Jump to content

Босния ва Ҳерсеговина

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Босния ва Ҳертсеговина)
Босния ва Ҳерсеговина
Bosna i Hercegovina
Босна и Херцеговина
Парчам Нишон
Шиор: нест
Суруди миллӣ: «Intermeco»
Рӯзи истиқлолият
Забонҳои расмӣ
Пойтахт Сараево
Шаҳри калонтарин
Идораи давлат
Масоҳат
  • Ҳамагӣ
  • Фоизи об.
-ум ҷой дар ҷaҳон
км²
 %
Аҳолӣ
  • Ҳамагӣ
  • Зичӣ
-ум ҷой дар ҷaҳон

нафар/км²
Пули миллӣ
Интернет-Домен .ba
Коди телефон +
Соат UTC
Имрӯз қисми {{{Имрӯз}}}

Босния ва Ҳерсеговина (бусниёӣ: , сербӣ: и хорватӣ: Bosna i Hercegovina, BiH / Босна и Херцеговина, БиХ [bôsna i xěrtseɡoʋina], прослушать ) — давлат дар қисми ҷануби шарқии Аврупо, дар нимҷазираи Балкан. Пойтахт — Сараево (Сарой).

Аҳолӣ — 3 453 000 жителей (30 июни 2021)[1]. Масоҳат — 51,2 ҳазор км². Дар шимол, ғарб ва ҷануб бо Хорватия, дар шарқ — бо Сербия, дар ҷанубу шарқ — бо Черногория ҳамсарҳад аст. Дар ҷанубу ғарб ба Баҳри Адриатӣ (тақр. 20 км хати соҳилӣ) роҳ дорад. Забонҳои давлатӣ: бусниёӣ, сербӣ ва хорватӣ.

Ҷумҳурии парламентӣ, аз Федератсияи Босния ва Ҳерсеговина, Ҷумҳурии Сербистон ва ҳавзаи Брчко иборат аст. Узви СММ аз соли 1992. Дар моҳи феврали соли 2016 кишвар дархостро барои дохил шудан ба Иттиҳоди Аврупо дод[2].

Бахшбандии кишварӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Босния ва Ҳерсеговина аз ду ҳудуди маъмурӣ — Федератсияи Босния ва Ҳерсоговина (10 музофот дорад) ва Ҷумҳурии Сербия, ки дорои 5 минтақа аст (пойтахташ — Баня-Лука) иборат мебошад. Идҳои миллӣ: Рӯзи Истиқлол — 1 март ва Рӯзи Миллӣ — 25 ноябр. Воҳиди пул: маркаи олмонӣ. Забонҳои расмӣ: боснӣ, хорватӣ ва сербӣ.

Сохти давлатӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Сардори давлат — Раёсати коллективӣ, ки дар ҳайати он се намоянда (аз ҷамъияти Босния, Сербия ва Хорватия) дохиланд ва ба муҳлати 4 сол интихоб мешаванд. Ҳар яке аз онҳо ба навбат, ба муддати 8 моҳ, Раёсатро сарварӣ мекунанд. Мақоми қонунгузор — Ассамблеяи парламентии дупалатагӣ (Скупшина) аз Палатаи намояндагон (42 ҷой, 28 нафар аз Босния ва Ҳерсеговина, 14 нафар аз Ҷумҳурии Сербия, ки тариқи раъйпурсии кушод интихоб мешаванд) ва Палатаи мардумӣ (15 ҷой — 5 босниягӣ, 5 сербӣ ва 5 хорватӣ, ваколаташон 4 сол) иборат аст, ки аз тарафи парламенти Федератсияи Босния ва Ҳерсеговина ва Ҷумҳурии Сербия интихоб мешаванд. Мақоми олии иҷроия — Шӯрои вазирон, ки онро Раёсат таъсис медиҳад. Мақоми олии судӣ — Суди конститутсионӣ, ки аз 9 аъзо (4 нафар аз Палатаи намояндагони Босния ва Ҳерсеговина, 2 нафар аз Ассамблеяи Миллии Ҷумҳурии Сербия ва 2 нафар аз Суди аврупоии ҳуқуқи инсон) иборат аст. Босния ва Ҳерсеговина узви СММ, Фонди байналмилалии асъор, ИДМ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ мебошад. Муносибатҳои дипломатии Босния ва Ҳерсеговина бо Тоҷикистон аз 12 январи 1977 барқароранд. Қароргоҳи сафири Босния ва Ҳерсеговина дар Тоҷикистон дар шаҳри Маскав. Ҳоло (2012) муносибатҳои дуҷонибаи сиёсии Тоҷикистону Босния ва Ҳерсеговина бо мубодилаи паёмҳо маҳдуд буда, ҳанӯз заминаи қарордодию ҳуқуқӣ муҳайё нагардидааст.

