Вазиристон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Вазиристон
Парчам
Парчам
[[Суруди миллии {{{Номи одӣ}}}|Суруди миллии {{{Номи одӣ}}}]]

Map of FATA in Pakistan.PNG

Забонҳои расмӣ

Забони пушту

Пойтахт

Wana[d]

Вазиристон — сарзаминест дар шимоли Ҷумҳурии Исломии Покистон. Ба ду минтақа – Вазиристони Шимолӣ ва Вазиристони Ҷанубӣ тақсим мешавад. Масоҳати умумиаш 11585 км2. Аз ин миқдор 5 ҳазор км ба Вазиристони Шимолӣ ва боқимондааш ба Вазиристони Ҷанубӣ тааллуқ дорад.

Тавсифи мухтасар[вироиш]

Вазиристон ватани қабилаҳои пашту буда, расман аз ҷониби ҳукумати федеролии Покистон ва ҳукумати маҳаллӣ муштаракан идора карда мешавад. Аҳолиаш тибқи шумори охир (1998) ҳудуди 792 ҳазор нафар буд ва аз ин миқдор беш аз 360 ҳазор нафар дар Вазиристони Шимолӣ ва беш аз 430 ҳазор нафар дар Вазиристони Ҷанубӣ умр ба сар мебаранд. Аҳолии ҳар ду қисмати Вазиристон ба гӯиши (лаҳҷаи) вазирии забони пашту бо бархе аз тафовутҳо гап мезананд. Бошандагони Вазиристон аз қадим ҳамчун мардумони ҷанговар ва ғаюр шинохта шудаанд. Қабилаҳои паштуи Вазиристон ба гурӯҳҳои мухталиф ҷудо ва аз ҷониби пешвоёни маҳаллӣ идора карда мешаванд. Онҳо барои ҳалли масоили худ шӯрои қабилаҳоро (Луи ҷирга) даъват менамоянд. Паштуҳои Вазиристон сахт мазҳабӣ буда, бо ҷомеаи ҷаҳонӣ равобити қавӣ надоранд.

Вазиристон[вироиш]

Дар Вазиристони Шимолӣ асосан қабилаҳои дарвешманиш ё вазирӣ маскунанд, пойтахташ ш. Мироншоҳ. Бошандагони аслии Вазиристони Ҷанубӣ – қабоили меҳсуд, пойтахташ ш. Вана. Аз соли 1893 ҳудуди Вазиристон амалан аз мустамликадорони англис ва ҳукумати Афғонистон озод буд. Соли 1947 ин сарзамин расман ба ҳайати давлати тозатаъсиси Покистон дохил карда шуд. Вазиристон аз ибтидои соли 2000 ба қароргоҳи ҷунбиши толибон табдил ёфта, аз соли 2004 дар ин минтақа ҳокимиятро ба таври амалӣ «толибон» дар даст доранд. 14 феврали 2006 ҳудуди Вазиристони Шимолӣ Давлати Исломии Вазиристон эълон гардид, ки онро ягон давлати ҷаҳон ба расмият нашинохт. Ҳукумати Покистон соли 2007 бар зидди толибон дар Вазиристони Шимолӣ амалиёти ҳарбӣ анҷом дод. Давлати Исломии Вазиристон баъди ғолибияти неруҳои ҳарбии Покистон бар толибон (12 декабри 2009) аз байн рафт, вале Вазиристони Шимолӣ дар зери назорати неруҳои толибон боқӣ монд. Муноқишаи Вазиристон ба ҷанги байни Покистону ИМА аз як тараф ва аз ҷониби дигар артиши давлатии ба расмият шинохтанашудаи Вазиристон, толибон, ал-Қоида, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ ба ҷанги доманадор табдил ёфта, ин ҷанг се давра: солҳои 2004–06, 2007–09 ва аз соли 2009 ба баъдро дар бар мегирад. Яке аз сабабҳои аслии сар задани ин ҷанг амалиёти зиддитеррористии ИМА дар Афғонистон ва танг кардани мавқеи толибону ал-Қоида дар ҳудуди Покистон мебошад.

Адабиёт[вироиш]

  • اسعدی مرتضی. جهان اسلام. تهران، ۱۳۶۶
  • هـ.ش.؛ دانش نامه جهان اسلام. جلد ۵. تهران، ۲۰۰۰؛
  • پهلوان چ. پاکستان همچنان میخروشد. تهران، ۲۰۰۰

Сарчашма[вироиш]