Бурак Тозкопаран

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бурак Тозкопаран
тур. Burak Tozkoparan
Ном ба ҳангоми таваллуд: Burak Tozkoparan
Таърихи таваллуд: 14 ноябр 1992(1992-11-14) (31 сол)
Зодгоҳ: Истанбул, Туркия
Шаҳрвандӣ:  Туркия
Касб: ҳунарпеша
Корнома: 2014-то ҳол
Самт: телевизион
синамо
IMDb: ID 7056474

Бурак Тозкопаран (тур. Burak Tozkoparan); тав. 14 ноябри 1992, Истанбул, Туркия) — ҳунарпешаи турк.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Бурак Тозкопаран 14 ноябри соли 1992 дар Истанбул таваллуд шудааст. Волидайни ӯ аз Риза мебошанд. Ӯ ду бародар бо номи Угур ва Сарҳат дорад.

Дар литсей Бурак талабаи фаъол буд ва ҳамеша чизҳои навро меомӯхт. Дар мактаби мусиқӣ барабаннавозиро низ меомӯхт. Аз сабаби он, ки ӯ хуб аз уҳдаи иҷрои барабан мебаромад, ӯро ба озмунҳо пешниҳод мккарданд. Бурак 2 апрели соли 2011, барои иштирок дар озмуни мусиқавӣ дар миёни 14 мактаби миёна дар Bostancı Show Center баргузор шуда, ки ҷоизаи беҳтарин барабанчинро ба даст овард[1].

Он замон дарк кард, ки мусиқӣ аз они ӯст. Ӯ дар тӯли фаъолияти худ бо гурӯҳҳои зиёд кор кардааст. Чанд муддат ӯ инчунин барабанчии гурӯҳи Парвана буд, ки дар ширкати Олкаито Аҳмад Тусус таъсис ёфтааст.

Пас аз муаррифии Мактаби миёнаи Анатолияи Kızılayı Kartal Туркия, вай дар Донишгоҳи Окан номнавис шуда, дар соҳаи кино ва телевизион таҳсил кардааст[2].

Фаъолият[вироиш | вироиши манбаъ]

Нахустнамоиши телевизионии ӯ бо нақши Озан Гурпинор дар силсилафилми мазҳакавии Star TV бо номи Paramparça (2014) мебошад, ки бо Эркан Петеккая ва Нургул Йешилчой бозидааст. Ӯ инчунин нахустнамоиши худро дар синамо бо нақши Мерт соли 2016 дар филми Hesapta Aşk бозидааст[3]. Соли 2017 дар нақши дуюмдараҷа ҳамчун Алӣ дар силсилафилми машҳури Ғунчаҳои захмӣ (тур. Kırgın Çiçekler), бо ҳунарпешаҳои машҳур Гокча Акӣилдиз, Биран Далма Йилмаз, Озгур Чевик, Ипек Қарапинор, Ҳазар Мотан ва дигарон нақш офаридааст, ки дар шабакаи "atv" пахш шудааст. Соли 2019 ӯро якбора ба силсилафилми Як дил (Tek Yürek) дар нақши Ҷем ва барои иҷрои нақши марказӣ ҳамчун Рузгар ба филми Sesinde Aşk Var даъват намуданд.

Соли 2020 Бурак дар силсилафилми Ҷавонӣ ёдат ба хайр (Gençliğim Eyvah), нақши асосиро бозидааст, ки қаҳрамони ӯ Зола писари итолиёӣ буда ба Туркия барои ёфтани падараш меояд, тасвир мекунад. Дар ин силсилафилм ҳунарпешаҳо Чингиз Бозкурт, Левент Улген, Элиф Доған ва Экин Мерт Даймаз низ ҳунарнамоӣ намудаанд[4].

Худи ҳамон сол соли 2020 Бурак дар филми истеҳсоли Эрон ва Туркия "Mesti Aşk" даъват шуд, инчунин ӯ нақши Амирро дар силсилафилми "Menajerimi Ara" сар карда аз қисми 9 то 20 бозидааст, ки аз тарафи Ay Yapim истеҳсол шуда дар шабакаи Star TV пахш шудааст.

Филмнома[вироиш | вироиши манбаъ]

Синамо
Сол Номгӯй Бо тоҷикӣ Нақш
2016 Hesapta Aşk Мерт
2019 Sesinde Aşk Var Рузгар
2020 Mesti Aşk
Силсилафилм
Сол Номгӯй Бо тоҷикӣ Нақш
2014 Paramparça Озан Гурпинор
2017 Kırgın Çiçekler Ғунчаҳои захмӣ Комиссар Алӣ
2019 Tek Yürek[5] Як дил Ҷем Саруҳон
2020 Gençliğim Eyvah Ҷавонӣ ёдат ба хайр Зола
2020-2021 Menajerimi Ara Амир

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Сол Ҷоиза Гурӯҳ Натиҷа
2011 14-ум Озмуни мусиқии мактабҳои миёна Беҳтарин инструменталист (нақора) 1-ум ҷой[1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Иқтибосҳо[вироиш | вироиши манбаъ]