90 дарсади табиати Босния ва Ҳерсеговина-ро кӯҳҳои ҷавони ба куҳнавардӣ мувофиқ ташкил медиҳанд. Қ-кӯҳи нисбатан тӯлонӣ — Динор (баландиаш 1913 м) дар сарҳадди ғарбии Босния ва Ҳерсеговина ҷойгир аст. Инчунин силсилакӯҳҳои Враниса (баландиаш то 2112 м), Вран (то 2074 м), Бйелашниса (то 2067) вомехӯранд. Нуқтаи баландтарини Босния ва Ҳерсеговина кӯҳи Миглич (2386 м) буда, дар қисми ҷануби шарқии мамлакат воқеъ аст. Кӯҳҳои Динор аз оҳаксанг, доломит иборат буда, ғору чоҳҳои зиёде дорад. Ба қисми ғарбиии мамлакат пастии Дунайи Миёна дохил мешавад. Дар Босния ва Ҳерсеговина захираҳои зиёди ангишти тира, маъдани оҳан, боксит мавҷуданд. Конҳои нуқра, сурб ва манган низ дорад. Иқлими пастиҳои Дунайи Миёна ва доманаи кӯҳҳо муътадил. Ҳарорати миёнаи июл 22-230 С, январ −1-20С. Боришоти солона 600—700 мм. Дар навоҳии кӯҳӣ тобистонаш муътадил, зимистонаш хунуки қаҳратун (боришоти солона 1500—2500 мм). Иқлими ҷануби мамлакат субтропикӣ ва баҳримиёназаминист. Дарёҳои калонаш — Саво (шохоби Дунай) ва шохоби он Дрина. Шохобҳои Саво: Босна, Врбас, Сано ва Уно. Дар қисми ҷанубии Босния ва Ҳерсеговина д. Неретва ҷорист, ки ба Баҳри Адриатика мерезад. Хоки Босния ва Ҳерсеговина асосан сиёҳхок буда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳҳо хоки тираи ҷангалӣ ва пӯсидаи карбонатдор ба назар мерасад. 46 дарсади Босния ва Ҳерсеговина-ро бешазор фаро гирифтааст. Дар бешазорҳо дарахтони булут, олаш, санавбар, коҷ, кулкан (граб) мерӯянд. Дар навоҳии баландкӯҳаш марғзорҳои алпӣ вомехӯранд. Дар бешазор силовсин, мири мушон, хирс, гург, рӯбоҳ, гуроз ва гавазн боқӣ мондаанд. Ҳудудҳои ҳифзшавандаи Босния ва Ҳерсеговина: боғҳои миллии Сутйеска, Козара. Заминҷунбиҳои харобиовар ва фурӯравии замин хатарҳои табиии Босния ва Ҳерсеговина ба ҳисоб мераванд. Мушкили асосии экологии Босния ва Ҳерсеговина нобуду кам шудани бешазорҳо, инчунин чиркиншавии муҳит аз партовҳои корхонаҳои маъдангудозӣ мебошад.

