Jump to content

Бомахрама

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бомахрама

Бомахрама (ар. بامخرمه‎), Абумахрама — хонадони донишмандоне аз аҳли Ҳазрамавти Яман дар асрҳои 15-16. Намоёнтарин аъзои ин хонадон, ки дар фиқҳ, ҳадис, таърих, шеър ва тасаввуф номоваранд, инҳо мебошанд:

  1. Абутаййиб Афифуддин Абдуллоҳ ибни Аҳмади Ҳимярии Шайбонӣ (1430—1498), фақеҳ ва адиб.
  2. Абумуҳаммад Абдуллоҳ Таййиб ибни Абдуллоҳ ибни Аҳмад (1466—1540), адиб, фақеҳ ва таърихнигор.
  3. Умар ибни Абдуллоҳ ибни Аҳмад (1479—1545), фақеҳ, суфӣ ва шоир.
  4. Абдуллоҳ ибни Умар (1501—1565), фақеҳ ва ҳайатшинос.