Бозор (иқтисод)
Зоҳир
Бозор — маҷмӯъаи харидорон ва фурӯшандагоне, ки ба хариду фурӯши коло ё хадамоти хоссе мубодарат мекунанд
Аз назари таърихӣ, бозор ба маҳалле итлоқ мешавад, ки харидорону фурӯшндагон барои мубодилаи коло ё хадамот ба он муроҷиъа мекунанд. Аз дидгоҳи бозорёбӣ, маҷмӯъа харидорон, бозорро ташкил медиҳанд. Дар айни ҳол, калимаи бозор баъзан ба маҷмӯъаҳои ғайр аз муштариён ё харидорон низ итлоқ мешавад монанд бозори нерӯи кор ё бозор раъй.
Навъҳои бозор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бозори сармояи қарздиҳии дарозмуҳлат. Бар хилофи бозори пул, ки дар он асосан амалиёт аз рӯйи маблағгузории кӯтоҳмуҳлат сурат мегирад, дар ин бозор амалиёт бо коғазҳои қиматнок (саҳмияҳо, вомбаргҳо) анҷом дода мешавад.
- Бозори тило — марказҳои махсусе, ки дар он фурӯши доимии тило сурат мегирад.
- Бозори форвардии асъорӣ — бозори асъор, ки дар он муомилот ба муҳлати муайян сурат мегирад ва дар он ҷо ширкатҳо метавонанд амалиёти хеҷ кардан (хеҷинг)-и хавфҳои асъориро амалӣ намоянд.
- Бозори саҳмия — маҷмӯи муносибатҳои иқтисодии байни фурӯшандагон ва харидорони коғазҳои қиматнок -саҳмияҳо. Савдои саҳмияҳо дар бозори коғазҳои қиматнок ҳамчунин бо усулҳои ғайрибиржавӣ анҷом дода мешавад. Шарту тартиби савдои саҳмияҳо бо қонунҳои дахлдор танзим карда мешавад.
- Бозори пазираҳои бонкӣ — як қисми бозори сармояи қарзӣ, ки дар он векселҳо ва дигар санадҳои пардохти пазираи бонкдор хариду фурӯш мешаванд.
- Бозори доллари Аврупо — бозори умумиаврупоии доллари амрикоӣ, ки бо зудамалию фаъолиятмандии зиёди худ фарқ мекунад; аз садҳо бонкҳои миёнарав, ки дар марказҳои нисбатан калони Аврупо ҷойгиранд, иборат аст. Дар ин бозор назар ба якчанд бозори миллӣ пул барои соҳибони сармоя аз маблағгузорӣ даромади бештар меорад.
- Бозори вомбарги Аврупо — муносибатҳои устувори вобаста ба уҳдадориҳои қарзӣ ҳангоми гирифтани қарзҳои дарозмуҳлат бо асъори аврупоӣ, ки дар шакли вомбарги қарзгирон ба расмият дароварда мешаванд.
- Бозори воситаҳои қарзӣ — бозорест, ки дар он амалиёти маблағгузории миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат анҷом дода машавад; бо бозори пул робитаи наздик дорад.
- Бозори қарордод — палатаи савдо, ки онро комиссияи савдои ИМА дар бозори муомилоти муҳлатдори молӣ ҳамчун бозори ҳамон мол муайян мекунад.
- Бозори сармояи кӯтоҳмуҳлат — бозорест барои миёнаравҳои биржа, ки коғазҳои қиматноки боэътимоди кӯтоҳмуҳлат: векселҳо, тасдиқномаҳои амонатӣ, пазираи бонкӣ, векселҳои тиҷоратиро хариду фурӯш мекунанд.
- Бозори байнибонкӣ — як қисми бозори сармояи қарзӣ, ки дар он захираҳои озоди пули муассисаҳои қарзӣ муваққатан ҷалб гардида, дар байни бонкҳо, асосан, дар шакли амонатҳои байнибонкӣ ба муҳлати кӯтоҳ ҷойгир карда мешаванд.
- Бозори озод — хариду фурӯши коғазҳои қиматнок аз ҷониби бонки марказӣ бо мақсади таъсиррасонӣ ба ҳаҷми пули мавҷуд дар муомилот ва ҳаҷми кредитҳо. Амалиёт, асосан, бо коғазҳои қиматноки кӯтоҳмуҳлати ҳукуматӣ ва баъзан бо коғазҳои қиматноки миёнамуҳлату дарозмуҳлат гузаронида мешавад.
- Бозори сармояи қарзӣ — маҷмӯи муносибатҳои иқтисодӣ, ки ҷамъ шудани маблағҳои озоди пулӣ, табдили онҳо ба сармояи қарзӣ ва тақсими дубораи онҳо дар байни иштирокдорон раванди такрористеҳсолро таъмин мекунанд.
- Бозори мол (кору хидматрасонӣ) аз доираи гардиши мол (кор, хидматрасонӣ) ташаккул меёбад, ки аз рӯйи имкониятҳои фурӯшанда (харидор) барои воқеан ва бе хароҷоти иловагӣ пешниҳод кардани (харидорони) мол (кору хидматрасонӣ) дар маҳалли ба фурӯшанда (харидор) наздиктарин дар дохили кишвар ва берун аз он муайян мегардад.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бозор / К. Раҷабов, И. Раҳматуллоҳ // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.