Jump to content

Абдулхолиқи Ғиҷдувонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Абдулхолиқи Ғиждувонӣ)
Абдулхолиқи Ғиҷдувонӣ
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: омӯзгор
Таърихи таваллуд: 24 март 1103
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1179
Маҳалли даргузашт:
Устодон: Юсуфи Ҳамадонӣ
Вироиши Викидода

Абдулхолиқи Ғиҷдувонӣ ибни Абдулҷамил (24 март 1103, Ғиждувон1179, Ғиждувон) — ориф, сӯфӣ ва асосгузори тариқати хоҷагон, пири рӯҳонии Баҳоуддини Нақшбанд, яке аз шогирдони маъруфи Хоҷа Юсуфи Ҳамадонӣ.

Осори бисёре боқӣ мондааст, ки мазмунҳои фалсафию ирфонӣ доранд. Муҳимтарини онҳо «Маноқиби Хоҷа Юсуфи Ҳамадонӣ», «Ибтидои ҷомеъ-ул-кулам», «Маслак-ул-орифин» мебошанд. «Ибтидои ҷомеъ-ул-кулам» панду насиҳатҳои муаллиф ба писархондаш Авлиёи Кабир мебошад, ки бо номи «Васиятнома» низ машҳур аст. Вай дар ин рисола асосан дар бораи шартҳо ва вазифаҳои солики роҳи ҳақиқат, ки иҷрои онҳо барои ҳар як суфии ин роҳро пешгирифта ҳатмӣ ва зарурӣ аст, сухан рондааст. Шарти аввал ва умдае, ки Хоҷа Абдулхолиқ дар назди солики роҳ мегузорад, порсоманишӣ ва мутадайин будани ӯ мебошад. Суфии ҳақиқӣ он аст, ки тамоми аркони шариатро риоя намуда, вазифаҳои тариқатро ба ҷо оварад ва ризқу рӯзиашро бо меҳнати ҳалоли худаш пайдо кунад. Солик бояд қадру қимати пири худро арҷ гузорад. Зеро муршид аст, ки равандаи роҳро барои расидан ба каъбаи мақсуд ҳидоят мекунад, пеш аз ҳама бояд кӯшиш кунад, ки нафси хешро аз молу ҷоҳталабӣ озод намояд:

Гар дар талаби ҳукму сиёсат бошӣ,
Кай соҳиби донишу киёсат бошӣ.
Ҳаргиз натавон солики роҳат гуфтан,
Гар з-он, ки талабгори риёсат бошӣ.

Абдулхолиқи Ғиҷдувонӣ агар аз як тараф ба сӯфиён меомӯхт, ки ба самоъ камтар машғул шаванд, аз тарафи дигар, вай самоъро тамоман инкор намекард:

Инкор макун самоу мақбул мадор,
Илло зи касе, ки зиндадил бошад ёр.
Гар нафси ту мурда нест аз шуҳрату оз,
Бо савту салот бошу дигар бигузор.

Таълимоти ахлоқӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мувофиқи таълимоти ахлоқии ӯ шахс танҳо дар сурати дурию иҷтиноб ҷустан аз хислату рафторҳои бад маҳбубу мақбули мардум шуда метавонад. ӯ пайравони худро ба саодатмандӣ, нисбат ба дигарон ғамхору меҳрубон будан даъват карда, интиқомҷӯиро намепазируфт. Ин нуқтаи таълимоти ӯро баъдтар пайравони тариқаи нақшбандия касб карда, шиори «маранҷу маранҷон»-ро ба миён оварданд. Дар таълимоти Абдулхолиқи Ғиҷдувонӣ боварӣ ба сарнавишту қисмат ҷойи хос дорад ва ба таълимоти ислом зич алоқаманд аст. Таълимоти Абдулхолиқи Ғиҷдувонӣ минбаъд дар ташаккули таълимоту таъсиси тариқаи нақшбандия таъсир расонд ва то ҳол аҳамияти худро гум накардааст.