Ҳайати этникии Б. ва Ҳ-ро босниягиҳо (48 %), сербҳо (37,1 %), хорватҳо (14,3 %), югославиягиҳо, албаниягиҳо, македониягиҳо, черногориягиҳо ва ғ. ташкил медиҳанд. Босниягиҳо дар қисми марказии мамлакат, сербҳо дар шарқу ғарб, хорватҳо дар ҷануб-ғарби Босния ва Ҳерсеговина зиндагӣ мекунанд. Забони расмӣ — босниягӣ, сербӣ ва хорватӣ буда, забони гуфтугӯяшон қариб аз ҳамдигар фарқ намекунад. Навишти хорватҳо ва босниягиҳо бо хатти лотинӣ, сербҳо бо хатти кириллӣ сурат мегирад. 40 дарсади аҳолӣ муътақиди дини ислом (босниягиҳо ва албаниягиҳо), 31 дарсад эътиқодмандони мазҳаби православӣ (сербҳо, черногориягиҳо, мақдуниҳо), 15 дарсад муътақиди католитсизм (хорватҳо) ва 14 дарсади аҳолӣ пайрави динҳои дигар мебошанд. Синни миёнаи умри аҳолӣ 78 сол: (мардон — 74,3, занон — 81,9.). Зичии миёнаи аҳолӣ — 78,6 нафар дар 1 км2. Қисмати марказӣ ва шимолии мамлакат сераҳолӣ буда, қисмати ғарбӣ ва ноҳияҳои кӯҳистон камаҳолианд. Шаҳрҳои бузургтаринаш: Сараево (Сарой), Баня-Лука, Зенитса, Тузла.

