Ҷузеппе Верди
итол. Giuseppe Verdi | |
Иттилооти асосӣ | |
Таърихи таваллуд | 10 октябр 1813[1][2][3][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 27 январ 1901[4][1][2][…] (87 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Солҳои фаъолият | аз 1830 |
Кишвар | |
Пеша(ҳо) | оҳангсоз, раҳбари мусиқӣ, нависанда, сиёсатмадор |
Соз | фортепиано |
Сабк | мусиқии килоссик[d] ва опера |
Ҷоизаҳо | |
Соядаст | |
verdi.san.beniculturali.it(ит.) | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ҷузе́ппе Фортуни́но Франче́ско Ве́рди (итол. Giuseppe Fortunino Francesco Verdi, 10 октябр 1813[1][2][3][…], Le Roncole[d], Taro[d][5] — 27 январ 1901[4][1][2][…], Милан[6][5]) — оҳангсози машҳури итолиёӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ба эҷоди асарҳои мусиқӣ аз соли 1828 шурӯъ кард (увертюраҳо, маршҳо барои оркестри нафасӣ, пйесаҳои фортепианӣ). Аз дирижёр ва оҳангсоз В. Лавини таълим гирифтааст. Соли 1883 дирижёри оркестри нафасӣ, соли 1836 роҳбари ҷамъияти филармонӣ дар Буссето. Соли 1839 дар Милан операи аввалини Ҷузеппе Верди «Оберто» ба саҳна гузошта шуд. Ба Ҷузеппе Верди операҳои «Набукко» («Навуходоносор», 1841) ва «Ҷанги салибии ломбардиён» (1842) шуҳрат оварданд, ки дар онҳо оҳангҳои қаҳрамонӣ ва инқилобӣ садо дода, муборизаи итолиёиён барои озод шудан аз юғи австриягиҳои истилогар ифода ёфтааст. Дар солҳои 1842-49 Ҷузеппе Верди 13 опера, аз ҷумла «Эрнани» (1844), «Аттила» (1846), «Макбет» (1847) «Муҳорибаи назди Леняно» (1849), «Луиза Миллер» (1849) ва ғ. эҷод кард. Ҳиссиёти ватандӯстонаи Ҷузеппе Верди дар гимни «Садо деҳ, шайпур» таҷассум ёфтааст, ки онро дар давраи Инқилоби соли 1848 бо таклифи Ҷ. Мадзини (ба матни Г. Мамели) навишта буд. Операҳои «Риголетто» (1851, аз рӯйи драмаи В. Гюго «Хушдилиҳои шоҳ»), «Трубадур» (1852), «Тиравиата» (1853, аз рӯйи драмаи А. Дюма-писар «Хонуми гулдор») шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо карданд. Соли 1862 бо супориши Театри петербургии Мариин (ҳозира Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. М. Киров) операи «Қудрати тақдир»-ро навишт (таҳрири 2-юм 1869). Ба ин муносибат Ҷузеппе Верди ду бор ба Русия омад (1861, 1862). Соли 1870 бо супориши театри Миср операи «Аида»-ро офарид, ки он соли 1871 дар Қоҳира ба саҳна гузошта шуд. Ин асар яке аз қуллаҳои баланди операи итолиёӣ аст. Баъди ин В. 15 сол ба жанри опера рӯ наовард. Соли 1874 ба хотираи нависандаи итолиёӣ А. Мандзони «Реквием»-ро навишт. Соли 1886 Ҷузеппе Верди асари барҷастаи санъати реалистӣ — операи «Отелло»-ро эҷод кард, ки он яке аз бузургтарин асарҳои мусиқии классикии ҷаҳонӣ аст. Операи охирини Ҷузеппе Верди «Фалстаф» (аз рӯйи мазҳакаи У. Шекспир «Духтарони шӯхи виндзорӣ», 1892) мебошад.
Ҷузеппе Верди дар таърихи мусиқӣ ҳамчун эҷодкори навовар, санъаткори бузург, оҳангсози реалист мавқеъ дорад. Робитаи қавӣ доштани Ҷузеппе Верди бо маданияти миллӣ — демократии Итолиё аҳаммияти таърихии эҷодиёти ӯро афзуда, операҳояшро дар тамоми ҷаҳон машҳур гардонданд. Ҷузеппе Верди 26 опера[7], асарҳо барои созҳои нафасӣ, кантатаҳо, квартетҳои торӣ, романсҳову сурудҳо ва ғ. навиштааст. Дар репертуари Театри давлатии академии опера ва балети тоҷик ба номи С. Айнӣ асарҳои Ҷузеппе Верди: «Риголетто», «Трубадур», «Аида», «Отелло» мавқеи муҳим доранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Internet Broadway Database (ингл.) — 2000.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 Itaú Cultural https://enciclopedia.itaucultural.org.br/pessoa407418/giuseppe-verdi (порт.) — São Paulo: Itaú Cultural, 2001. — ISBN 978-85-7979-060-7
- ↑ 3.0 3.1 Discogs (ингл.) — 2000.
- ↑ 4.0 4.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 5.0 5.1 5.2 5.3 Archivio Storico Ricordi — 1808.
- ↑ 6.0 6.1 Верди Джузеппе // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ Giuseppe Verdi Operas(пайванди дастнорас — таърих). Giuseppe-Verdi.Net. 30 апрели 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 май 2014.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Верди Ҷузеппе // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.