Jump to content

Бобо Аннанов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бобо Аннанов
Baba Annanow
Таърихи таваллуд: 20 феврал 1934(1934-02-20)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт 21 декабр 1991(1991-12-21) (57 сол) ё 27 декабр 1991(1991-12-27)[1] (57 сол)
Маҳалли марг:
Шаҳрвандӣ:
Касб: ҳунарпеша, коргардони филм, филмноманавис
Ҷоизаҳо:
Ҳунарпешаи мардумии ИҶШС
IMDb: ID 0030278

Бобо Аннанов (туркманӣ: Baba Annanow; 20 феврали 1934, Ашқобод27 декабри 1991, ҳамон ҷо) — ҳунарпеша ва коргардони туркман, Артисти халқии СССР (1985).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Донишкадаи театрии шаҳри Тошкандро соли 1959 хатм намуда, дар театри шаҳри Чорҷӯ кор кардааст. Солҳои 1961 – 91 режиссёр студияи телевизиони Ашқобод буд.

Дар студияи «Туркманфилм» ролҳои зиёд офаридааст: Гулманов («Имтиҳони аввалин»), Шерсинг («Роҳи охирин»), Ортиқ Боболӣ («Қадами қатъӣ»), Черкез («Роҳи аробаи сӯзон»), Санъат («Тасодуф дар паҳлӯ»), Атобоев («Ранги тило») ва ғаайра. Асосан образи одамони мубориз, қавиирода, поквиҷдон ва фаъоли ҷомеъаро иҷро менамуд.

Аннанов Бобо дар киностудияи «Тоҷикфилм» нақши ҳамзамононро дар як силсила филмҳо хеле боварибахш офаридааст: Ӯртабоев («Одам пӯсташро иваз мекунад»), босмачӣ («Ҳеҷбудагон…»), Хуршед («Ҷинояткор ва ҳимоятгарон»), полковник Мӯъминов («Дастгиркунӣ»), подполковник («Ба дӯстон хиёнат намекунанд»).

Дорандаи Мукофоти ҶШС Туркманистон ба номи Махтумқулӣ (1966).

  1. Internet Movie Database (ингл.) — 1990.