Бобоҷон Самиев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бобоҷон Самиев
Бобоҷон Ҷӯраевич Самиев
Таърихи таваллуд 1 январ 1970(1970-01-01) (53 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Айнӣ, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ фалсафа
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои фалсафа
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко

Бобоҷон Ҷӯраевич Самиев (тав. 01.01.1970, деҳаи Вешаби ноҳияи Айнӣ), файласуфи тоҷик, доктори илмҳои фалсафа (2010), дотсент (2004).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1987–1993 дар факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳсил кардааст. Солҳои 1989–1990 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хидмат намудааст. Солҳои 1993–1994 мудири кабинети кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, 1994–1998 ассистенти кафедраи номбурда, 1998–2005 мудири кафедраи фанҳои ҷамъиятии Коллеҷи техникии ба номи академик М. Осимӣ, 2006–2007 мудири кафедраи фанҳои гуманитарии Коллеҷи тиббии шаҳри Душанбе буд. Солҳои 2008–2009 ба ҳайси дотсети кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон кор карда, аз соли 2009 вазифаи мудири кафедраи фалсафа ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣро иҷро намуда истодааст. Муаллифи зиёда аз шаш асару 30 мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ мебошад. Дар таълифотҳояш андешаҳои маорифпарварона ва ислоҳотхоҳонаи Аҳмади Дониш, ҳамасрон ва давомдиҳандагони афкори ӯ, таҷҷассуми одоби идораи давлатӣ ва усулҳои барқарорӣ ва устувории кишвар, категорияи адолат ва риояи рукнҳои адолати иҷтимоӣ дар таълимоти иҷтимоӣ-сиёсии Аҳмади Дониш, маорифпарварӣ ва ҷадидия, тарзи табақабандӣ ва муносибатҳои байни табақаҳои ҷамъиятиро дар таълимоти мутафаккирони асри XIX ва ибтидои асри XX мавриди омӯзишу баррасӣ қарор додааст. Дар конференсияҳои мухталифи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бо маърӯзаҳо баромад намудааст.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Баъзе масъалаҳои «Рисолаи сиёсӣ»-и Аҳмади Дониш дар бораи давлат, Д., 1997;
  • Афкори ислоҳотӣ-иҷтимоии Аҳмади Дониш, Д., 2000;
  • Назархоҳии Аҳмади Дониш ва хотираҳои сайёҳони хориҷӣ оид ба сохтори иҷтимоии аморати Бухоро, Д., 2007;
  • Социально- философский анализ взглядов таджикских просветителей о структуре социальных отношений конца ХIХ и начала ХХв, Д., 2007;
  • Сотсиология (китоби дарсӣ, бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2007;
  • Сотсиологияи амалӣ (китоби дарсӣ, бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2008.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]