Дар аввали асри нав Босния ва Ҳерсеговина ба ҳайати музофоти Иллирийи Империяи Рум дохил буд. Аз охири асри 6 дар он қабилаҳои славянӣ маскун шуда, бо аҳолии маҳаллӣ омезиш ёфтанд ва ду вилоят — Босния ва замини Холмро (миёнаи асри 15 номи Ҳерсеговинаро гирифт) ба вуҷуд оварданд. Дар асрҳои 8-12 хоки Босния ва Ҳерсеговина ба навбат зери тасарруфи Рум, Маҷористон ва Хорватия қарор мегирифт. Дар охири асри 12 дини насронӣ ҷорӣ карда шуд ва дар ҳамин давра князигарии соҳибистиқлоли Босния, ки Герсеговина низ дар ҳайати он буд, таъсис ёфт ва дар нимаи 2-юми асри 12 ба шоҳигарӣ мубаддал гардид. Дар асри 15 онро Империяи Усмонӣ зери тасарруфи худ даровард ва қисми зиёди аҳолии славянӣ дини исломро қабул кард. Ин ашхос асосан обидон ва муътақидони маъбадҳои шаҳри Рум ва империяи Рум, инчунин аҳолии ба имтиёзҳои андоз ниёзманди шаҳру деҳот ва ғ. буданд. Муътақидони мазҳаби православӣ ва католикӣ хеле кам боқӣ монданд. Аз байни онҳо гурӯҳи партизании гайдукҳо ба вуҷуд омад, ки барои истиқлол ба муқобили туркҳо мубориза мебурд. Баъди исёни Босния ва Ҳерсеговина ва ҷанги байни туркҳову русҳо (1877-78) мамлакат, ки тибқи қарори конгресси Берлин сулҳи Сан-Стефанро оид ба соҳибистиқлолӣ соҳиб гашта буд (1878), аз ҷониби Империяи Австрияву Маҷористон забт карда шуд. Баъди пош хӯрдани Империяи Австрияву Маҷористон Босния ва Ҳерсеговина ба ҳайати шоҳигарии сербҳо, хорватҳо ва словениягиҳо ворид гардид (аз соли 1929 шоҳигарии Югославия). Соли 1941 дар натиҷаи аз тарафи фашистони олмонӣ торумор гардидани Югославия ҳудуди Босния ва Ҳерсеговина ба ҳайати «Давлати мустақили Хорватия»-и Иттиҳоди Олмон ҳамроҳ карда шуд. Дар рафти ҷанги халқӣ-озодихоҳӣ (1941-45) дар Югославия Босния ва Ҳерсеговина, ки маркази ҳаракатҳои партизании зиддифашистӣ буд, озод карда шуд ва яке аз шаш ҷумҳуриҳои Ҷумҳурии Халқии Федеративии Югославия (дертар Ҷумҳурии Сотсиалистии Федеративии Югославия) гардид. Соли 1990 дар Босния ва Ҳерсеговина бори нахуст раъйпурсии бисёрҳизбӣ дар парламент баргузор шуд. Дар натиҷа ба сари ҳокимият ҳизбҳое омаданд, ки аз гурӯҳи миллӣ-динӣ (босниягиҳои мусулмон, сербҳо, хорватҳо) буданд. Байни онҳо муборизаи сиёсӣ дар масъалаи сохти давлатдории оянда вусъат меёфт. Барномаи ҳар се ҳизб бо ҳам мувофиқат намекард. Хорватҳо талабгори он буданд, ки тамоми мамлакат ё худ дар камтарин ҳолат ноҳияҳое, ки дар онҳо хорватҳо мезистанд, бо Хорватия муттаҳид шавад. Сербҳо барои ба Сербия ҳамроҳ шудан дар доираи Федератсияи Югославия талош меварзиданд, босниягиҳо барои дар тамоми ҳудуди мамлакат бунёд гардидани давлати муттаҳиди мусулмонӣ ҷаҳду кӯшиш менамуданд. Созиши муваққатӣ дар вазъияти баамаломада роҳи таъсиси ниҳоди ҳукмронии коллективонаро пайдо кард, ки дар раёсати Босния ва Ҳерсеговина намояндагони ҳам ҷамъияти босниягӣ, ҳам сербиягӣ ва ҳам хорватӣ дохил буданд. Мувозинаи нопойдор баъди аз ҳайати Югославия баромадани Словения ва Хорватия (июни 1991) барҳам хӯрд. Сарвари ҳокимияти қонунбарори Босния ва Ҳерсеговина Алия Иззатбекович аз ҳукумати Югославия талаб намуд, ки истиқлоли Босния ва Ҳерсеговина эътироф карда шавад. Апрели 1992 ба Босния ва Ҳерсеговина ҳуқуқи соҳибистиқлолӣ дода шуд ва он ҳамчун давлати Иттиҳоди Аврупо ва ИМА эътироф гардид. Дар ин муддат вакилони сербиягӣ тарки парлумон карданд ва таъсиси Ҷумҳурии Сербияро ба миён гузоштанд. Он замон хорватҳо низ таъсиси давлати Герсег-Боснаро эълон намуданд. Соли 1992 амалиёти ҷангӣ байни тарафҳои муқобилақида вусъат ёфт. Ба сербҳои босниягӣ аз ҷониби ҳукумати Сербия, ки сарвараш Слободан Милошевич буд ва Лашкари Мардумии Югославия ёрию дастгирӣ мерасид. Дар ин ҷанг аз ҳама бештар мусулмонҳо саркӯб карда шуданд (қариб 8 ҳазор нафар дар натиҷаи амалиёти ҷангӣ бо сарварии генерали сербӣ Рато Младич кушта шуданд). Шумораи умумии қурбониёни ин ҷанг ба 100—110 ҳазор нафар ва гурезаҳо то ба 2,2 млн нафар расида буд, ки дар таърих баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз ҳама харобиовартарин ҷанг ба ҳисоб мерафт. Дар деҳоти Бикавас 27 июни 1992 аз тарафи сербҳо 70 нафар босниягии мусулмон зинда сӯзонда шуданд. Иттиҳоди Аврупо ва СММ барои ба низом даровардани вазъияти баамаломада мудохила намуда, чораҳои зарурӣ андешиданд. Соли 1995 барои барҳам додани ҷанг як қатор нақшаҳои сулҳҷӯёна пешниҳод карда шуд. Дар ҳудуди Босния ва Ҳерсеговина таъсис додани як давлат таҳти роҳбарии ҳукумати коалитсионӣ аз ҳисоби се халқи асосӣ, ки байни ҳам муносибатҳои тезу тунд доштанд, яке аз шартҳои асосии ин нақша буданд. Дар натиҷаи ҷидду ҷаҳди Иттиҳоди сулҳ ва дар рафти гуфтушуниди Дейтон (ИМА), ки ноябри 1995 байни пешвоёни Босния, Югославия ва Хорватия бо иштироки намояндагони Русия, ИМА ва Иттиҳоди Аврупо сурат гирифта буд, Созишномаи сулҳ оид ба низом даровардани низои босниягиҳо пешниҳод карда шуд. Декабри 1995 дар Порис ҳуҷҷатҳои Созишномаи сулҳ ба имзо расид. Созишномаи Дейтон таъсиси Мақомоти ягонаи идоракунандаро барои тамоми Босния ва Ҳерсеговина ва дар мамлакат мавҷуд будани ду давлат-Федератсияи Босния ва Ҳерсеговина ва Ҷумҳурии Сербияро баррасӣ намуд.

