Бозоралӣ Азизов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Бозоралӣ Азизов
Бозоралӣ Сатторович Азизов
Санаи таваллуд:

9 июн 1946(1946-06-09) (73 сол)

Зодгоҳ:

Кӯлоб

Фазои илмӣ:

технология

Дараҷаи илмӣ:

доктори илмҳои техникӣ

Унвонҳои илмӣ:

профессор

Маъруф ба:
Ҷоизаҳо:

Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (2001)

Бозоралӣ Азизов (Азизов Бозоралӣ Сатторович; тав. 9 июни соли 1946, шаҳри Кӯлоб) — олим, технолог, доктори илмҳои техникӣ (2003), профессор (2004), дорандаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (2001).

Зиндагинома[вироиш]

Хатмкардаи Институти технологии шаҳри Ленинград (1969). Аспиранти ҳамин институт (1969 – 1972), лаборанти калон, ходими хурди илмии Институти химияи АИ РСС Тоҷикистон ба номи В. И. Никитин (1972 – 1973); муаллими калон, дотсент, мудири кафедраи химияи Институти политехникии Тоҷикистон ба номи М. С. Осимӣ (1973 – 1992); сардори шӯъбаи Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон (1992), муовини сардори шӯъбаи Идораи корҳои Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон (1993); муовини сардори шӯъба, сардори шӯъбаи техникӣ, сардори хадамоти тайёр намудани кадрҳои заводи алюминийи Тоҷикистон (1994 – 2000); ноиби ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (2000 – 2009), профессор кафедраи химияи ҳамин донишгоҳ (2009 – 2010). Аз феврали 2010 муовини директори Институти тадқиқоти илмии металлургияи Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи тоҷик». Азизов оид ба коркарди партовҳои истеҳсоли алюминий зиёда аз 150 асару мақолаҳои илмӣ, илмӣ-методӣ нашр кардааст, муаллифи 7 патент ба ихтироот ва 2 шаҳодатномаи маҳсулоти зеҳнӣ.

Осор[вироиш]

  • Утилизация отходов производства алюминия. - Д.,2000;
  • Комплексная переработка отходов производства алюминия. - Д.,2005;
  • Курси мухтасари химияи ғайриорганикӣ. - Д.,2008.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]