Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иттилооти куллӣ | |
---|---|
Кишвар | |
Қаламрави додрасӣ | Тоҷикистон |
Таърихи таъсис | 2013 |
пешина | Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Роҳбарӣ | |
Масъули иҷроия | Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Вазири масъул | Ҳасанзода Гулнора Кенҷа (аз 05.01.2023)[1] |
Вебгоҳ | mehnat.tj |
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ буда, таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи меҳнат, сатҳи зиндагии аҳолӣ, муҳоҷират, бозори меҳнат, шуғли аҳолӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон ва ҳунармандӣ анҷом медиҳад.
Вазорат фаъолияти мақомоти дар нақшаи идоракунӣ муайяншуда ва ташкилотҳои системаи худро ҳамоҳанг менамояд.
Вазорат дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.
Вазорат фаъолияти худро дар ҳамкорҳ бо мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо ба роҳ мемонад.[2]
Ваколатҳои Вазорат
[вироиш | вироиши манбаъ]Вазорат дар соҳаи муқарраргардида ваколатҳои зеринро амалӣ менамояд:[3]
- - лоиҳаҳои қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи меҳнат, муҳоҳират, шуғли аҳолӣ, сатҳи зиндагии аҳолӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон ва ҳунармандӣ, инчунин нақшаи корӣ ва нишондиҳандаҳои дурнаморо оид ба фаъолияти Вазорат таҳия намуда, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- - тибқи асосҳо ва ҷиҳати иҷрои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои зеринро дар соҳаҳои муқарраргардидаи фаъолият амалӣ менамояд:
- а) дар соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ:
- - дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор оид ба самтҳои асосӣ ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва сатҳи зиндагии аҳолӣ пешниҳодҳо таҳия менамояд;
- - вазъи сатҳи зиндагии аҳолиро меомўзад, таҳлил ва арзёбӣ мекунад;
- - дар асоси ташаккули сиёсат оид ба даромадҳо барои мўътадилӣ ва болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ чорабиниҳо таҳия менамояд;
- - якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор пешниҳодҳоро оид ба андозаи ҳадди ақали музди меҳнат, кўмакпулиҳо ва стипендияҳо омода мекунад;
- - таснифгари умумидавлатии касбҳои коргарон ва мансабҳои кормандонро бо тартиби муқарраргардида таҳия намуда, барои тасдиқ ба мақомоти дахлдор пешниҳод менамояд ва онро пеш мебарад;
- - оид ба такмили системаи пардохти музди меҳнати кормандон дар доираи созишномаҳои тарифӣ ва шартномаҳои коллективӣ пешниҳодҳо таҳия месозад;
- - тарификатсияи корҳо, касбҳо ва вазифаҳоро анҷом медиҳад, заминаи меъёрии ҳуқуқии меъёрбандӣ ва пардохти музди меҳнатро таҳия менамояд;
- б) дар соҳаи муҳоҳирати аҳолӣ:
- - оид ба ташаккули сиёсати давлатии муҳоҳирати аҳолӣ барномаҳои дахлдорро таҳия ва корҳоро ҷиҳати татбиқи онҳо ташкил менамояд;
- - дурнамои раванди муҳоҳирати дохилӣ ва хориҷиро меомўзад ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод менамояд;
- - фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассиса ва ташкилотҳоро дар соҳаи муҳоҳирати аҳолӣ ҳамоҳанг месозад;
- - фаъолиятро дар самти ҷалб ва сафарбаркунии муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷи ҷумҳурӣ ташкил менамояд;
- - ҷиҳати ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ба суљуртаи иҷтимоӣ ва тиббӣ дар хориҷа бо мақомоти дахлдор ҳамкорӣ менамояд;
- - дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият ҳамкориро бо диаспораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ ташкил мекунад;
- - дар доираи салоҳияти худ назорат ва санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро дар самти бо кор таъмин кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва бо кор таъмин кардани шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил менамояд;
- в) дар соҳаи бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ:
- - мунтазам вазъи бозори меҳнат ва шуғли аҳолиро таҳлил ва пешгўӣ менамояд ва истифодаи босамари захираҳои меҳнатиро амалӣ менамояд;
- - оид ба таҳия ва татбиқи сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар асоси таҳлил ва дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, вазъи бозори меҳнат пешниҳодҳо омода месозад. Барномаҳои давлатӣ, минтақавӣ ва маҳаллии мусоидат ба шуғли аҳолиро таҳия ва назорати татбиқи онҳоро анҷом медиҳад;
- - якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ эҳтиёҷоти умумиро ба ҷойҳои корӣ муайян намуда, бо назардошти дурнамои демографӣ дар таҳияи барномаҳои таъсис ва нигоҳдории ҷойҳои корӣ дар сатҳи Ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ иштирок менамояд;
- - системаи шаҳодатномакунии малакаҳои касбии дар ҷараёни фаъолияти меҳнатӣ бадастомадаро барои шаҳрвандон ташкил менамояд;
- - фаъолияти вазорату идораҳои дахлдор, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, субъектҳои хоҷагидорро, новобаста аз шакли моликият, дар соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ ҳамоҳанг сохта, барномаҳои соҳавӣ ва сармоягузории мақсадноки таҳияшавандаро дар қисмати таъсис ва нигоҳдории ҷойҳои корӣ ташхис менамояд;
- - фаъолияти маблаљгузории хурдро бо мақсади таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди худиштиљолӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд;
- г) дар самти ҳунармандӣ:
- - сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳунармандиро амалӣ менамояд;
- - фаъолияти субъектҳои ҳунармандиро ҳамоҳанг месозад;
- - бо субъектҳои дахлдори дохилӣ ва хориҷӣ дар самти ҳунармандӣ ҳамкорӣ ва шарикиро ба роҳ мемонад;
- - лоиҳаҳои барномаҳои давлатӣ оид ба рушди ҳунармандиро таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- - оид ба таъсиси ҷоизаҳо дар соҳаи ҳунармандӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод менамояд;
- - дар таҳия ва татбиқи барномаҳои минтақавии рушди ҳунармандӣ мусоидат менамояд;
- - феҳристи ҳунармандиро пеш мебарад;
- - якҷо бо мақомоти дахлдор шаклҳои омори баҳисобгирии ҳунармандонро таҳия ва ҷорӣ менамояд;
- -таълим ва омодасозии кадрҳоро дар соҳаи ҳунармандӣ дар зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таҳсилоти калонсолон ташкил менамояд;
- - фаъолияти мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар ташкилотҳоро барои ташкили инфрасохтори муносиби ҳунармандӣ ба ҳунармандон ҳамоҳанг месозад;
- - бо мақсади ташаккули афкори мусбии ҷамъиятӣ барои рушди соҳаи ҳунармандӣ чорабиниҳои иттилоотиро амалӣ менамояд;
- - конференсияҳо, намоиш-ярмаркаҳо ва озмунҳо вобаста ба ҳунармандиро баргузор менамояд;
- а) дар соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ:
Сохтор
[вироиш | вироиши манбаъ]Тӯли солҳои истиқлолият сохтори вазорат такмил дода ёфта, айни ҳол (2024) дастгоҳи марказии вазорат иборат аст:[4]
Роҳбарият (вазир, муовини якуми вазир ва се муовин);
- Раёсати котибот;
- Шуъбаи коргузорӣ ва назорат;
- Шуъбаи ташкилӣ ва матбуот;
- Раёсати ҳуқуқ ва сиёсати кадрҳо
- Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
- Раёсати муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ;
- Шуъбаи ҳунармандӣ
- Раёсати муҳоҷирати аҳолӣ
- Раёсати бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ
- Раёсати молия, таҳлил ва дурнамо
- Раёсати робитаҳои байналмилалӣ
- Раёсати баҳисобгирии муҳосибӣ
- Шуъбаи аудити дохилӣ
- Шуъбаи идоракунии корҳо
Таъсис
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- 7. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шавад.
- Муқаррар карда шавад, ки Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил карда мешавад.[5]
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Сомонаи расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бойгонӣ шудааст 8 марти 2018 сол.
- Сомонаи ҷойгоҳи корӣ барои муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон дар Русия
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — 676 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
- ↑ Указы Президента Республики Таджикистан | НИАТ "Ховар" (ru-RU). 5 Январ 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 Январ 2023.
- ↑ "Низомномаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон". Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 146
- ↑ Низомномаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сомонаи расмии Вазорат.
- ↑ Сохтори вазорат(рус.). mehnat.tj. 11 Декабри 2024 санҷида шуд.
- ↑ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 19 ноябри соли 2013, №12