Дар Босния ва Ҳерсеговина зиёда аз 30 ҳизби сиёсӣ ва муттаҳид амал мекунанд, ки дар асоси миллию динӣ бунёд шудаанд. Ҳизби амалиёти демократӣ, Ҳизби барои Босния ва Ҳерсоговина, Иттиҳоди демократии Хорватия, Иттиҳоди миллии Сербия, Ҳизби сотсиал-демократҳои мустақил, Ҳизби сотсиалистии Ҷумҳурии Сербия, Ҳизби демократии Сербия нисбатан бонуфузанд.

Босния ва Ҳерсеговина дар Аврупо аз ҷиҳати ҳаҷми ММД яке аз ҷойҳои охиринро ишғол менамояд. Сиёсати иқтисодии Босния ва Ҳерсеговина ба ду самт равона карда шудааст: барқарор кардани харобкориҳои хоҷагии замони ҷанг ва ҷорӣ намудани ислоҳот дар асоси муносибатҳои бозорӣ. Иқтисодиёт бештар бо кумаки молиявии байналмилалӣ барқарор карда мешавад. Босния ва Ҳерсеговина барои дохил шудан ба Иттиҳоди Аврупо барномаи васеи хусусигардонии соҳаҳои саноатиро қабул намуд, ки он барои ҷалби маблағгузорӣ (инвеститсия)-ҳои хориҷӣ имкон фароҳам овард. Соли 2010 ҳаҷми ММД 16,202 млрд долларро ташкил медод, ки 30 дарсади он ба ҳиссаи маҳсулоти саноат, 14,2 % ба кишоварзӣ ва 55 % ба соҳаи хидматрасонӣ ва дигар соҳаҳо рост меояд. Истеҳсоли нерӯи барқ дар як сол 10,5 млрд кВт соат. Саноати истихроҷи маъдан низ дар иқтисодиёти Босния ва Ҳерсеговина мавқеи бузург дорад. Асоси соҳаи саноати истихроҷи маъданро истихроҷи маъдани оҳан (Любия, Вареш), ангишти тира (дар наздикии Биелина, Сребинйе, Требине, Добой, Мостар), боксит (Власениса, Яйсе, Любине, Босанска-Крупа) ташкил медиҳад. Инчунин истихроҷи намаки ошӣ, барит, асбест, оҳаксанг ва санги мармар роҳандозӣ шудааст. Дар корхонаҳои филиззот (металлургия)-и сиёҳ ва рангаи мамлакат пӯлод, алюминий, мис, сурб, руҳ ва хӯлаи оҳан гудохта мешаванд (дар Зениса, Тузла, Мостар, Баня-Лука, Вареш, Зворник). Корхонаҳои бузурги мошинсозӣ (з-ди коркарди филлизот, з-ди истеҳсоли автомашина ва таҷҳизот) дар Баня-Лука воқеъ буда, дар шаҳри Копачи ноқили барқ истеҳсол карда мешаванд. Саноати кимиё низ соҳаи муҳим буда, асосан ишқори азот, сода, локҳо, воситаҳои рангдеҳ, маводди шустушӯй ва лавозимоти тиббӣ истеҳсол мекунад. Дар ш-ҳои Босанки-Брод ва Модрич ду корхонаи коркарди нафт, дар Власенисе, Братунасе, Сараево, Баня-Лука корхонаҳои коркарди чӯб ва истеҳсоли селлюлозаву коғаз фаъолият доранд. Соҳаи асосии саноати хӯрокворӣ истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ, қаннодӣ, мармалод, консерваи сабзавот ва шаробпазӣ мебошад.

