Тоҷикон
Кулли ҷамъият | |
---|---|
тақр. 22–35 млн (тахминҳои гуногун) | |
Минтақаҳо бо ҷамъияти қобили таваҷҷуҳ | |
![]() |
9,801,000–14,000,000 (2018) 27–39%[1][2] |
![]() |
9,000,000 (2019)[3] |
![]() |
1,420,000 (2012, official) other, non-official, scholarly estimates are 8 – 11 million[4][5][6] |
![]() |
1,220,000[7] |
![]() |
500,000[8] |
![]() |
201,000[9] |
![]() |
100,000[10] |
![]() |
54,869[11] |
![]() |
52,000[12] |
![]() |
51,069[13]; |
![]() |
40 000[14] |
![]() |
31 000[15] |
![]() |
26 000[16] |
![]() |
15,870[17] |
![]() |
5,300[18] |
![]() |
5,000[19] |
![]() |
4,800[20] |
![]() |
4,255[21] |
Забонҳо | |
тоҷикӣ (порсӣ ва дарӣ) ва баъзан диг. забонҳо | |
Дин | |
Ислом (аксар сунниён ва камтар шиаён-низориён) | |
Гурӯҳҳои қавмии марбут | |
осетинҳо, форсҳо, талишҳо, татҳо, курдҳо, яҳудиёни бухорӣ |

Тоҷикон — халқи ориёиасл буда, аз қадимулаём сокинони аслии Осиёи Марказӣ мебошанд. Тоҷикон баръакс аз порсиён ба гурӯҳи эрониёни шарқӣ шомиланд, ва баъзан онҳоро (асосан дар матлабҳои илмӣ) эрониёни Шарқ меноманд. Тоҷикон аҳолии асосии Афғонистон (Хуросон) мебошанд — зиёда аз 10 то 14 млн, Тоҷикистон — 9 млн, Ӯзбекистон (Варорӯд) — аз 1,8 (расман) то 11 млн, (ғайрирасмӣ), дар умум тақрибан 35 млн нафар.
Таърихи пайдоиш

