Вилояти Бодғис
Кишвар | [[|]] |
---|---|
Маркази маъмурӣ | Qala i Naw[d] |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Масоҳат |
|
Баландӣ | 1 589 м |
Вақти минтақавӣ | UTC+04:30[d] |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | |
Шиносаҳои ададӣ | |
Рамзи ISO 3166-2 | PK-IS |
Коди телефон | 41[2] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Вилояти Бодғис (дарӣ: ولایت بادغیس) — яке аз вилоятҳои Афғонистон, ки дар шимолу ғарби кишвар воқеъ аст.
Ҷуғрофиё
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз шимол бо Туркманистон, аз ҷануб ғарб бо вилоя Ҳирот, аз шимолу шарқ бо вилояти Форёб ва аз шимол ба вилояти Ғур ҳаммарз мебошад. Масоҳати вилоят − Бодғис 20591 км² ва аҳолиаш 499393 нафар буда, кулли онҳо тоҷиконанд. Аз лиҳози таркиби қавмӣ дар ин вилоят паштунҳо дар мақоми дувум қарор доранд. Дар вилояти Бодғис ӯзбекҳо, туркманҳо ва балуҷҳо низ умр ба сар мебаранд.
Вожашиносӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Бодғис вожаи куҳан буда, дар қисмати «Яштҳо»-и Авесто дучор меояд. Дар китоби «Бундаҳиш» ба шакли «Водгис» ва «Водғис» истифода шудааст.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар асрҳои миёна Бодғис аз навоҳии ободи Хуросон ва дорои шаҳрҳое бо номҳои Ҷабалу-л-фарза (Кӯҳи нуқра), Куфо, Куғнобод, Буст, Ҷозҷӣ, Кобрун, Колуван, Деҳистон, Баван, Бомийин ва 300 рустои обод будааст. Дар асрҳои 4-10 Деҳистон аз бузургтарин ва ободтарин шаҳрҳои Бодғис будааст, вале қароргоҳи ҳокими ин минтақаро шаҳри Куғнобод гуфтаанд. Муаррихон ва ҷаҳонгардони маъруфи асримиёнагӣ Ҷосийқонӣ, Ёқути Ҳамавӣ, Амин Аҳмади Розӣ, Мақдисӣ, Идрисии Тасвирӣ дар бораи Бодғис маълумот додаанд.
Соли 1964 дар заминаи қисматҳое аз вилоятҳои Ҳирот ва Маймана вилояти Бодғиси Афғонистон таъсис ёфт.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бодғис // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
Вилоятҳои Афғонистон | |
---|---|
Бағлон • Бадахшон • Балх • Бодғис • Бомиён • Вардак • Ғазнӣ • Ғӯр • Дойкундӣ • Зобул • Кобул • Кописо • Қундуз • Кунар • Қандаҳор • Лағмон • Лӯгар • Нангарҳор • Нимрӯз • Нуристон • Пактико• Пактиё • Панҷшер• Парвон • Самангон • Сарипул • Тахор • Урӯзгон • Фароҳ • Фориёб • Хуст • Ҳелманд • Ҳирот • Ҷӯзҷон |