Jump to content

Боғи ботаникии Хуҷанд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Боғи ботаникии Хуҷанд — муассисаи илмиву таҷрибавӣ. Соли 1955 таъсис ёфтааст. Дар шим. Тоҷикистон, дар соҳили рости д. Сир воқеъ аст. Баландиаш аз с. б. – 333 м. Масоҳат – 16 га буда, тақр. 3 га-ро тӯғайзори табиӣ фаро мегирад. Ҳудуди Боғи ботаникии Хуҷанд аз қитъаҳои набототи Осиёи Марказӣ, Қрим, Қафқоз, Осиёи Пеш ва Баҳри Миёназамин, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Аврупои Ҷанубӣ ва Сибир иборат буда, дар маҷмӯъ 879 намуди рустаниҳои ороиширо дар бар дорад. Дар Боғи ботаникии Хуҷанд беш аз 600 намуди рустанӣ месабзад, аз ҷумла, 90 намуди гиёҳе, ки ба шароити иқлими маҳал мутобиқ карда шудаанд, арча, паттаарча, булут, нормушк, беш аз 200 навъи гул (55 навъи довудӣ, 28 навъи ёқутӣ ва ғайра). Дар кори ғанӣ гардонидани олами набототи Боғи ботаникии Хуҷанд саҳми ходимони муассиса Қодирова М., Ерёмина Н. Н., Абрамян Э. А., Гобисова А. И., Винокурова П. П., Лисовская А. В., Домуллоҷонов С. ва диг. назаррас аст. Ходимони Боғи ботаникии Хуҷанд аз кӯҳи Мевағул ва қ-кӯҳи Қурама намудҳои нодири рустаниҳоро оварда, парвариш ва дар сабзкории хиёбону гулгаштҳо истифода мекунанд. Дар туғайзори табиии Боғи ботаникии Хуҷанд туранға, санҷид, бед, тут ва диг. буттаву нимбуттаҳо, ки солҳои пеш дар ҳавзаи дарёи Сир хеле бисёр буданд, парвариш карда мешаванд. Боғи ботаникии Хуҷандбо чандин муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ ва берун аз он робита дорад.

Инчунин нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пряхин М. И. Пальмы в Ленинабаде//Ботанический журнал. Т. 45, № 5, 1960; Юсупов Ю., Дадабаев И. Декоративные растения для вертикального озеленения//Уч. зап. Худжандского государственного университета имени акад. Б. Гафурова [Естественные и экономические науки], № 4, 2011.