Аз рӯи нуқтаи назари олимони Ғарб, мардуми тоҷик, ягона миллатест, ки насли аслии халқҳои бостонии эрониёни шарқӣ буда, суғдиён, хоразмиён, бохтариён, тоҳариён ва сако-массагетҳо ва дигар қабилаҳои шарқии эронӣ (туронӣ), ки вуҷуди худро аз ҳазораи дуюми пеш аз милод дар таърихи Осиёи Миёна пай намудаанд, дарбар мегиранд[22].
Забони бостонии тоҷикон, якчанд шева дошт ва шеваҳои асосиаш суғдӣ, хоразмӣ ва бохтарӣ буд ва ба ҳамдигар хешӣ дошт, ки ба гурӯҳи забонҳои эронии шарқӣ дохил мешуд. Дар вақти пойдор гардидани дини ислом ва паҳн шудани забони форсӣ, ки бо муҷоҳидони форс омада буд, ин шеваҳо аз байн мераванд ва забони тоҷикии ҳозира ба мисли забони мардуми форс ба гурӯҳи забонҳои ғарбии эронӣ дохил мешавад[23].
То ҳол, забони яғнобӣ (йағнобӣ зивок) вуҷуд дорад, ки яке аз шеваҳои суғдӣ ба шумор меравад ва бисёр калимаҳои суғдӣ дар водии Зарафшон вақти суханронӣ истифода бурда мешаванд. Инчунин, забонҳои бостонии сакоиҳо дар мардуми Бадахшон эҳтиёт шудааст, ки забонҳои шуғнонӣ, рушонӣ, ишкошимиро дарбар мегирад.
Авалин бор номи тоҷикро ҳамчун "тожик", олим Маҳмуди Қошғарӣ, ки ҳамасри Ибни Сино буд, дар китоби худ сабт кардааст ва маънои онро ҳамчун форсзабонон маънидод кардааст. Дар ашъори шоирони порсигӯй ҳам, калимаи тоҷик бисёр вомехӯрад. Устод Саъдии Шерозӣ дар яке аз шеърҳояш чунин мегуяд:
Шояд ки ба подшоҳ бигуянд:
Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар бораи дӯстии худ бо шоир Алишер Навоӣ чунин нигоштааст:
Ӯ, ки як турк буд ва ман тоҷик,
Лафзи тоҷик ё "тоҷак" ё "тожик" лафзест қадимӣ, ки ба мардуми ориёӣ ё Эрони куҳан ва ё Хуросони бузург таалуқ дорад. Нависандаи дигар гӯяд: Тоҷик шакли миёнаи калимаи ориёии тоифае аст. Н. Ханков мегӯяд, ки ин ном аз тариқи тоҷикӣ — дарӣ гирифта шудааст ва изофа мекунад, ки Зардушт тоҷро монанди салиби насоро ҳамчун аломат истифода мекард ва лафзи тоҷик аз калимаи "тоҷ", ки зиннати сар аст, гирифта шудааст. Хенри Фейлд баҳси тоҷик ( "тожик", "тоҷи", "тоҷик")-ро чунин фушурда месозад:
«Тоҷикон асри ҳозир мардуме ҳастанд, ки бо хушсимоӣ маъруфанд қиёфаи ҷиддӣ абрувони мушаххоси мушкӣ ва чашмони ғизолӣ доранд. Тоҷикон дар воқеъ мардуми машҳуранд, ки на танҳо дар сар то сари Машриқзамин, балки дар тамоми олам сукунат доранд ва то кӯҳҳои Тибет пахш шудаанд.»
Бояд ёдовар шуд, ки калимаи тоҷикро чун афроди "асилзода", "асилзодагон" гӯянд.
Садриддин Айнӣ маънои калимаи «тоҷик»-ро хеле муфассал ва аз ҷиҳати таърихӣ ва забоншиносӣ – этимологӣ таҳлил мекунад ва исбот менамояд, ки калимаи «тоҷик» аз «тоҷ» бармеояд.
Дурустии ин суханро нависанда ва олими эронӣ Алиакбар Деҳхудо тасдиқ мекунад. Асли ин калимаи паҳлавии «ТОҶИК» мансуб ба қабилаи «тоҷ» аст, ки аз қабилаи Эрон буда:
Халқи тоҷик дар давоми таърихи чандинҳазорсолаи худ басо фарозу фуруди рӯзгорро дидааст. Тоҷикон аз асрҳои миёна инҷониб дар зери ҳокимияти сулолаҳои сершумори турку муғулнажод зиндагӣ кардаанд, вале забони тоҷикиро гум накардаанд. Хушбахтона халқи баору номуси тоҷик ба оламиён тоҷики тоҷдор будани худро ба фарҳангу маданияти худ исбот кардааст.
Дин
Аксарияти тоҷикон пайрави мазҳаби суннии ҳанафӣ ҳастанд, ҳарчанд ақаллиятҳои хурди шиъаи исмоилия (асосан дар ВМКБ) ва дувоздаҳ имомӣ низ дар гурӯҳҳои пароканда вуҷуд доранд. Илова бар ин, ҷамоатҳои хурди яҳудӣ (маъруф ба яҳудиёни бухороӣ) аз замонҳои қадим дар шаҳрҳои Самарқанд ва Бухоро ва то андозае дар шаҳрҳои Ҳироту Кобул ва дигар ҷойҳо зиндагӣ мекарданд. Дар асри XX яҳудиёни тоҷик ба кишварҳои Исроил ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳоҷират карданд, ҳарчанд аксари ин муҳоҷирон робитаи худро бо Ватани худ нигоҳ доштаанд. Ба далели зуҳури мубаллиғони масеҳӣ дар Осиёи Марказӣ пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, ҷамъияти масеҳӣ ва атеистии тоҷик якчанд нафарро ташкил медиҳад. Дар манотиқи дурдасти кӯҳистон наздики 100 нафар аз зардӯштиҳо вохӯрда мешавад.
Забон
Тоҷикон аслан бо забони тоҷикӣ сухан мегӯянд.
Шеваҳои забони тоҷикӣ 4 гурӯҳ дорад.
- Шеваи шимолӣ — Шимоли Тоҷикистон (водии дарёи Сир), Ӯзбекистон (вилоятҳои Сурхондарё, Қашқадарё, Сирдарё, Самарқанд, Намангон, Фарғона, Ҷиззах, Тошканд, Андиҷон, Бухоро) ва Қирғизистон
- Шеваи марказӣ — шеваҳои Масчоҳ, Айнӣ, Ҳисор ва Варзоб
- Шеваи ҷанубӣ — шеваҳои водии Рашт ва қисман Ворух ва вилояти Хатлон
- Шеваи ҷанубу шарқӣ — шеваҳои болои Панҷ ва Дарвоз.
Забонҳои дигар
Тоҷикони яғнобӣ ба забони яғнобӣ (ё суғдии нав) ва тоҷикони Бадахшон ба забонҳои эронии шарқӣ (помирӣ) сухан мегӯянд. Забонҳои помирӣ ва забони яғнобӣ ҳамчун забонҳои дар зери хатари нестшавӣ тасниф карда мешаванд. Қайд кардан зарур аст, ки забони яғнобӣ ба гурӯҳи забонҳои эронии шимолу-шарқӣ ва забонҳои бадахшӣ ба гурӯҳи забонҳои шарқӣ, худ забони тоҷикӣ бошад ба гурӯҳи забонҳои ғарбӣ дохил аст. Забони рӯсӣ дар Тоҷикистон ҳамчун забони байни муоширати миллатҳо қабул шудааст. Бинобар ин бисёри тоҷикон бо забони русӣ низ ҳарф мезананд. Тоҷикони назди маҳалҳои ӯзбеку қирғизнишин мутаносибан бо забонҳои ӯзбекиву қирғизӣ сухан мегӯянд. Яҳудиёни тоҷик (яҳудиёни бухоро) бошанд бо лаҳҷаи бухории забони тоҷикӣ ҳарф мезананд.
Мавқеи зист ва тақсимот


