Jump to content

Валерий Аҳадов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Валерий Аҳадов
Таърихи таваллуд: 9 август 1945(1945-08-09) (79 сол)
Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ:
Касб: коргардони филм, коргардони театр, филмноманавис
Корнома: 1987 — то ҳол
Ҷоизаҳо:
медали «Барои меҳнати шоён»
Honored art worker of the Russian Federation ордени «Ҳамкорӣ»
IMDb: ID 0015236

Валерий Аҳадов (Аҳадов Валерий Боқиевич; 9 августи 1945, Самарқанд, ҶШС Ӯзбекистон) — коргардони синамо ва филмноманависи тоҷик. Ходими хизматнишододаи маданияти ҶШС Тоҷикистон (1973), Узви Иттифоқи кинематографистони СССР (1972), Котиби раёсати Иттифоқи кинематографистони СССР (19811986).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Институти давлатии умумиттифоқии кинематографистони (ВГИК) шаҳри Москваро хатм кардааст (1971). Ёвари коргардони синамои киностудияи «Тоҷикфилм» (1970—1976). Котиб (1976—1978), котиби якӯми Иттифоқи синамои Тоҷикистон (1978—1986), коргардони синамои киностудияи «Тоҷикфилм» (1986—1988), саркоргардони Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковский (1987—1991). Соли 1991 ба шаҳри Магнитогорск Русия кӯчидааст. Cаркоргардони Театри драмавии шаҳри Магнитогорск ба номи А. С. Пушкин (1991—1998). Коргардони театр ва кинои Русия, аз соли 2004 дотсенти Институти давлатии умумиттифоқии кинематографистони ФР (ВГИК) шаҳри Москва

Ҳаёти шахсӣ

Наберааш Нозанин Абдулвасиева ҳамсари Александр Гордон мебошад (аз соли 2014 то соли 2020)[1].

Ҳамчун саркоргардони Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковский (1987—1991) — якчанд спектаклҳоро ба саҳна гузоштааст. Дар таҳияи спектаклҳои «Ӯ зистан мехоҳад»-и М. Ҳакимова (1973), «Қуллаи Фудзияма»-и Ч. Айтматов ва Қ. Муҳаммадҷонов (1973) дар саҳнаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ саҳм гузоштааст.

Дар офаридани филмҳои «Тоҷикфилм» — «Алла» (1966), «Манзараҳои Афғонистон» (1969), «Театри тоҷик дар Афғонистон» (1969), «Деҳаи дӯстӣ» (1970) ба ҳайси коргардони кино ва муаллиф иштирирок намуда, дар филмҳои «Арӯсу домод» (1970), «Хатти парвоз» (1970) худ нақшҳои асосиро бозидааст.

Ҳамчун коргардон дар «Тоҷикфилм» киноФилмҳои бадеии:

  • «Ба пеш, гвардиячиён!» (1971),
  • «Ташвишҳои оилаи Ғаюровҳо» (2 серия, 1974—1975),
  • «Ба Трусковетск кӣ меравад?» (1976),
  • «Хаёлоти фасли баҳор» (2 серия, 1980),
  • «Асрори оила» (1983),
  • «Дарвеши ланг» (бо ҳамдастии коргардони маҷорӣ Ким Йожеф)
  • ва филмҳои ҳуҷҷатии «Мирсаид Миршакар» (1972), «Хатти монеаҳо» (1973), «Қадамҳо» (1975), «Ҷашни кинои тоҷик» (1979) бозёфтҳои эҷодии ӯянд.

Ҳамчун саркоргардони Театри драмавии шаҳри Магнитогорск ба номи А. С. Пушкин (1991—1998) — якчанд спектаклҳоро ба саҳна гузоштааст.[2]

Дар соҳаи кинои Русия якчанд филмҳои бадеӣ:

  • «Я обещала я уйду» (1991),
  • «Личная жизнь королевы» (1993),
  • «Женщин обижать не рекомендуется» (2000),
  • «Подмосковная эллегия» (2002),
  • «Крестный сын» (2003),
  • «Парниковый эффект» (2005),
  • «Живописная авантюра» (2007),
  • «Танкер „Танго“»

ва дигарҳоро ба навор гирифтааст.[3]

Унвону ҷоизаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
Унвонҳо
  • Ходими хизматнишондодаи фарҳанги Тоҷикистон 1973 ва санъати Русия,
  • Академики Киноакадемияи «Ника»,
  • Аъзои раёсати Гилдияи кинорежисёрони Русия,
  • Аъзои доимии журии кинофестивали «Сталкер».[2]
Ҷоизаҳо
  • 1983 — Кинофестивали 3-юми умумиитифоқии филмҳои кинематографистони ҷавон, шаҳри Кишенев,
  • 1984 — Кинофестивали 17-уми умумиитифоқӣ, шаҳри (Киев,
  • 1984 — мукофоти Кинофестивали байналмилалии «Дукати тило», (Мангейм, Олмон),
  • 1994 — мукофоти «Золотой овен» барои ташкилу гузаронидани кинофестивали мелодрамаҳо дар шаҳри Магнитогорск.[3]
  1. Александр Гордон аз Нозанин Абдулвосиева ҷудо шуд (Тоҷикӣ).
  2. 2.0 2.1 Ахадов, Валерий Бакиевич
  3. 3.0 3.1 Энциклопедия кино Таджикистана. — Душанбе,2012, — С. 64-65.— 396 с. — ISBN 978-99947-919-4-1.