Jump to content

Болоҳавз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ёдмон
Болоҳавз
Кишвар
Макон Бухоро[1]
Дата основания 1712
Статус
Парчами ЮНЕСКО Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО, № 603
рус.ингл.фр.
 Парвандаҳо дар Викианбор

Болоҳавз — ансамбли меъморӣ дар қисми ғарбии Арки Бухоро, ки аз масҷид, манора ва ҳавз иборат аст.

Қадимтарин қисмати ансамбли меъморӣ ҳавзи ҳаштгӯшаи бо тахтасангҳо рӯкашшуда аст, ки дар қисми марказии он воқеъ мебошад. Ин ҳавз яке аз ҳавзҳои сершумори Бухоро буд, ки то фарорасии даврони шӯравӣ аҳолиро бо оби ошомиданӣ таъмин мекард. Номи ансамбли меъморӣ аз номи ҳамин ҳавз гирифта шудааст. Дар оби ҳавз акси манора ва айвонро бо қаторсутунҳояш равшан дидан мумкин аст. Дар ибтидои асри 18 (1712) дар қисми ғарбии ҳавз масҷиди муҳташаме сохта шуд, ки масоҳати тарҳи бинои он 11,5 м² аст. Масҷид толори калони гунбаздор, ҳуҷраҳо ва аз се тарафаш айвони дуқабата дорад, сақфаш чӯбини кандакоришуда аст. Ин масҷид аз зеботарин масҷидхои Бухоро мебошад. Айвони масҷид дорои 20 сутуни баланди кандакорӣ буда, соли 1917 сохта шудааст. Худи ҳамон сол дар қисмати ҷанубии майдон, байни ҳавз ва айвон аз хишти пухта манорае сохтанд, ки ба Манораи калон монандӣ дорад. Баъдтар ду мадрасаи хурди якошёна низ ба ансамбл дар ҷануб ва шарқ илова гардид. Ансамбл бо усули кошикорӣ, гачкорӣ, мунаббаткорӣ ва кандакорӣ оро ёфтааст. Агар аз тарафи майдони Регистон ба ансамбл назар афканем, манзараи масҷид, ҳавлӣ, манораи хурд ва ҳавз ба кас таассуроти аҷибе мебахшад.

  1. 1.0 1.1 archINFORM (нем.) — 1994.