Аксарияти тоҷикон дар Осиёи Миёна зиндагӣ мекунанд. Мавқеъи асосии ҷои зист аз шарқ ва шарқу-шимолии давлати ҳозираи Эрон, дар шимоли давлати Афғонистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Покистон ҷойгиранд. Заминҳои расмии мардуми тоҷик, водии Фарғона, Чоч (Тошканд), водии Зарафшон (аз Мастчоҳ сар карда то Самарқанду Бухоро), заминҳои хати резишгоҳи болооби Амударё (дарёи Панҷ), Мурғоб ва Кобул, ва гирду атрофи ҳавзаҳои дарёҳои Ҳилмонду Арғандоб (Афғонистон) аст.

Тоҷикон дар Тоҷикистон


Дар тамоми қаламрави Тоҷикистон тоҷикон сукунат доранд. Дар минтақаҳои Зарафшон ва Рашт омехташавӣ бо дигар миллатҳо кам дида мешавад. Дар минтақаи кӯҳии Кӯлоб ҳам омехташави тоҷикон ноаён аст. Ҳиссаи тоҷикон дар кишвар ба 86% баробар аст. Баландтарин дар ВМКБ ва ш. Душанбе – 94% ва 89,5%, дар Хатлону Суғд бошад — 84% ва 82%, дар НТМ — 85%.
Тоҷикон дар Қазоқистон
Тоҷикон дар нимаанклави ноҳияи Чордара, Сариағоч, Пахтаорал дар Ҷануби Қазоқистон (вилояти Туркистон) зиндагӣ мекунанд. Шумораи онҳо — 41 ҳаз. нафар.

Тоҷикон дар Қирғизистон

Тоҷикон асосан дар вилояти Бодканд, Ӯш ва Ҷалолободи Қирғизистон зиндагӣ мекунанд. Шумораи онҳо — 51 ҳаз. нафар.

Тоҷикон дар Афғонистон
Ҳамаи форсизабонони Афғонистон ба лафзи тоҷикӣ ҳарф мезананд. Вилояти Ҳирот дар тасарруфи тоҷикони ориёӣ аст.
Тоҷикон дар Ӯзбекистон

Тоҷикони Ӯзбекистон то ҳоло симои тоҷикии худро ҳимоя кардаанд. Дар шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Намангон, Тирмиз ва ҳатто шаҳри Тошканд тоҷикон аксари кулли мардуми ин шаҳрҳоро ташкил медиҳанд. Дар вилоятҳои Фарғона, Намангон, Сурхондарё (ҳиссаи баландтарин), Қашқадарё, Самарқанд тоҷикон ақаллияти зиёдтаринро ташкил медиҳанд.
- Вилояти Сурхондарё — 12,5 % (234 ҳаз.)
- Вилояти Самарқанд — 8,8 % (232 ҳаз.)
- Вилояти Намангон —8.9 % (169 ҳаз.)
- Вилояти Фарғона — 5,7 % (154 ҳаз.)
- Вилояти Қашқадарё — 5,8 % (126 ҳаз.)
- Вилояти Тошканд — 4,9 % (113 ҳаз.)
- Вилояти Бухоро — 3,6 % (51 ҳаз.)
- Вилояти Андиҷон — 1,7 % (37 ҳаз)
- Вилояти Ҷиззах — 2,4 % (24 ҳаз.)
- Тошканд — 1.0 % (22 ҳаз.)
Тоҷикон дар Эрон
Дар Эрон ду гурӯҳи бузургнажоде вуҷуд дорад, яке тоҷикони навъи қадим, ки соли 640 ба Ҳиндустон рафтанд ва дигаре эрониёнанд. Тоҷикони даштӣ моҳрутар ва сафедтар аз тоҷикони куҳистонӣ ҳастанд. Тоҷиконе, ки дар марзи Шарқии Эрон, Хуросон ва Форс зиндагӣ доранд, ба лафзу симои тоҷикон дохиланд.
Тоҷикони Эрон аслан муҳоҷирон аз Афғонистон мебошанд.
Тоҷикон дар Покистон
Тоҷикони Покистон асосан бо забонҳои гурӯҳи эронии шарқӣ (помирии) вахонӣ сухан мегӯянд. Зиёде аз онҳо дар вилояти Читрол зиндагӣ мекунанд. Шумораи онҳо — 1 млн. 200 ҳаз. нафар.
Тоҷикони Чин

