Бобурнома

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Ба ин мақола дигар саҳифаҳои мақолаҳои Википедиа пайваст нестанд.
Лутфан, аз ҷустуҷӯ истифода баред ва пайвандеро аз рӯи қоидаҳои кабулшуда гузоред.

Бобурнома — асари ҳолномавии таърихию бадеии шоир ва донишманди асримиёнагӣ, амири сулолаи Темуриён Заҳируддини Муҳаммад Бобур (14.02.1483 дар Андиҷон ба дунё омада ва 26.12.1530 дар Аграи Ҳиндустон фавтидааст) аст. Соли таълифи асари мазкур 1525-1530.

Бобурнома — аз се қисм иборат буда дар бораи воқеоти солҳои 1493-1530-юми дар Мовароуннаҳр, Хуросон, Афғонистону Ҳиндустон рух дода, аз ҷумла аз тарафи Шайбониён барҳам додани давлати Темуриён, барпо гаштани ҳокимияти Темуриёни Ҳинд (1504-1526) тасвир намудааст. Дар китоби мазкур Бобур бо меҳри зиёд дар бораи шаҳри Самарқанд ва таърихи забти он аз ҷониби лашкари Шайбонихон дар соли 1501 навиштааст, ки муаррихони замонаш Хондамир, Муҳаммад Ҳайдар, Муҳаммад Солеҳ, Биноӣ ва диг. тасдиқ кардаанд. Бобур зимни тасвири воқеаҳои таърихӣ дар бораи табиат, иқлим, наботот, ҳайвонот, касбу ҳунар, урфу одат ва гурӯҳҳои этникии аҳолии Мовароуннаҳру Хуросон, Ҳиндустону Афғонистони охирҳои асри ХVI ва ибтидои асри ХVII низ маълумот медиҳад.

Бобур пас аз шикаст хӯрдан аз Муҳаммад Шайбонихон с. 1503 ба Исфара меояд ва қариб як сол дар ин ҷо мемонад. Ӯ дар ғарбу ҷанубии Марғилон, дар кӯҳпоя воқеъ будани Исфара, обҳои мусаффою равон ва фузунии боғҳои бодомро зикр намудааст. Аҳолии Исфараро пурра ғайритурк (сорт), яне тоҷик, кӯҳистонӣ дидааст. Вилояти Исфараро аз чаҳор қисм–Исфара, Ворух, Сӯх ва Ҳушёр иборат медонад. Инчунин дар бораи санги оина, ки дар он ҳар чиз инъикос меёбад, нақл мекунад.[1]

Эзоҳ[вироиш]

  1. http://www.ziyouz.uz/ru/literatura/period-temuridov-xiv-xv-vv/109--14831530 Захириддин Мухаммад Бабур (1483—1530)/О произведении "Бабур-наме"