Бобоюнус Худойдодзода
форсӣ: بابایونس خدایدادزاده | |
![]() | |
Таърихи таваллуд: | 5 март 1870 |
Зодгоҳ: | деҳаи Косатарош, бекигарии Балҷувон |
Таърихи даргузашт: | 25 май 1945 (75 сол) |
Маҳалли даргузашт: | деҳаи Чилча ноҳияи Темурмалик |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Бобоюнус Худойдодзода (форсӣ: بابایونس خدایدادزاده ; 5 март 1870 — 25 май 1945, Диловарон, ноҳияи Қизилмазор) — шоири халқии тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз падар ва амакаш, баъдан аз гӯяндагон ва гӯрӯғлихонони маъруф Мирзо Қурбон, Шукурмаст, Мирзои Хол, Нуралии Ҷириқ ҳунари гӯяндагиро омӯхт. Бобоюнус аввалин сароянда (гӯянда)-и достони «Шӯриши Восеъ» мебошад. Беки Балҷувон ӯро б арои сурудҳои шӯрангезаш таъқиб менамуд. Бобоюнус зодгоҳашро тарк намуда ба мардикорӣ рафт. Дар Самарқанд, Хуҷанд, Истаравшан, Хуқанд, Тошканд мардикор буд. Соли 1916 дар Россия мардикорӣ мекард. Соли 1919 ба ватан баргашт.

Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар шеъру достонҳояш сохти нави ҷамъиятӣ, ташкили колхозҳоро тарғибу ташвиқ мекард. Соли 1941 ба Сталинобод омада, бо шоирону нависандагон М. Турсунзода, М. Миршакар, Ф. Ниёзӣ, Р. Ҷалил ва дигарон шинос шуд. Адибон Л. Бузургзода ва Р. Ҷалил асарҳои эҷоднамудаи Бобоюнусро сабт намуданд, ки ҳоло дар шуъбаи фолклори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ маҳфузанд.
Бобоюнус дар тӯли умри худ шеъру достонҳое аз қабили «Давраи ғарибӣ», «Ушр», «Рӯзҳои гузашта», «Мулки навобод», «Ғаллатайёркунӣ», «Ҷавоб ба душман», «Суруди зафар», «Қаҳрамонони Ватан», «Сарҳадамонро посбонӣ мекунем» ва ғайра эҷод кардааст. Ашъори Бобоюнус ба сабку анъанаҳои асарҳои халқӣ (адабиёти шифоҳӣ, ба вазни ҳиҷоӣ) эҷод шудаанд. Аз Бобоюнус гӯрӯғлисароёни машҳур Содиқ Розиқов, Ҳақназар Кабуд, Қурбоналӣ Раҷаб ва дигарон (беш аз 25 нафар) таълим гирифтаанд.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Шеър ва достонҳо. Сталинобод, 1941;
- Сурудҳои Бобоюнус, Муҳаббати халқ. Сталинобод, ҳар ду 1951;
- Сурудҳои ҳофиз. Д., 1967;
- Поэма. Сталинабад, 1948;
- Песня Бобоюнуса. Сталинабад, 1950.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бобоюнус Худойдодзода / Н. Худойдодзода // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Бузургзода Л. Достонгӯй ва шоири халқӣ Бобоюнус // Намунаҳои адабиёти тоҷик (бо алифбои лотинӣ). Сталинобод, 1940;
- Бузургзода Л., Ҷалилов Р. Инъикоси шӯриши Восеъ дар фолклор. Сталинобод, 1941;
- Чалишев С. Бобоюнус. Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 1. Д., 1988;
- Бобоюнус Худойдодзода. Д., 2008.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 5 март
- Зодагони соли 1870
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони бекигарии Балҷувон
- Даргузаштагони 25 май
- Даргузаштагони соли 1945
- Даргузаштагони ноҳияи Темурмалик
- Шоирон аз рӯи алифбо
- Шоирони Тоҷикистон
- Шоирони тоҷик
- Шоирони асри XIX
- Шоирони асри XX
- Адибон аз рӯи алифбо
- Даргузаштагони вилояти Хатлон