Борис Пшеничний

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Борис Пшеничний
Борис Пшеничний
Санаи таваллуд:

31 январи 1935

Зодгоҳ:

Озарбойҷон

Навъи фаъолият:

журналист, нависанда

Борис Пшеничнийжурналист, нависанда,узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1984)

Зиндагинома[вироиш]

Борис Пшеничний 31 январи соли 1935 дар деҳаи Алломаи Озарбойҷон зода шудааст. Соли 1957 шуъбаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Ленинград, соли 1970 Академияи илмҳои ҷамъиятии Маскавро хатм кардааст. Номзади илми таърих аст. Дар рӯзномаҳои «Ленинградская правда», «Комсомолец Таджикистана», «Коммунист Таджикистана» ходим, мудири шуъба ва сармуҳаррир, чанд соли охир сармуҳаррири моҳномаи «Помир» будааст. Аз соли 1984 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. Соли 1997 аз олам даргузашт.

Эҷодиёт[вироиш]

Муаллифи мақола, очерк, филмнома, драма ва ҳикояҳои тахайюлӣ мебошад. Ҳикояҳои беҳтаринаш дар маҷмӯаи «Уйти, чтобы вернуться» (1985) гирд омадаанд. Осори алоҳидаи адибони тоҷик Саттор Турсун, Ӯрун Кӯҳзод ва дигаронро ба русӣ гардондааст. Чанд сол вакили мардумӣ дар порлумони замон будааст. Соли 1979 ба дарёфти Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ мушарраф гардидааст.

  • Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ;
  • Нишону ифтихорномаҳои ҳукуматӣ.[1]

Сарчашма[вироиш]

  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с.181 ISBN 978-99947-2-379-9