Боқило

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Боқило
Tuinboon bontbloeiend.jpg
Таснифоти илмӣ
Номи илмии баналмилалӣ

Vicia faba L., 1753

Синонимҳо

Боқило, боқлӣ (лот. Vícia fába) — рустании яксолаест аз лӯбиёиҳо.

Тавсифоти гиёҳшиносӣ[вироиш]

Тиррешаи дароз (то 200 см) дорад. Пояаш рост (150-200 см), дарунхолӣ. Баргаш паршакли ҷуфт. Хушагулаш сергул; гулаш сафед, гулобӣ, дар канорҳояш доғҳои сиёҳ дорад. Мевааш ғилофаки 4- 6-тухма (дарозиаш 4-10 см; вазни 1000 дона тухмаш 300-800 г). Боқило зироати намталаб аст. Ниҳолаш ба хунукии 4—6°С тоб меорад.

Густариш[вироиш]

Боқило асосан дар мамлакатхои Баҳри Миёназамин, Аврупои Ғарбӣ, Амрико, Афғонистон, Ҳиндустон кишт меша­вад. Дар Тоҷикистон онро дар заминҳои обии ВМКБ (ба­рои дон ва хӯроки чорво; 1-1,5 ҳазор га) мекоранд.

Боқлило қариб 100 навъ дошта, аз рӯйи аҳаммияти хоҷагӣ ба 2 гурӯҳ (полизӣ ва хӯроки чорво) ҷудо мешавад. Боқилои хӯро­ки чорво сербаргу поя ва резадона аст. Он ба миқдори зиёд сафеда, ангиштоб ва витамин дорад. 1 кг дони боқилои хӯроки чорво, ба ҳисоби миёна, 1,15 вохиди хӯрокӣ буда, аз 237 г протеини ҳозим, 1,5 г Са, 4 г Р, I мг каротин ва баргу пояи сабзаш аз 21 г протеини ҳозим, 2 г Са, 0,5 г Р, 20 мг каротин иборат аст.

Парвариш[вироиш]

Боқилоро бештар дар заминҳои сернаму ҳосилхез мекоранд. Дар шароити ВМКБ аз ҳар га 20-30 сентнер дон ва 300-400 сентнер баргу пояи сабз мегиранд. Кишти боқило хокро сернитроген мегардонад. Дар давраи гулшукуфт даравидани Боқило хошоки хуб медиҳад. Барои рушду инкишофи боқило (хусусан айёми гулшукуфт) намии фаровон лозим аст. Дар сурати кофӣ набудани нам гулу ғӯракаш мерезад. Дар Бадахшон боқилоро баъди гандуму ҷави баҳорӣ мекоранд. Барои рӯёндани ҳосили баланд ба кишти боқило нуриҳои органикию минералӣ, хусусан фос­фор андохтан муҳим аст. Нигоҳубини кишти Боқило мисли нигоҳубини лубиё ва мош мебошад. Дар давраи нашъунамо ба боқилозор 5-6 маротиба об медиҳанд. Ғилофакҳои боқило баробар мерасанд, аз ин сабаб, онро баробари сиёҳ шудани ғилофакҳои поёнӣ ва миёна ҷамъ овардан лозим аст. Агар ғилофакҳо саросар дар як вақт расанд, онро бевосита бо комбайн ҷамъ овардан имкон дорад. Боқилои полизӣ меваву (ғилофак) дони калон дорад. Бештар дар таркиби таом ва консерва истифода мекунанд.

Зараррасонҳо[вироиш]

Ниҳоли боқило аз ширинча, гамбӯсаки нулдароз, нахудхурак ва касалиҳои аскохитоз, микроспориоз, карра, занга, серкоспороз, гарда ва ғайра зарар мебинад.

Хосияти шифоӣ[вироиш]

Табибони қадим боқилоро ба сифати ғизои парҳезӣ ва воситаи давоӣ барои табобати бемориҳои узвҳои ҳозима, илтиҳоби роҳҳои болоии нафас кор мефармуданд, бо он хунпартоӣ ва сурфаро табобат мекарданд.

Боқило дар тибби халқӣ ба сифати давои исҳоловар ва бод­рон истифода мешавад. Ҳангоми қабзият ордобаи Боқило ё мураббои ғилофаки онро тавсия медиҳанд. Марҳами аз орди боқило таҳиякардаро ба ҷароҳат, доғи кунҷидак ва хуномос мебанданд, бо бандинаи ғилофаки он омосҳои сина (мастит) ва буғумҳои дардмандро табобат мекунанд.

Дар тибби муосир гулу тухму ғилофаки Боқило истифода мешавад. Дони боқило пешобро меронад, таъсири афисӣ ва зиддиилтиҳобӣ дорад. Нақеъ ва ҷӯшоби ғилофаки он барои илоҷи диабети қанд муфид аст. Бо дони пухтаи Боқило сурфа, бемориҳои ҷигар, гурда ва роҳи меъдаву рудаҳо табобат карда мешаванд. Дони дар шир пухта ва сипас соида майдакардаи онро ба захми пуст ва пучак гузошта мебанданд.

Истеъмоли боқило дар мавриди бемориҳои меъдаву рӯда зиён дошта, боиси сар задани қабзият ва боди шикам ме­шавад. Ашхоси гирифтори ниқрис ва ҳепатитҳо низ бояд аз истеъмоли он худдорӣ намоянд.

Эзоҳ[вироиш]

  1. Об условности указания класса двудольных в качестве вышестоящего таксона для описываемой в данной статье группы растений см. раздел «Системы APG» статьи «Двудольные».

Сарчашма[вироиш]