Соҳаи асосии кишоварзии Босния ва Ҳерсеговина рустанипарварӣ буда, зироатҳои ғалладона — гандум, ҷуворӣ, ҷавдор, ҷав ва зироатҳои техникӣ — лаблабуи қанд, тамоку, офтобпараст парвариш мекунанд. Картошка, сабзавот (помидор, қаланфур, карам, сабзӣ, пиёз, сир), меваҷот (себ, олу, нок, тамашк, қулфинай) низ мепарваранд. Дар ҷануби мамлакат токдорӣ, парвариши мандарин, шафтолу ва зардолу ривоҷ дорад. Ба парвариши гов, гӯсфанд, хук ва паранда машғуланд. Хоҷагии ҷангали Босния ва Ҳерсеговина низ ғанӣ буда, соле 10,5 млн м3 чӯбу тахта тайёр мекунад. Саноати моҳидорӣ низ тараққӣ кардааст.

Нақлиёт. Дарозии умумии хатти р. о. 1021 км, ки аз он 795 км роҳи барқӣ аст. Хатҳои муҳимми р. о.-и мамлакат: Плоче-Мостар-Сараево-Зенитса-Добой-Босански-Шамас; Бихач-Босанск-Нови-Приедор-Баня-Лука-Добой-Тузла. Дарозии уммии роҳи автомобилгард 21846 км, аз он 11424 км бо асфалт пӯшида шудааст. Нақлиёти автомобилӣ воситаи асосии кашондани бор ва мусофирон аст. Дарозии хатти лӯлаи интиқоли нафт-9 км, лӯлаи интиқоли газ-170 км. Аз тариқи бандари баҳрии Хорватия соле аз Босния ва Ҳерсеговина 5 млн т бор кашонида мешавад. Босния ва Ҳерсеговина 27 аэропорт, аз ҷумла аэропорти байналмилалӣ (дар шаҳри Сараево) дорад.

Босния ва Ҳерсеговина ба хориҷа хӯлаи алюминий, хӯлаи оҳан, маҳсулоти чӯб ва чӯбу тахта, қувваи барқ ва ғ. содир намуда, аз хориҷа таҷҳизоти саноат, маҳсулоти саноати сабук ворид менамояд. Босния ва Ҳерсеговина асосан бо Хорватия, Словения, Олмон, Итолиё, Австрия, Туркия, Маҷористон робитаҳои иқтисодӣ дорад. Аҳолии қобили кор — 2,6 млн, қариб 19 дарсади аҳолӣ дар ҳолати қашшоқӣ қарор доранд. Соҳаи сайёҳӣ дар ҳолати барқароршавӣ аст. То замони низои ҳарбӣ ин соҳа даромаднок буда, 2,5 дарсади ММД-и мамлакатро ташкил медод. Айни замон мавзеъҳои ҷолибу тамошобоб ва барои сайёҳии лижаронӣ мувофиқ дар ноҳияҳои кӯҳии Яхорина, Белашниса, чашмаҳои обҳои минералӣ дар наздикии Сараево, Тузла, Теслича, Олово, Сребрениса, Вишеград мавҷуданд. Соҳилҳои Баҳри Адриатика дар як сол 270 рӯзи офтобӣ дошта, барои ривоҷи осоишгоҳи иқлимӣ мувофиқ аст.