Тоҷикони Чин гӯяндагони забонҳои вахонӣ ва сариқулӣ мебошанд. Онҳо дар Ноҳияи худмухтори Тошқӯрғон-Тоҷикистони вилояти Шинҷон-Ӯйғуристон зиндагӣ мекунанд. Забонҳои вахонӣ ва сариколиро ҳукумати чин расман забони тоҷикӣ медонад, ва тоҷикон яке аз 54 ақаллиятҳои миллии эътирофшуда дар Чин мебошанд. Шумораи онҳо — наздики 50 ҳаз. нафар.
Тоҷикон дар Русия

Тоҷикон дар Русия зиёда аз 350000 нафарро (баҳои 2012) ташкил мекунанд, ки шаҳрванди ду давлат ба ҳисоб мераванд (Русия ва Тоҷикистон). Ба ғайр аз ин боз зиёда аз 1 млн нафар муҳоҷирони мавсимӣ дар Русия кору фаъолият доранд.
Ташаккул ва инкишофи биологии тоҷикон (нажод)
Олимони ҷаҳон, шакли инкишофёбии биологии мардуми тоҷикро ба гурӯҳҳои Помиру-Фарғонагӣ[24] ва Баҳри Миёназамин, ки дар дохили нажоди аврупоӣ дохил мешаванд, ҷой кардаанд.
Дар донишномаи Брокҳауз ва Эфрон, ки дар асри XIX ба нашр омадааст, дар бораи шакли зоҳирии тоҷикони кӯҳистон, чунин нависта шудааст:
«Тоҷикони кӯҳистон, бисёр қашоқ ҳастанд валек аз ҷиҳати шакли зоҳири, шакли халқҳои бостонии эрониёнро эҳтиёт карданд. Бисёри онҳо қади миёна ё ин ки баланд, рӯи зебои байзавӣ, чашмони кушоди рангаш қаҳвагӣ ва кабуд, бинии рости зебо баъзе вақт уқобшакл, пешонии васеъ, мӯйҳои сиёҳ, қаҳваранг ва малла доранд.[25]»
![]() |
||
Духтарчаи тоҷики Зарафшонӣ аз деҳаи Дар-Дар | Марди тоҷик дар сари дастурхон | Бонуи тоҷик аз шаҳри Хуҷанд |
Нигаред
- Тоҷикони Афғонистон
- Тоҷикони Қазоқистон
- Тоҷикони Покистон
- Тоҷикони Амрико
- Тоҷикони Русия
- Тоҷикони Канада
- Тоҷикони Ӯзбекистон
- Тоҷикони Қирғизистон
- Тоҷикони чағатойӣ
- Тоҷикон дар аҳди муғулҳо
- Хардуриҳо
- Тоҷикон дар асрҳои XVI–XVIII
Эзоҳ
- ↑ Tajik, Afghan in Afghanistan.
- ↑ "Afghanistan in 2004 – A survey of the Afghan people" (PDF). Kabul, Afghanistan: The Asia Foundation. 2004. Retrieved 2012-11-28. The 2004 survey interviewed 804 Afghans, Which ethnic group do you belong to? Pashtun 46%, Tajik 39%, Uzbek 6%, Hazara 6%, Turkmen 1%, Baloch 0%, Nuristani 1%, Aimak 0%, Arab 1%, Pashaye 0%, Other 1%.
- ↑ https://www.ozodi.org/a/people-tajikistan/28032865.html
- ↑ Richard Foltz (1996). «The Tajiks of Uzbekistan». Central Asian Survey 15 (2): 213–216. doi:10.1080/02634939608400946.
- ↑ Karl Cordell, "Ethnicity and Democratisation in the New Europe", Routledge, 1998. p. 201: "Consequently, the number of citizens who regard themselves as Tajiks is difficult to determine. Tajikis within and outside of the republic, Samarkand State University (SamGU) academic and international commentators suggest that there may be between six and seven million Tajiks in Uzbekistan, constituting 30% of the republic's 22 million population, rather than the official figure of 4.7%(Foltz 1996;213; Carlisle 1995:88).
- ↑ Lena Jonson (1976) "Tajikistan in the New Central Asia", I.B.Tauris, p. 108: "According to official Uzbek statistics there are slightly over 1 million Tajiks in Uzbekistan or about 3% of the population. The unofficial figure is over 6 million Tajiks. They are concentrated in the Sukhandarya, Samarqand and Bukhara regions."
