Бобоқул Қодиров
Бобоқул Абдуллоевич Қодиров | |
Таърихи таваллуд | 13 феврал 1947 (77 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Панҷакент, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | техника |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои техникӣ |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко |
Ҷоизаҳо | «Аълочии маорифиТоҷикистон» (1996) |
Бобоқул Абдуллоевич Қодиров (зод. 13 феврали 1947, деҳаи Шӯрча, ноҳияи Панҷакент) — физикдон, номзади илмҳои техникӣ (1979), дотсент (1989).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 1965—1970 донишҷӯи факултети физика-математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко, 1971—1974 ассистенти кафедраи физикаи умумии донишкадаи номбурда, 1974—1975 коромӯз, 1975—1978 аспиранти Академияи ҳарбии муҳофизати химиявии ба номи С. К. Тимошенкои ш. Москва, 1978—1980 ассистент, 1980—1989 муаллими калони кафедраи физикаи умумии донишкадаи омӯзгории пойтахт буд. Аз соли 1989 ҳамчун дотсенти кафедраи физикаи умумии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият дорад. Ҳамзамон, солҳои 1996—1997 ҳамчун муовини декани факултети физика оид ба тарбия, 1997—2009 мудири кафедраи физикаи умумӣ, 2009—2010 мудири шуъбаи илми донишгоҳи омӯзгорӣ кор кардааст. Оид ба ноқисиҳои пардаҳои полимерӣ, хосиятҳои сорбсионии пардаҳои полимерӣ ва дигар масъалаҳои физика корҳои илмӣ бурдааст. Муаллифи зиёда аз 100 номгӯи корҳои илмӣ, илмию методӣ ва таълимию методӣ мебошад. Дар ташкили лабораторияи илмию тадқиқотии «Физикаи полимерҳо» саҳми бевосита дорад. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифиТоҷикистон» (1996) ва раҳматномаҳои раёсати донишгоҳи омӯзгорӣ сарфароз гаштааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Саҳеҳияти ченкунӣ дар корҳои лабораторӣ (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1988;
- Супоришҳои санҷишӣ аз физика (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1990;
- Механика ва физикаи молекулӣ (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1991;
- Электрик ва магнетизм (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1992;
- Корҳои санҷишӣ аз физика (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1993;
- Маҷмӯи масъалаҳо аз физика, Д., 1995;
- Корҳои лабораторӣ доир ба усули рентгении таҳқиқи сохтори ҷисмҳои сахт ва полимерҳо (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2002;
- Супоришҳои санҷишӣ-тестӣ аз физика (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2007; Асосҳои физикаи квантӣ (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2010.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]
Ин мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 13 феврал
- Зодагони соли 1947
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Панҷакент
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Номзадҳои улуми техникӣ
- Олимон аз рӯи алифбо
- Физикдонон аз рӯи алифбо
- Мақолаҳои хурд дар бораи донишмандон
- Техникашиносони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
- Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон