Jump to content

Бозгашт (тасаввуф)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бозгашт (форсӣ: بازكشت‎) — дар тасаввуф асли шашум аз усули ҳаштгонаи вазъкардаи хоҷа Абдулхолиқи Ғиждувонӣ, ки минбаъд хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд се асли дигар бар онҳо афзуд ва усули ёздаҳгона дар заминаи таълимоти тариқати нақшбандия қарор гирифт (тибқи дигар тақсимбандӣ — аз рӯйи тартиб асли дуюм).

Бозгашт калимаи сирф форсӣ буда, дар баробари дигар истилоҳоти форсии таълимоти нақшбандия, аз қабили ёдкард, ёддошт, нигаҳдошт дар тамоми забонҳои дунё дар ҳамин шакли аслии худ истифода мешавад.

Моҳияти бозгашт аз он иборат аст, ки бояд мақсади соликро танҳо ризои Худованд ташкил диҳад. Аз ин рӯ, солик баъд аз ёдкард (зикри номи Аллоҳ), ки ба равише махсус сурат мегирад, ибораи зайлро ба забон меорад ё аз дил мегузаронад: «Илоҳӣ, Анта мақсудӣ ва ризока матлубӣ, фаътинӣ маҳаббатака» (Яъне: Худовандо, мақсуди ман Туӣ ва хушнудии Ту хоҳиши ман аст, пас, дӯстдории Худро ба ман бибахш). Маъмулан, солик бо ҳабси дам то ҳини танг шудани нафас номи Аллоҳро такрор мекунад; нафасро дар мақоми латифаи қалб (агар вазифаи ӯ зикр болои латифаи қалб бошад) сар дода, сипас ибораи мазкурро мегӯяд. Ғарази аслӣ аз бозгашт нафйи хотирҳо ба шумор меравад. Ба ин васила даруни солик аз ҳар хотири неку бад ва аз тасаввури мосивои Ҳақ фориғ шуда, зикри ӯ аз олудагӣ ва омезиши ғайр поку холис мегардад. Чун «мақсудияти шайъ мусталзими маъбудияти он аст» (таъбири шайх Аҳмади Сарҳиндӣ), бозгашт соликро аз тасаввури ҳар мақсуд ва маъбуде ҷуз Худо бозмедорад. Баъзеҳо гуфтаанд, ки бозгашт киноя аз руҷӯи зокир ба Худованд аст барои изҳори аҷзу тақсир, зеро тавфиқи зикр, ҳузур доштан ва кашфи асрор — ҳама ба ёрии Худованд аст .