Jump to content

Боғучорбоғ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Боғучорбоғ
Boguchorbog
Кишвар  Ӯзбекистон
Вилоят Қашқадарё
Ноҳия Деҳқонобод
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 15 000 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ ӯзбекӣ
Пешшумораи телефон +998

Боғучорбоғ (ӯзбекӣ: Boguchorbog) — деҳаи тоҷикнишин дар ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон. Масоҳаташ тақрибан 160 км2. Аҳолиаш беш аз 15 000 нафар (2017), пурра тоҷик забонанд.

Аҳолии деҳа зиёда аз 15000 нафарро ташкил дода 100%-и бошандагони деҳа тоҷикон мебошанд. Аҳолии ин деҳа аз замонҳои қадим ба ин мавзеъи сероб ва иқлимаш форам аз шаҳрҳои бостонии Насаф, Самарқанду Бухоро кӯч баста, то ба имрӯз дар инҷо умр ба сар мебаранд. Бо омадани Ҳукумати Шӯравӣ дар аввалҳои садаи XX тибқи тақсимоти он давра деҳаи мазкур дар ҳудуди ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарёи Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Узбекистон мондааст.

Забони гуфтугӯӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Тоҷикони Боғучорбоғ бо забони модарии худ ифтихор доранд ва забони тоҷикиро хифзу пос медоранд. Дар Боғучорбоғ зиёда аз 70 сол инҷониб 4-адад мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ аз он ҷумла мактаби миёнаи №47, мактаби миёнаи таҳсилоти умумии ба номи Аҳмади Дониш, мактаби миёнаи № 45 ва мактаби миёнаи ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият доранд, ки то имрӯз таълим пурра ба забони тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст. Устодони мактабҳои мазкур зодагони деҳа буда қариб ҳамаи онҳо хатмкардагони Донишгоҳҳову донишкадаҳои шаҳрҳои Душанбе,Самарканд ва Бухороянд. Боғучорбоғ аз 10- деҳаҳои хурд; Дуоб, Чуқун, Қишлоқи сафед, Қишлоқи калон, Чилгаз, Оби Хешон, Боғи зоғон, Сталин ва Чашмаи Мирон иборат мебошад. Дар дарвозаи (арк) даромадгоҳи Боғучорбоғ «ХУШ ОМАДЕД» ва ҳангоми баромадан «РОҲИ САФЕД» навишта шудааст.

Мардумонаш меҳмоннавоз, санъатдӯст ва меҳнатдустанд. Асосан бо зироаткори, чорводори, гилему колинбофи, богпарвари ва тичорат машгул мебошанд. Богучорбог дар як мавзеъи дилрабою зебо ҷойгир гардида табиати нотакрор дорад. Мардуми захматкашаш аз замин самаранок истифода бурда ба зироатпарварию дехкони машгул буда ба коридани гандуму чав, юнучка, картошка, парвариши дарахтони себу чормагз ахамияти чидди медиханд. Себҳои ин деҳа дар Узбекистон хеле машҳур буда сохибкорон аз тамоми манотики Узбекистон ба деҳа омада себхоро харидори менамоянд.Мардуми ин мавзеъ дар пухту пази хурокҳои миллии тоҷики моҳиранд. Алалхусус тандуркабобро бехамто омода мекунанд.

Аз ин деҳа дар давраи сад солаи охир аҳолии зиёде ба хар шаҳру ноҳияхо, аз ҷумла: ба ноҳияхову шаҳрҳои Дехконобод, Ғузор, Нишон, Яккабог, Шахрисабз, Карши, Дехнав, Самарканд, Бухоро, Душанбе, Тошканд ва ғайра куч бастаанд ва то хол дар кучое, ки зиндагони мекунанд сарбаландона забони модариашонро пос дошта аз тоҷик буданашон фахр менамоянд.

Санаи 24-январи соли 2017 аз ҷониби Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев, раиси маркази миллии фарҳангии тоҷикони вилояти Қашқадарё, Абдурасул Эргашев, профессори кафедраи автоматикунони ва технологияҳои иттилоотии донишкадаи мухандисию-иктисодии Карши, ки зодаи Боғучорбоғ мебошад, барои мустахкам намудани равобити ду миллат бо ордени «Дусти» сарфароз гардонида шуда буд. Дар ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарё дар умум 24-адад мактабҳои миёна бо забони тоҷикӣ фаъолият доранд.

  • Нурмахмадов Д.Н. Боғучорбоғ - диёри тоҷикон. Душанбе 2018.
  • Таджикская диалектоолгия: Учеб. пособие / М. Эшниезов; Тадж. гос. ун-т им. В. И. Ленина. - Душанбе: ТГУ, 1977
  • Эшниязов, М. Говор хардури [Текст]: 661 - языки народов СССР: Автореферат дис. на соискание ученой степени кандидата филологических наук / Тадж. гос. ун-т им. В. И. Ленина. - Душанбе: [б. и.], 1967.
  • Хомидов, Дилмурод Раджабович. Лингвистический анализ топонимии долины Кешруда: диссертация кандидата филологических наук: 10.02.08. - Душанбе, 1999. - 182 с.
  • Текст на тадж. яз. Иранские языки