Варақсангҳои сӯзанда

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Варақсанги сӯзанда

Варақсангҳо́и сӯзанда́сангҳои русубии таркибашон карбонатӣ-гилӣ, гилӣ ё силитсиумӣ, ки 10–50%, баъзан то 60% моддаи органикӣ (керогенӣ)-и тавъам бо маводди минералӣ таҳшиншуда доранд.

Тавсифот[вироиш]

Рангашон сиёҳтоб, сиёҳи зардтоб, хокистарӣ-зайтунӣ. Ба варақаҳои тунук ҷудо мешаванд. Баъзан каустоболитҳои сахти серхокистари дорои моддаҳои органикии пайдоишашон гуногунро низ варақсангҳои сӯзанда меноманд.

Таркиб[вироиш]

Дар таркиби варақсангҳои сӯзанда ба ҷуз маводди органикӣ минералҳои калсит, доломит, ҳидромико, монтмориллонит, каолинит, фелдспорҳо, кварс, пирит ва ғайра дучор меоянд. Ҳангоми дар муҳити беҳаво то 500°С ё бо иштироки ҳаво то 1000°С тафсондани варақсангҳои сӯзанда моддаи органикии он вайрон ва аз варақсангҳои сӯзанда қатрони нафтмонанд (равғани варақсанг), газҳои сӯзандаи хушк ва об ҷудо мешаванд. Аз варақсангҳои сӯзандае, ки моддаи органикии камтар доранд, 5–10% (аз массаи хушк) ва аз варақсангҳои сӯзандаи моддаи органикиашон бисёр то 30–50% қатрон ҷудо кардан мумкин аст.

Навъҳо[вироиш]

Варақсангҳои сӯзандаро вобаста ба таносуби миқдори обсабзҳо ва гумус ба сапропелитӣ ва гумусӣ – сапропелитӣ ҷудо мекунанд. Варақсангҳои сӯзандаи сапропелитӣ аз варақсангҳои сӯзандаи гумусӣ – сапропелитӣ бо миқдори бештари ҳидрогенаш (8 – 10%) ва миқдори камтари кислотаҳои гуминиаш (0,5%) дар массаи органикӣ фарқ мекунад. Варақсангҳои сӯзандаи сапропелитӣ то 20–30% қатрон дошта, то 3500–4000 ккал/кг гармӣ медиҳанд, ки аз варақсангҳои сӯзандаи гумусӣ – сапропелитӣ хеле зиёд аст. Аз ҷиҳати пайдоиш варақсангҳои сӯзандаи баҳрӣ, кӯлӣ, толобӣ ва аз рӯи таркиб варақсангҳои сӯзандаи гилӣ, карбонатӣ ва силитсиумиро фарқ мекунанд.

Пайдоиш[вироиш]

Моддаи ибтидоии варақсангҳои сӯзанда, ки асосан аз боқимондаи набототи планктонии содатаринҳо, миқдори ками зоопланктон ва қисмҳои набототи қаърӣ иборат аст, дар соҳилҳои начандон жарфи баҳрҳои шӯр ва газнокиашон муътадил ва кӯлҳо ба вуҷуд меояд. Варақсангҳои сӯзанда дар таркиби ҳамаи таҳнишастҳои давраҳои геологӣ – аз кембрий то неоген дучор меоянд ва масоҳати калон (садҳо, ҳатто ҳазорҳо км2)-ро ишғол мекунанд. Дар кишварҳои Назди Балтика, Белорусия, Украина, Ёқутистон, Ӯзбекистон ва диг. ҷойҳо захираҳои бузурги варақсангҳои сӯзанда мавҷуд аст.

Захира[вироиш]

Миқдори эҳтимолии захираҳои варақсангҳои сӯзанда дар дунё тақрибан 450 трлн тоннаро ташкил медиҳад, ки қисми асосии он дар ИМА (иёлати Колорадо, Юта, Вайоминг), Бразилия (Ирати, Паранта), Хитой, Булғория, Олмон, Англия, Канада, Австралия ҷойгир аст. Дар таркиби варақсангҳои сӯзандаи баъзе конҳо миқдори зиёди элементҳои Cu, Mo, U, Pb, Zn, V дучор меояд.

Истифода[вироиш]

Варақсангҳои сӯзанда ҳамчун сӯзишворӣ ва ашёи хоми энергетикию кимиёӣ аҳаммияти саноатӣ доранд. Аз қатрони варақсангҳои сӯзанда маҳсулоти гуногуни кимиёӣ (фенолҳо, гази сӯзанда, ширеш, локҳо ва ғ.) истеҳсол мекунанд. Хокистари пас аз коркарди варақсангҳои сӯзанда боқимондаро барои истеҳсоли маводди сохтмон, пахтаи минералӣ, сементи махсус, хишти силикатӣ ва ғайра истифода мебаранд.

Ҳамчунин нигаред[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Геология месторождений угля и горючих сланцев СССР. Т. 11, М., 1968;
  • Химия и технология сланцев и продуктов их переработки. Л., 1968;
  • Кузнецов Д. Т. Горючие сланцы мира. М., 1975.

Сарчашма[вироиш]