Беҳдошту саломатӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба ин соҳа 10, 9 дарсади ММД рост меояд. Соли 2010 ба ҳар 10 ҳазор нафар аҳолӣ 14,6 табиб ва 31 кати беморӣ рост меомад. Бо кумаки ташкилотҳои байналмилалӣ беморхонаҳои харобгашта барқарор ва беморхонаҳои наву замонавӣ бунёд карда шуданд.

Кумитаи олимпии Босния ва Ҳерсеговина соли 1992 таъсис ёфтааст, варзишгарон аз соли 2000 дар Бозиҳои олимпӣ ширкат варзида, дар мусобиқаҳои байналмилалӣ оид ба варзиши сабук, волейбол, гандбол, бадминтон, теннис, шиноварӣ қувваозмоӣ мекунанд. Намудҳои маъмултарини варзиш дар Босния ва Ҳерсеговина — баскетбол ва футбол. Ҷуду, каратэ, кикбоксинг, самбо, бокс низ ривоҷ ёфтааст. Яке аз воқеаҳои муҳимми варзишии Босния ва Ҳерсеговина ин баргузории Бозиҳои олимпии 14-уми зимистонӣ дар шаҳри Сараево (1984) мебошад.

Маълумоти томактабӣ дар боғчаҳои бачагон барои кӯдакони 3-7-сола дода мешавад. Дар мамлакат низоми таълими ҳатмии миёна ҷорӣ карда шудааст ва таълим аз 3 зина иборат аст: зинаи аввал — мактаби 8-солаи таҳсилоти асосӣ барои кӯдакҳои 7-11-сола ва 11-15 сола, зинаи дуюм — гимназияҳои 4-сола ё худ мактабҳои миёнаи касбӣ-техникӣ барои наврасони 15-19-сола; зинаи сеюм донишгоҳҳо. Маълумоти олии дараҷаи 1-ум (2-3 соли таълим), дараҷаи 2-юм (маълумоти касбӣ дар ҳар соҳаи илмҳои гуногун ва санъат — 4-5 соли таълим), дараҷаи 3-юм (магистр бо омодасозии лоиҳаи таҳқиқот), зинаи 4-ум (доктори илм бо ҳимояи рисола) муқаррар шудааст. Дар Босния ва Ҳерсеговина 4 донишгоҳ: дар Сараево (1949), Баня-Лука, Мостар, Тузла (1970), академияҳо, коллеҷи омӯзгорӣ дар Биелин, академияи омӯзгории 2-сола (барои боғчаи бачагон мураббияҳо ва барои мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ омӯзгорон тайёр мекунад) мавҷуданд. Омӯзгорони мактабҳои миёнаи махсус дар донишгоҳ таълим мегиранд. АИ Босния ва Ҳерсеговина соли 1966 дар Сараево таъсис ёфтааст. Ин-тҳои таҳқиқоти илмӣ низ мавҷуданд.

Адабиёти кишвар

[вироиш | вироиши манбаъ]

Китоби нахустин дар Босния ва Ҳерсеговина ба забони глаголӣ ва кириллӣ навишта шуда, хусусияти динӣ дошт. Баъди забти Империяи Усмонӣ фаъолияти адабӣ ба равияҳо (ҷамъиятҳо-обшинаҳо)-и динӣ нигаронда шуда буд. Адибони мусулмони босниягӣ асарҳои худро ба забонҳои арабӣ, туркӣ, форсӣ ва хорватӣ таълиф мекарданд. Давраи эҳёи миллии хорвату сербҳо дар асри 19 дар асарҳои нависандагон инъикос мегардид. Аз байни эҷодкорони хорватӣ роҳиб Иван Франо Юкич, ки сармуҳаррири нахустин маҷаллаи адабии Босния ва Ҳерсеговина — «Босанский приятель» буд, аз нависандагони сербӣ Сима Милутинович, Никифор Нинкович машҳур буданд. Дар асри 20 нависанда Иво Андрич шуҳрати ҷаҳониро соҳиб гардида, барои асари худ «Пул тариқи Дрина» сазовори Мукофоти нобелӣ шуд. Ӯ воқеаҳои таърихӣ ва муҳорибаи байни яҳудиёну мусулмонҳо ва католикҳоро дар тӯли солҳои 1516—1914 навиштааст. Байни нависандагони асри 20 асарҳои Маҳмад Меша Салимович (зодаи шаҳри Тузла) маъмул гардида буд.

