Jump to content

Боғи ботаникии Кӯлоб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Боғи ботаникии Кӯлоб — муассисаи илмию таҷрибавии АИ ҶТ. Соли 1985 дар қисми шимолу шарқии шаҳри Кӯлоб таъсис ёфтааст. Баландиаш аз с. б. 630—647 м.

Масоҳати боғ сараввал 6,8 га буд. Феълан он дар 16 га доман густурдааст (2012). Б. б. К. бо мақсади омӯзиши хусусиятҳои биоэкологӣ, ҳифз ва зиёд кардани набототи маҳаллӣ, мазрӯъ гардондани рустаниҳои худрӯйи манфиатбахш ва ғ. таъсис ёфтааст. Ба он зиёда аз 2450 намуд, навъ ва хелҳои дарахту бутта оварда шудаанд, ки мансуби 49 оила ва 137 ҷинс мебошанд. Ҳоло дар боғ зиёда аз 150 намуди рустанӣ парвариш меёбад, ки 25 намуди онҳо ба «Китоби сурхи Тоҷикистон» ворид гардидаанд (2012). Кормандони боғ зиёда аз 300 намуди гулро санҷида, барои сабзкории шаҳр тавсия додаанд. Дар боғ оид ба рустаниҳои доруӣ низ таҳқиқот анҷом дода мешавад. Ҳамчунин роҳҳои аз тухму пиёзак сабзондани зира, гули лола (8 намуд), пиёзи кӯҳӣ (15 намуд), сичак (13 намуд), савсан (4 намуд), сиёҳгӯш (5 намуд), субинак, ҷамбилак, пудина, маҳмил, ҳолмон ва ров дарёфт шудаанд. Хусусан таҷрибаҳо оид ба парвариши зираи форсӣ, субинак, ҷамбилаки кӯҳӣ, аҷик ва ҳазориспанд ҷолиби диққат мебошанд. Боғ бо Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, коллеҷҳои тиббӣ ва омӯзгорӣ робитаи зич дорад. Натиҷаҳои таҳқиқоти ходимони боғ дар рӯзномаю маҷаллаҳо ба табъ мерасанд.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Бобоев Т. Бӯстони Кӯлоб. Кӯлоб, 1992;
  • Бобоев Т., Бобоев М. Кабудизоркунии муҳити зист. Д., 2007;
  • Бобоев Т., Бобоев М. Ниҳолхона (Питомник). Д., 2008;
  • Бобоев Т., Бобоев М. Роҳҳои парвариши зираи форсӣ. Д., 2010;
  • Бобоев Т., Бобоев М. Рустаниҳои нодиру камёфтро ҳифз менамоем. Д., 2010.