Вилояти Бомиён
Кишвар | [[|]] |
---|---|
Маркази маъмурӣ | Бомиён |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Масоҳат |
|
Баландӣ | 3 042 м |
Вақти минтақавӣ | UTC+04:30[d] |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | |
Шиносаҳои ададӣ | |
Рамзи ISO 3166-2 | PK-IS |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Вилояти Бомиён (дарӣ: ولایت بامیان) — яке аз вилоятҳои Афғонистон аст. Шаҳри Бомиён маркази ин вилоят аст. Дар шимол Бомиён бо Самангон, дар ҷануб бо Ғазнӣ ва Урузгон, дар шаҳри бо Бағлон, Парвон ва Вардак, дар ғарб бо Сарипул ва Ғур ҳамсарҳад аст. Дар байни доманакӯҳҳои марказии ду силсилакӯҳи бузургу машҳур — Ҳиндукушу Бобо ҳамчун минтақаи сарсабзе воқеъ гардидааст. Масофаи он аз Кобул 217—245 км, баландиаш аз с. б. 3000 м. Дар гузашта дар фосилаи даҳманзилии Балх мавқеият доштааст.
Калимаи Бомиён дар «Бундаҳишн» «Бомикон» ё «Бомигон» ёд шуда, дар Авесто Voam-qien ва Bam-qien ба маънои дурахшону тобон омадааст, ки ҳар ду аз решаи авестоии «бо» «рӯшноӣ» сарчашма гирифтаанд. Сифати «бомиҳ» дар забони авестоӣ ба маънои «фурӯзанда» ва «тобанда» аз ҳамин реша муштақ шудааст.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Мавқеияти ҷуғрофӣ ва суди бозаргоние, ки ба туфайли убуру мурури бозаргонони Роҳи бузурги абрешим ба унвони боҷу хироҷ мегирифт, боиси ба яке аз бузургтарин марказҳои ойини буддоӣ табдил ёфтан ва падид омадани ёдгорҳои меъморӣ ва осори ҳунарии буддоӣ дар Бомиён гардид. Бомиён-ро «Водии буддоҳои бузург» меномиданд, зеро дар дайрҳои буддоии он ду муҷассамаи бузурги Буддо ва даҳ маъбад вуҷуд дошт. Роҳибону муътақидони Буддо ҳар сол бо иштироки шоҳ маросими қурбонии Mucchamaha prishad-ро дар пойи Буддо анҷом медоданд. Баъди гузориши A. Fanche дар соли 1922 дар бораи водии Бомиён ва маъбадҳои он то соли 1930, бостоншиносон қариб ҳар сол ба Бомиён омада таҳқиқот анҷом медоданд. Дар натиҷаи ҳафриёту таҳқиқоти мазкур маълум гардид, ки Бомиён дар таркиби аҷоиботи ҳафтгонаи Афғонистон мақоми аввалро дорад ва табиат дар он аҷоибот зебоиҳои худро ҷамъ оварда, дар дараи фӯлодӣ ҷой додааст.