Меъморӣ, ҳунарҳои таҷассумӣ ва ороишӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Босния ва Ҳерсеговина ёдгорҳои санъати меъмории давраи келтҳо, иллириягиҳо ва димнаҳои мансуби маданияти Руми Қадим (Домавиум, номи пешинааш Домавия), маданияти асримиёнагии романӣ ва готика боқӣ мондаанд. Дар давраи кишваркушоиҳо ва ҳукмронии Империяи Усмонӣ дар санъати меъмории Босния ва Ҳерсеговина услуби меъмории исломӣ ривоҷ ёфт ва он дар осори биносозию ёдгорҳои меъмории Абдулманнон Синон ба авҷи инкишоф расид. Пули сангини Вишеград, ки иборат аз 11 равоқ ва 180 м буда, дар болои д. Дрина бунёд шудааст, намунаи осори муҳимми услуби санъати муҳандисии асримиёнагии туркӣ ба ҳисоб меравад ва соли 2007 ба Рӯйхатти Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил карда шудааст. Инчунин Масҷиди Султон, ки дар шаҳри Сараево бунёд гашта, ба шарафи султон Сулаймони I номгузорӣ шудааст, яке аз қадимтарин ёдгорҳои меъмории Босния ва Ҳерсеговина мебошад. Намуди хосси биноҳои қадимии Босния ва Ҳерсеговина аз қалъаҳои мудофиавӣ ва иморатҳои дуошёнаи пӯшишаш чорпаҳлӯ иборатанд. Дар давраи ҳукмронии австриягиҳо иморатҳои бузург бо услуби мавританӣ сохта мешуданд. Намунаи олии услуби меъмории модернизм дар миёнаҳои асри 20 дар иншооти дар шаҳри Сараево бунёдгашта (меъмор Ю. Нейдхарт) зуҳур ёфта, солҳои 1920-40 услуби миллии меъморӣ (мусаввараҳои шаҳри Бошарич, В. Димитриевич, И. Муезинович) вусъат ёфт. Саноеи кулолӣ, наққошӣ дар рӯйи сафол, қолинбофӣ, гулдӯзӣ, бахядӯзӣ бо муҳра ва ғ. хеле тараққӣ карданд

Осорхона, матбуот, радио, телевизион

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар шаҳри Сараево Осорхонаи миллии Босния ва Ҳерсеговина, нигористони мусаввараҳо, китобхонаи миллӣ (1945), дар Тузла китобхонаҳои оммавӣ, донишгоҳӣ ва минтақавии «Дервис Сусик» (1946; ба шарафи нависанда ва собиқ директори китобхона номгузорӣ шудааст) мавҷуданд. Рӯзномаи бузургтарини мамлакат «Ослободенье» (1943) дар шаҳри Сараево нашр мешавад. Барномаҳои радио ва телевизиони давлатӣ дар Босния ва Ҳерсеговина дар 4 шабакаи радиоӣ ва 2 шабакаи телевизионӣ пахш мегардад.

  1. Agency for Statistics of Bosnia and Herzegovina. DEMOGRAFIJA DEMOGRAPHY 2021. — 2021.
  2. Босния и Герцеговина подала заявку на вступление в Евросоюз. // lenta.ru. 23 марти 2016 санҷида шуд.