Вилояти Бадахшон (Афғонистон)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Вилояти Бадахшон)
Бадахшон
بدخشان
38° с. ш. 71° в. д.HGЯO
Кишвар  Афғонистон
Шомили 28 ноҳия
Маркази маъмурӣ Файзобод
Таърих ва ҷуғрофиё
Масоҳат
  • 44 059 км²
Баландӣ
3 669 м
Вақти минтақавӣ UTC+04:30[d]
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Шиносаҳои ададӣ
Рамзи ISO 3166-2 AF-BDS
Бадахшон дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Вилояти Бадахшон (дарӣ: ولایت بدخشان) — яке аз вилоятҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аст.

Бадахшон дар шеърҳои шоирон ба кайфияти лаъли худ маъруф будааст. Бадахшон дар шимолу шарқи Афғонистон воқеъ аст. Ин вилоят дар соли 1895 миёни ду импиротурии Русия ва Бритония ба ду бахш тақсим гардид. Як бахши ин вилоят бо номи Бадахшон ба Русия таъаллуқ гирифт, ки баъдан Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Иттиҳоди Шӯравӣ (ИҶШС) бо марказияти шаҳри Хоруғ шуд ва бахши дувум бо марказияти шаҳри Файзобод ба Афғонистон паӣваст. Русия ва Бритония рӯди Панҷро чун марзи табиъӣ пазируфта ва бо сутунҳои марзӣ нишонагузорӣ карданд.

Маркази вилояти Бадахшон шаҳри Файзобод аст, ки 315 км шимолу шарқтар аз шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон, дар канори рӯди Кӯкча ҷой гирифта аст ва 50 ҳазор нафар аҳолӣ дорад.

Ҷойгоҳ

Дар шимолу шарқи Афғонистон ҷоӣ дорад.

Ин вилоят аз шимолу ғарб — бо вилояти ХатлониТоҷикистон, аз шимолу шарқ — бо ВМ Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон, аз шарқ — бо Чин, аз ҷануб — бо Покистон, дар ғарб — бо вилояти Тахор, дар ҷанубу ғарб бо вилоятҳои Нуристон ва Панҷшер ҳамсарҳад аст.

Шаҳри Фаӣзобод.
Чарогоҳоӣ Шеваи Шиғнон,
Дариёчаи шева Шиғнон.
Намое аз Хоҳон, Рӯди Панҷ ва Муҳаллаи Анҷироби Шӯрообод.

Номдорон

Мардум

Аксарияти бошандагони ин вилоятро тоҷикон ташкил дода ва ба забони дарӣ ва забонҳои бадахшонӣ сухан мегӯянд.

Аҳолӣ — 1 054 087 нафар (соли 2021).

Таърих

Ҳукумат

Иқтисодиёт

Омӯзишу парвариш

Беҳдошту беҳзистӣ

Бахшбандии идории вилояти Бадахшон

Вилояти Бадахшон 28 вулусволӣ ё ноҳия дорад:


Нишони милии Афғонистон Вилояти Бадахшон Парчами Афғонистон
Вулусволиҳои вилояти Бадахшон
Ном #Нақша Марказ Мардум Паҳноварӣ Шумораи рустоҳо ва гурӯҳои қавмӣ
1 Аргу 6 83,999 1,032 km2 145 русто. 60 % узбак ва 40 % тоҷик.
2 Арғанҷхоҳ 6 Таговак 12,000
3 Баҳорак 7 Баҳорак 33,012 328 km2 51 русто. 60 % Тоҷик, 35 % узбак ва 5 % паштун.
4 Вардуҷ 7 Чокарон 6,609 929 km2 45 русто. 90 % тоҷик ва 10 % узбак.
5 Вахон 13 Хандуд 11,657 10,953 km2 110 русто. тоҷик, қирғиз.
6 Дароим 6 Шаҳри сафо 72,000 570 km2 101 русто. 80 % тоҷик, 15 % узбек ва 5 % ҳазора.
7 Ёвон 4 Ёвон 27,000
8 Зебок 12 Зебок 26,430 1,521 km2 62 русто. 99 % тоҷик ва 1 % дигар қавмҳо.
9 Ишкошим 8 Ишкошим 12,566 1,123 km2 43 русто.
10 Кишм 9 Машҳад 71,262 264 km2 100 русто. 60 % тоҷик, 37 % узбак, 10 % балуч, 1 % ҳазора ва 1 % баёт.
11 Курону Мунҷон 11 Курон ва Мунҷон 8,084 1,588 km2 42 русто. 100 % тоҷик.
12 Кӯфоб 2 Қалъаи Кӯф 16,000
13 Кӯҳистон 4 Паси пул 12,000
14 Дарвози Поён 1 Ҷомарчи Боло 12,000
15 Дарвози Боло 1 Нусай 31,195 4,589 km2 16 русто. тоҷик.
16 Роғистон 4 Зиракӣ 37,000
17 Тагоб 9 Қалъаи даҳана 22,000
18 Тишкон 9 Дашти занбӯр 26,850 812 km2 57 русто. 70 % тоҷик, 20 % ҳазора ва 10 % узбак.
19 Файзобод 6 Файзобод 96,826 514 km2 175 русто. 97 % тоҷик ва 3 % дигар қавмҳо.
20 Хош 10 Шаҳрон 15,436 264 km2 21 русто. 70 % тоҷик, 20 % узбак ва 10 % муғул ва балуч.
21 Хоҳон 2 Хоҳон 27,000 80 km2 46 русто. тоҷик.
22 Ҷурм 10 Ҷурм 51,714 1286 km2 75 русто. 95 % тоҷик ва 5 % узбак.
23 Шаҳри бузург 5 Шаҳри бузург 80,000 956 km2 74 русто.100 % тоҷик.
24 Шикай 1 Ҷорф 27,000 1,700 km2 38 русто. 100 % тоҷик.
25 Шуғнон 3 Башор 27,750 3528 km2 28 русто. тоҷик ва қизилбош.
26 Шуҳадо 7 Сари майдон 26,430 1,521 km2 62 русто. 99 % тоҷиқ ва 1 % дигар қавмҳо.
27 Ямгон 7 Дашти ғармӣ 30,000 1,779 km2 39 русто. 100 % тоҷик.
28 Яфтали Поин 6 Ноланд 60,000 605 km2 93 русто. 60 % тоҷик ва 40 % узбак.

Пайнавиштҳо

  1. 1.0 1.1 1.2 د هېواد د وګـړو اټکل ۱۳۹٩ // June 2020National Statistics and Information Authority.



Вилоятҳои Афғонистон

БағлонБадахшонБалхБодғисБомиёнВардакҒазнӣҒӯрДойкундӣЗобулКобулКописоҚундузКунарҚандаҳорЛағмонЛӯгарНангарҳорНимрӯзНуристонПактикоПактиёПанҷшерПарвонСамангонСарипулТахорУрӯзгонФароҳФориёбХустҲелмандҲиротҶӯзҷон