Бутҳои Бомиён ёдгори давраи Канишка буда, дар фосилаи 400 м аз ҳамдигар қарор доранд. Яке аз он пайкари 53-55-метрии Буддо бо номи Солсол мебошад, ки бино бар маълумоти муаррихон онро тақр. ба муддати 30 сол (як насл) аз боло ба поин тарошидаанд. Қисмати поёнии он бистари сакумонанде дошта, қисмати болоӣ бо зеварот ва сангҳои гаронбаҳо, қисмати поёнӣ бо ранги тилоӣ пӯшонда шуда буд, ки бо мурури замон ранги он аз миён рафтааст. Муҷассамаи дуввумӣ 38 м баландӣ дошта, «Шоҳ Мома» номида мешуд. Мардум муҷассамаи 55-метриро ба гунаи «мард» ва муҷассамаи 38-метриро ба гунаи «зан» қабул кардаанд. Олимон ақида доранд, ки муҷассамаи бузург бо услуби юнонию муҷассамаи хурд бо услуби гуптоии ҳиндӣ сохта шудааст. Дар равоқи муҷассамаи 55-метрӣ ду қатор унсурҳои мифологӣ ва иконографӣ эҳсос карда мешаванд. Муҷассамаҳоро Яъқуби Лайси Саффорӣ хароб карда, қисматҳои гаронбаҳояшонро ба Бағдод бурда буд. Дар замони ҳуҷуми чингизиён дар муҳосираи Бомиён яке аз наберагони Чингиз кушта шуда, чингизиҳо барои интиқом гирифтан шаҳрро вайрон, мардумашро қатли ом ва ҳар ду муҷассамаро хароб карданд. Дар давраи ҳукмронии толибон 9-11 марти 2001 муҷассамаҳо комилан тахриб шуданд. Насаби фармонравоёни маҳаллии Бомиён, ки ба шоҳони кӯшонӣ расида, пеш аз ислом мулаққаб ба «шер» буданд, бар рӯйи сиккаҳои зарбшудаи эшон калимаи «шер» бо расмулхати кӯшонӣ дида мешавад. «Шер» ва «шор» як калима дар ду лаҳҷаи мухталифи шарқӣ буда, маънои «подшоҳ»-ро дошт ва маъхуз аз xboyriya-и форсии бостон аст, ки дар мутуни арабӣ иштибоҳан «асад» тарҷума шудааст. Ойини буддоӣ дар асрҳои нахустини исломӣ низ дар ноҳияи Бомиён ривоҷ дошт. Чунин вазъ то тасарруфи Яъқуби Лайси Саффорӣ (870) идома ёфт. Баъдан ин мавзеъ вайрону тороҷ шуда, дучори фаромӯшӣ гардид. Гарчи баъдҳо дар канори харобаҳои он шаҳри наве бунёд гардид, аз сабаби коҳиш ва қатъи даромад аз убури корвонҳои тиҷоратӣ Бомиён дигар эътибору аҳаммияти гузаштаи худро пайдо накард.
Бомиён аз лиҳози вусъат баробари нимаи Балх буда, аз байни он рӯди бузурге ҷорӣ мешуд, ки обаш барои обёрии мазрааҳо (зироат) истифода мегардид. Дар луғатномаҳо, бо истинод ба маводди таърихию ҷуғрофӣ, аз вуҷуди куҳандизи Бомиён ишора шудааст. Кишоварзӣ дар ноҳияи сардсери Бомиён ба таври кофӣ равнақ надошта, ин ҳолатро анвои мухталифи мева ҷуброн мекард. Ҷуғрофиёнависони асрҳои 10-13 Бомиён-ро яке аз шаҳрҳои мутавассити Афғонистон тавсиф кардаанд.
То миёнаҳои асри 10 «шер»-они Бомиён дар ин минтақа ҳукмфармоӣ дошта, баъдан номе аз онҳо дар осори таърихӣ ба назар намерасад ва зоҳиран пас аз тасарруфи Бомиён тавассути Алптегин ва асорати шери Бомиён дар ҷанг фармонравоии ин хонадон бар ноҳияҳои шарқии Ҳиндукуш поён ёфта, қаламравашон замимаи ҳукумати Ғазнавиён шуд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бомиён / А. Ҳасанов, М. Ҳазратқулов // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
Вилоятҳои Афғонистон | |
---|---|
Бағлон • Бадахшон • Балх • Бодғис • Бомиён • Вардак • Ғазнӣ • Ғӯр • Дойкундӣ • Зобул • Кобул • Кописо • Қундуз • Кунар • Қандаҳор • Лағмон • Лӯгар • Нангарҳор • Нимрӯз • Нуристон • Пактико• Пактиё • Панҷшер• Парвон • Самангон • Сарипул • Тахор • Урӯзгон • Фароҳ • Фориёб • Хуст • Ҳелманд • Ҳирот • Ҷӯзҷон |