Валс

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Una demostración en fenaquistiscopio del valse.

Валс (фар. valse, ит. valzero, олм. walzer, аз walzen – чарх задан) – яке, аз рақсҳои базмии дунафараи (зан ва мард) маъмултаринест, ки дар нимаи 2-юми садаи XVIII дар зиндагии мардуми шаҳр аз рақсҳои халқии австриягӣ, чехӣ, олмонӣ (рақси деҳқонон «лендлер») пайдо шуда, дар садаи XIX дар тамоми Аврупо паҳн гардид.

Таърих[вироиш]

Андозаи мусиқияш 3/4, суръаташ аз суст то бисёр тез мешавад. Махсусан, Валси венагӣ, ки дар шакли силсилаивӣ офарида мешуд («Walzer - Kette» - «занҷир - валсҳо»), асосгузори он композитори австриягӣ И. Ланнер, сипас ҳамватани ӯ И. Штраус ва писаронаш Й. ва И. Штраусҳо онро инкишоф дода, ба қуллаи баланд расондаанд, машҳур гардид. Композиторон И.Н. Гуммел ва К.М. Вебер Валсро ба асари калони созии консертӣ мубаддал кардаанд. Валсҳои Ф. Шопен, Ф. Лист ба достони жанри мусиқӣ дар равияи романтикӣ (хаёлпарастӣ) офарида шудаанд. Дар мусиқии касбӣ Валс ҳамчун асари мусиқии мустақил вуҷуд дорад ва ба сифати бахши композитсияи калонҳаҷм – дар опера (Ш. Гуно, Ҷ. Верди, Ҷ. Пуччини, Р. Штраус), балет (Л. Делиб, П. Чайковский), оперетта (И. Штраус - писар), симфония (Г. Берлиоз, П. Чайковский), намунаҳои зиёди жанрҳои мусиқӣ эҷод мешаванд. Жанри Валсро композиторони хориҷӣ (Э. Григ, Я. Сибелиус, Г. Малер, М. Равел), инчунин композиторони рус ва Шуравӣ (М. Глинка, П. Чайковский, А. Глазунов, С. Прокофев, А. Хачатурян) дар эҷодиёташон инкишоф додаанд.

Дар мусиқии тоҷик[вироиш]

Ин ҷо, як нукта қобили зикр аст: устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ натанҳо шоир балки навозанда, ҳофиз ва оҳангсоз ҳам буд, ҳанӯз дар а.-ҳои IX-X дар ритми (вазни) Валс шеър эҷод намудааст. Мо дар ашъори ӯ 6 навъи шеърро дар ритми Валс пайдо намудаем. Эҳтимол дар замони Рӯдакӣ дар мусиқии Валсро ба мисли аврупоиён зану мард якҷоя (мард дасти росташро бар миёни зан гузошта, бо дасти чап дасти рости занро медорад ва ба рӯи ҳамдигар нигоҳ карда, дар ҳавои валс мерақсанд), намерақсиданд, вале ҳақиқат аст, ки ритми Валс дар он давра дар шеъру мусиқии тоҷик вуҷуд доштааст ва шояд дар а.-ҳои баъдина ритми мазкур дар Аврупо паҳн гардидааст. Валс дар мусиқии муосири тоҷик низ мавқеъ дорад. Сурудҳои «Мепарварам» (оҳанги Фозил Солиев), «Қадаҳи мо» (Зиёдулло Шаҳидӣ), сурудҳои эстрадии «Ошиқ шудаӣ, эй дил», (мусиқии А. Одинаев), «Гул» (Ҷӯрахон Обидпур) ва ғ. дар ҳавои валс эҷод шудаанд. Инчунин дар эҷодиёти композиторони тоҷик пиесаҳо барои оркестр ва созҳои гуногун офарида шудаанд, ки «Валси лирикӣ» барои оркестри созҳои халқии Ш. Бобокалонов, «Валс»-ҳои №5, 6, 7 барои оркестри созҳои халқии О. Назаров, «валс» барои оркестри созҳои халқии А. Тошматов, «Валси гулҳо» барои оркестри созҳои халқии В. Абдураҳмонов; пиесаҳои созии «Ҷазз» барои скрипка, виолончел ва фортепианои А. Латифзода, «Валс» барои фортепианои Ҷ. Охунов, Валси «Чарх» барои фортепианои Ҷ. Халилов аз қабили онҳоянд.[1]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.80. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)