Қурбоналӣ Раҷаб
Қурбоналӣ Раҷабов | |
Таърихи таваллуд | 1925 |
Зодгоҳ | ноҳияи Муъминобод вилояти Хатлон, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | |
Пеша(ҳо) | гурғӯлихони маъруфи тоҷик |
Қурбоналӣ Раҷаб (тав. 1925, деҳаи Парвори ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон) — гурғӯлихони маъруфи тоҷик, шоири халқӣ. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Қурбоналӣ Раҷаб аввалин сабақҳои гурғӯлихонию шеъргӯиро аз модараш – Ҷонона, ки гӯяндаи машҳур буда, табъи шоирӣ низ дошт, гирифтааст. Ӯ аз гӯяндаҳои машҳур Бобоюнус Худойдодзода, Санг Мурод, Шарифи Шех, Ҳақназар Кабуд таълим гирифта, ҳамчун гурғӯлихон шуҳрат ёфт. Дар Фестивал озмуни гурғӯлисароёни ҶШҶ Тоҷикистон (1969) сазовори ҷои дувум гардид. Дар шуъбаи фолклори Институти забон ва адабиёти АИ ҶТ аз ӯ 30 достони гурғӯлӣ дар ҳаҷми 60 ҳазор мисраъ сабт шудааст, ки 12 достони он солҳои 1962-1963 тавассути нашриёти «Ирфон» (бо кӯшиши Қ. Ҳисомов) ба табъ расид. Қурбоналӣ Раҷаб ҳамчун шоири халқӣ низ шуҳрат дорад. Нахустин шеъраш «Аз таърихи Кӯлоб» соли 1956 чоп шудааст. Достони «Шуриши Восеъ» ва як силсила шеърҳояш дар маҷм. «Шоирони халқӣ» (1970) дарҷ гардидаанд. Муаллифи маҷм.–ҳои «Таронаи дил» (1976), «Суруди замин» (1982) ва «Шаршара» (1986). Ашъори ҳаҷвӣ низ дорад. Асарҳои Қ. Р. бо забони содаву равони халқӣ эҷод шуда, аз зарбулмасалу мақол ва таъбирҳои халқӣ саршоранд. Ба чанд шеъри ӯ композиторону ҳофизони тоҷик оҳанг бастаанд.[1]
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 202 – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)