Jump to content

Ваксинотерапия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ваксинотерапия — усули муолиҷаи бемориҳои сироятӣ тавассути ваксинаҳо. Дар мавриди ваксинотерапия неруи муҳофизии организм тақвият меёбад. Ваксинаҳо ҷараёни ташаккули подтанҳо ва фагоситозро метезонанд, савияи иммуноглобулин ва ферментҳоро баланд мебардоранд. Истифодаи ваксинаҳо хусусан ҳангоми бемории музмини бардавом муфид аст. Бо мақсади ваксинотерапия аз штаммҳои беҷони микроорганизмҳо ва подгунҳои ҷудогона (vi-подгунҳо) истифода мекунанд. Солҳои охир барои муолиҷаи исҳоли хунин баъзан ваксинаи зинда кор фармуда мешавад. Хусусан аутоваксинаҳо (ваксинаҳое, ки аз штамми ангезандаи худи мариз ҷудо карда шудаанд) самарабахш мебошанд. Ваксинотерапияро метавон дар мавриди брутселлёз (ба варид, дарун ва зери пӯст, дохили мушак), исҳоли хунин (зери пӯст, аз даҳон), туляремия (зери пӯст), сурфакабудак (зери пӯст), домана (зери пӯст), сироятҳои стафилококкӣ ва стерптококкӣ истифода кард. Ваксинотерапияро одатан, якҷоя бо дигар намудҳои табобат (мас., муолиҷа бо антибиотикҳо) гузаронида мешавад. Ҳангоми ваксинотерапия мумкин аксуламалҳои гуногун рух намоянд. Бисёр вақт ҳарорат баланд шуда, табларза, дарди устухону мушакҳо, сардард, баҳолӣ ба вуҷуд меояд. Дар аснои истифодаи ваксинаҳо барои табобати исҳоли хунин, дарди рӯдаҳо авҷ гирифта, наҷосат якҷоя бо хун меояд. Ба мушоҳида нарасидани чунин аксуламал далели бесамар будани табобат аст. Ваксинотерапия зери назорати духтур сурат мегирад. Ҳангоми бемори силсилаи дилу рагҳо, гурда, ҷигар истифодаи ваксинотерапия ҷоиз нест.