- ↑ There are 1,000,000 Tajiks Persian-speaking native to Pakistan and 220,000 Tajik war-refugees from Afghanistan remain in Pakistan. Ethnologue.com's entry for Languages of Pakistan. Census of Afghans in Pakistan.
- ↑ http://www.unhcr.org/news/NEWS/452b78394.html
- ↑ Russian 2010 Census results; see also Ethnic groups in Russia
- ↑ GTZ: Migration and development – Afghans in Germany(пайванди дастнорас): estimate for Tajiks based on total of 100,000 Afghans in Germany.
- ↑ This figure only includes Tajiks from Afghanistan. The population of people from Afghanistan the United States is estimated as 80,414 (2005). United States Census Bureau. US demographic census. 23 январи 2008 санҷида шуд.(пайванди дастнорас) Of this number, approximately 65% are Tajiks according to a group of American researchers (Barbara Robson, Juliene Lipson, Farid Younos, Mariam Mehdi). Robson, Barbara and Lipson, Juliene (2002) "Chapter 5(B)- The People: The Tajiks and Other Dari-Speaking Groups" Бойгонӣ шудааст 27 январи 2010 сол. The Afghans – their history and culture Cultural Orientation Resource Center, Center for Applied Linguistics, Washington, D.C., OCLC 56081073.
- ↑ Шаблон:Citeweb
- ↑ Chinese Nationalities and Their Populations (2010)(пайванди дастнорас)
- ↑ Tajik in United Kingdom. Joshuaproject.net.(пайванди дастнорас)
- ↑ Tajik in Kazakhstan. Joshuaproject.net.
- ↑ Tajik in Sweden. Joshuaproject.net.(пайванди дастнорас)
- ↑ This figure only includes Tajiks from Afghanistan. The population of people with descent from Afghanistan in Canada is 48,090 according to Canada's 2006 Census. Tajiks make up an estimated 27% of the population of Afghanistan. The Tajik population in Canada is estimated from these two figures. Ethnic origins, 2006 counts, for Canada(пайванди дастнорас).
- ↑ Tajik in Turkmenistan.
- ↑ Tajik in Belgium. Joshuaproject.net.(пайванди дастнорас)
- ↑ Tajik, Afghan in Italy.
- ↑ State statistics committee of Ukraine – National composition of population, 2001 census (Ukrainian)
- ↑ http://global.britannica.com/EBchecked/topic/581047/Tajikistan/214553/History#ref=ref599015 Бойгонӣ шудааст 2 Декабри 2013 сол. ENCYCLOPEDIA BRITANNICA(англ.)]
- ↑ (англ.)
- ↑ Народы мира. Историко-этнографический справочник. Главный редактор Ю.В. Бромлей. М. Советская энциклопедия. 1988 (рус.)
- ↑ Тоҷикони кӯҳистон/ Доиратулмаорифи Брокгауз ва Ефрон(рус.)
Адабиёт
- A History of the Tajiks: Iranians of the East (Таърихи тоҷикон: Эрониёни шарқӣ), Лондон (2019) ва Кобул (2020)(нашрияҳои англисӣ ва дарӣ).
- Таърихи мухтасари халқи тоҷик. - Сталинобод, 1947;
- История таджикского народа в кратком изложении, т. 1. С древнейших времён до Великой Октябрской социалистической революции 1917 г. - М., 1949, 1952, 1955;
- Таджики. Древнейшая, древняя и средневековая история. - М., 1972. - 866 с.;
- Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим, асри миёна ва давраи нав. Китоби 1,2. - Душанбе,1998. - 870 с.;
- Тоҷикон. Таърихи қадим, асри миёна ва давраи нав. Китоби 1,2. - Душанбе,2008.- 870 с.