Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон — мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ. Фаъолияти В. аз татбиқ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ба низоми муайян даровардани санадҳои меъёрии ҳуқуқии бахши тандурустӣ иборат мебошад. В. бар асоси Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва асноди ҳуқуқии байналмилалии аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда, Низомномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти 2014 (№ 148) тасдиқ шудааст, фаъолияти хешро созмон медиҳад.

Таъсис[вироиш]

То соли 1917 нигаҳдории тандурустӣ дар Тоҷикистон ҳамчун системаи давлатӣ вуҷуд надошт. Баъди ба Русия ҳамроҳ карда шудани Осиёи Миёна ҳукумати подшоҳӣ барои хидматрасонии тиббии аҳолии ин сарзамин ба ҳар сари кас соле 14 тин ҷудо мекард. Аморати Бухоро бошад, барои ниёзмандии тандурустии мардум фалсе харҷ намекард. Шароити хеле вазнини моддию маишии мардум, зиндагонии қашшоқона, бесаводӣ, таъсири хурофот, вазъияти беҳдошти бади маҳалу манзилҳо, ифлосӣ ва пурсироятии муҳити атроф – об, ҳаво ва хоку хӯрок боиси паҳн гардидани бисёр бемориҳои гузаранда – сорию вогир, касбию иҷтимоӣ – безгак, чечак, вабо, тоун, ришта, ҳасба, домана, кузоз, ҳорӣ, хуноқ, сулфакабудак, сурхакон, махмалак, сил, зотулҷанб, исҳоли хунин, фалаҷ ва амсоли инҳо мегардиданд. Соли 1913 дар ҳудуди Тоҷикистони ҳозира 1 беморхона, ки 40 кат, 13 духтур ва 32 нафар корманди миёнаи тиббӣ дошт, амал мекард. Солҳои аввали Ҳокимияти Шӯравӣ ба Тоҷикистон аз дигар ҷумҳуриҳо, аксаран аз Федератсияи Руссия ва Украина кормандони тиб фиристода шуданд. Соли 1924 Комиссариати халқии нигаҳдории тандурустии ҶМШС Тоҷикистон таъсис ёфт. Пас аз ташкил ёфтани ҶШС Тоҷикистон бисёр бемориҳои иҷтимоӣ ва сироятӣ тамоман аз байн рафтанд. Солҳои сиюми асри 20 аввал дар Хуҷанд, баъд дар Сталинобод (ҳозира Душанбе) техникумҳои тиббӣ ва соли 1939 дар Сталинобод Ин-ти тиббӣ таъсис ёфтанд. Соли 1946 аввал ба Вазорати нигаҳдории тандурустӣ ва баъдан ба Вазорати тандурустии ҶШС Тоҷикистон ва аз соли 2013 ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдили ном намуд.

Сохтори вазорат[вироиш]

Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ва гузариш ба муносибатҳои иқтисоди бозоргонӣ мақсаду вазифа ва уҳдадориҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон куллан тағйир ёфта, системаи молияи давлатӣ мувофиқи сохтори нав ташкил карда шуд.

Сохтори дастгоҳи марказӣ[вироиш]

Роҳбарият; Раёсати ислоҳот, кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалӣ; Раёсати таҳсилоти тиббию фармасевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илм; Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ; Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ва технологияҳои муосир; Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оила; Раёсати фарматсия ва молҳои тиббӣ; Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврии тиббӣ; Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ; Шуъбаи баҳисобгирӣ ва муҳосибот; Шуъбаи ҳуқуқ; Шуъбаи аудити дохилӣ; Шуъбаи назорат, коргузорӣ ва корҳои махсус; Бахши котибот.

Муассисаҳои системаи вазорат[вироиш]

  • Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон ;
  • КВД «Маркази миллии ташхис»;
  • Маркази миллии солимии репродуктивӣ ;
  • Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ ;
  • Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина ;
  • Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон ;
  • Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ;
  • Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино;
  • Донишкадаи таҳсилоти баъдидип ломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон;
  • Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Пажӯҳишгоҳи тиббии профилактикаи Тоҷикистон;
  • Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй;
  • Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон;
  • Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдакон;
  • Маркази ҷумҳуриявии илмии хун;
  • Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо;
  • Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ;
  • Маркази илмию тадқиқотии фарматсевтӣ;
  • Маркази ҷумҳуриявии ғизо;
  • Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ;
  • Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои равонӣ;
  • Маркази ҷумҳуриявии саломатии равонии кӯдакон ва наврасон;
  • Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои пӯст ва узвҳои таносул;
  • Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологии ба номи М. Ғ. Ғуломов;
  • Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои чашм;
  • Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил;
  • Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии урологӣ;
  • КВД «Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои сутунмуҳра»;
  • Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил;
  • Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои касбӣ;
  • Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринологӣ;
  • Маркази ҷумҳуриявии кори ҳамширагӣ;
  • Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои карантинӣ;
  • Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика;
  • Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО;
  • Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ;
  • Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим;
  • Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташхиси тиббию судӣ»;
  • Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии хизматрасонии тиббии хадамоти сайёри соҳаи чорво»;
  • Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии хизматрасонии фарматсевтӣ ва молҳои тиббӣ»;
  • Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дезинфексияи профилактикӣ»;
  • Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии омор ва иттилооти тиббӣ»;
  • Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии солимии кӯдакон»;
  • Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии клиникии ортопедӣ ва осебшиносӣ»;
  • КВД «Маркази ҷумҳуриявии тибби халқӣ»;
  • Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои асабу равонӣ дар шаҳри Турсунзода»;
  • Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии барқароркунии тиббию иҷтимоии Тангаӣ»;
  • Муассисаи давлатии «Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои равонӣ»;
  • Муассисаи давлатии «Беморхонаи ҷумҳуриявии физиотерапевтии ба номи Нурматов Абдусаттор»;
  • Муассисаи давлатии «Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара»;
  • Муассисаи давлатии «Осоишгоҳи ҷумҳуриявии кӯдаконаи «Қаратоғ»;
  • Муассисаи давлатии «Осоишгоҳи ҷумҳуриявии кӯдаконаи дилу тарбоди «Ҳушёрӣ»;
  • Муассисаи давлатии «Озмоишгоҳи миллии тандурустии ҷамъиятӣ»;
  • Муассисаи давлатии «Китобхонаи ҷумҳуриявии илмию тиббӣ»;
  • Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ»;
  • Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа»;
  • Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб»;
  • Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд»;
  • Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ноҳияи Ҳисор»;
  • Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат»;
  • Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт»;
  • Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон»;
  • Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ноҳияи Данғара»;
  • Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом»;
  • Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан»;
  • Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент»;
  • Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ»;
  • Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода»;
  • Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Исфара»; КВД «Ронанда»;
  • КВД «Тоҷиктибтаҷҳизот»;
  • КВД «Тоҷикфарминдустрия»;
  • Муассисаи давлатии базаи ҷумҳуриявии таъйиноти махсуси тиббӣ;
  • Муассисаи давлатии базаи ҷумҳуриявии автомобилӣ;
  • Редаксияи маҷаллаи «Шифо»;
  • Редаксияи маҷаллаи «Тандурустии Тоҷикистон»;
  • ҶДММ «Тоҷделфарм»;
  • Муассисаи давлатии Идораи сохтмони асосӣ;
  • КВД «Идораи таъмирию васлкунии шаҳри Кӯлоб»;
  • Муассисаҳои соҳаи тандурустии вилоятҳо, шаҳр ва ноҳияҳо;
  • Муассисаи давлатии «Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб «Чорбоғ» дар ноҳияи Варзоб;
  • Муассисаи давлатии «Хона-интернати беморони рӯҳии ноҳияи Ҳисор»;
  • Муассисаи давлатии «Хона-интернати беморони рӯҳии ноҳияи Восеъ»;
  • Муассисаи давлатии «Маркази байналмилалии тавонбахшӣ дар ноҳияи Балҷувон»;
  • Муассисаи давлатии «Хона-интернати беморони рӯҳии ноҳияи Бохтар»;
  • Муассисаи давлатии «Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳо»;

Корхонаи давлатии за-ди протезию ортопедии ш. Душанбе, бо филиалҳояш дар ш-ҳои Хуҷанд, Кӯлоб ва Хоруғ.

Роҳбарони вазорат[вироиш]

У. Шамсиддинова (1929–30), Ҷ. Имомов (1930–35), А. И. Болшемянников (1936–37), А. Азимова (1938–39), И. Я. Бобохоҷаев (1951–53), К. Ю. Аҳмадов (1953–57), Я. А. Раҳимов (1957–62), И. Я. Саженин (1962–85), Г. К. Пӯлодова (1985–90), Ҷ. Иномзода (1990–92), А. Аҳмадов (1992–2003), Н. Файзуллоев (2003–06), Р. Ф. Абдураҳмонова (2006–08), Н. Ф. Салимзода (2008-17), Насим Хоҷа Олимзода (аз 2017).

Адабиёт[вироиш]

  • Таджиев Я. Т. Здравоохранение Таджикистана. Д. 1974; Ҳамон. Здравоохранение // Таджикская Советская Социалистическая республика. Д., 1984;
  • Салимов А. Ф., Исупов С. Ҷ., Содиқова Д. Н., Ҷобирова С. Б., Раҳмонов С. Б., Мирзоева А. С. Рушди соҳаи тандурустӣ дар 20 соли истиқлолият. Д., 2011.

Сарчашма[вироиш]

Пайвандҳо[вироиш]

  • moh.tj — сайти расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон(тоҷ.)(рус.)