссаи навозандагӣ пайдо кард. Ӯ хусусан дар навохтани қонун маҳорати баланд дошта, ба гурӯҳи калони навозандагону сарояндагон сарварӣ менамуд. Бобои Қонунӣ муддате дар дарбори Валимуҳаммади Аштархонӣ хидмат кардааст.

Асари калони «Савту-л-амал»-ро дар асоси зарби Нимсақил тасниф намуда, ба ӯ бахшидааст. Бобои Қонунӣ ҳамчун оҳангсоз дар Самарқанд ва берун аз он шуҳрати тамом пайдо кард. Ӯ барои сози қонун дар заминаи ашъори Ҳофиз, Саъдӣ, Ҷомӣ ва шоирони замонаш дар шаклу навъҳои мусиқии «Амал», «Савт», «Нақш», «Қавл», «Тарона», «Кор», «Саҷъ», «Рехта», «Куллиёт» асарҳо офаридааст. Мусиқидонони Бухорову Самарқанд ба тазминҳои мусиқии Бобои Қонунӣ дар ҳавои мақомҳои «Ироқ», «Бузург», «Ушшоқ» ва «Рост», ки дар назди аҳли созу овоз бо номҳои «Савти қонунӣ», «Амали қонунӣ», «Куллиёти Хоҷа Бобо», «Пешрави қонунӣ» машҳур буданд, назираҳои мусиқӣ сохтаанд. Бобои Қонунӣ табъи хуби шоирӣ ҳам доштааст ва ғазалро некӯ мегуфтааст. Дар Самарқанд вафот кардааст.

  • Дарвешалии Чангӣ. Рисолаи мусиқӣ. Р:468 — 1. ИШАИ Ӯзб.;
  • Донишномаи Шашмақом. Д., 2009;
  • .مشحون. تاریخ موسیقئ ایران. تهران، ۱۳۷۶.