Вазирак
Вазирак | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Barbarea.
|
||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||
Curcuma longa typus L., 1753 | ||||||
Мутародифот | ||||||
|
Вазирак (Barbarea) — гиёҳест ду ё бисёрсола. Баргаш паршакл, гулаш зард, ғилофакаш махрутшакл. Пояаш рост, 30–70 см қад мекашад. Дар марғзор, канори роҳ ва заминҳои партови Тоҷикистон (дар баландии 700–3000 м аз с. б.) ду намуди В. мерӯяд: B. arcuata ва B. plantaginea. Даври гулшукуфташ апрел – май; гулаш сершаҳд аст. Онро чун сабзавот низ истеъмол кунанд. Тухмаш 30–36% равған ва гликозиди синигрин дорад. Рустании шифобахш. Бо мақсади табобат барг ва тухми онро истифода мебаранд (барои муолиҷаи зангила ва норасоии витамини С давои хубест). Бо тухми он қабзияти шикамро рафъ месозанд (доруи мусҳил аст): як чумча тухмиро дар як истакон об рӯйи оташи паст 5–6 дақ. ҷӯшонда, баъди полудан меошоманд. В. plantaginea 25–60 см қад мекашад. Баргҳои поёниаш байзашакл, баргҳои болоиаш дарозрӯяи дандонадор. Дар заминҳои партов мерӯяд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Травянистые растения СССР, Т. 1. М., 1971;
- Биологический энциклопедический словарь. М., 1986.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вазирак // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
- Pages which use a template in place of a magic word
- Википедия:Мақолаҳои зистшинохтӣ бидуни таксошаблон
- Гиёҳон аз рӯи алифбо
- Биологические статьи без ITIS
- Биологические статьи без NCBI
- Биологические статьи без EOL
- Биологические статьи, где отсутствует перенаправление с латинского названия таксона
- Шаблонҳо:Мақолаҳои хурд аз гиёҳшиносӣ
- Гиёҳҳои доруӣ