Jump to content

Вазирӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Вазирӣ (форсӣ: وزیری ‎) — иттиҳоди қабилаҳои пашту. Асосан дар вилоятҳои ҷанубу шарқии Афғонистон ва қисми ғарбии Покистон – минтақаи Вазиристон сукунат доранд. Ба ҳайати иттиҳоди қабилаҳои вазирӣ се қабилаи бузург – дарвешхайл, довар ва беҳсуд дохил мешаванд, ки аз қабила (хайл)-ҳои зиёд иборатанд. Баъди ба имзо расидани муоҳидаи «хатти Дюранд» (1893) дар байни Британияи Кабир ва Афғонистон вазириҳо дар баробари дигар қабилаҳои пашту ҳуқуқи мухторият пайдо карданд. Шуғли асосиашон чорводорӣ ва тиҷорати сарҳаддӣ мебошад. Солҳои 1924–25 ислоҳоти Амонулоҳхонро напазируфтанд ва ба муқобили ҳукумати ӯ шӯриш бардоштанд. Баъд аз ташкил ёфтани давлати Покистон (1947) бештари қабилаҳои В. ба ҳайати ин давлат дохил гардида, мавзеъҳои сукунати онҳо Минтақаи қабоили озодро ташкил доданд. Мутобиқи маълумоти эҳсоиявӣ дар Покистон қариб 1 млн ва дар Афғонистон қариб 500 ҳазор (2010) вазириҳо зиндагонӣ доранд.