Jump to content

Василий Бояркин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Василий Бояркин
Зодрӯз 24 апрел 1914(1914-04-24)
Таърихи даргузашт 12 декабр 1943(1943-12-12) (29 сол)
Қисм сержанти калон
Равобит
Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ
ордени Ленин Order of the Patriotic War 1st class Ордени Ситораи Сурх

Василий Илларионович Бояркин (24 апрел 1914, Tyulgansky District[d], Orenburg Oblast[d]12 декабр 1943) — сержанти калони Артиши Сурх, иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ (1944).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Василий Бояркин 24 апрели соли 1914 дар совхози Олшанка (холо ноҳияи Тюлгански вилояти Оренбург) дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Маълумоти ибтидоиро гирифта, дар стансияи мошину трактории Шаҳритӯси вилояти Қургонтеппаи ҶШС Тоҷикистон тракторчӣ кор кардааст.

Моҳи ноябри соли 1941 ба сафи Артиши Сурх даъват карда шуд. Аз октябри соли 1942 — дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд. То сентябри соли 1943 сержанти калони гвардия Василий Бояркин ба экипажи пулемётчиёни эскадраи 4-уми полки савораи 60-уми дивизияи 16-уми савораи корпуси 7-уми савораи гвардиягии артиши 61-уми фронти марказӣ фармондеҳӣ мекард. Ӯ дар муҳорибаи Днепр[1] пешоҳанг буд.

27 сентябри соли 1943 дар мавзеъи деҳаи Нивкии ноҳияи Брагини вилояти Гомели ҶШС Беларус Бояркин дар қисми худ яке аз аввалинҳо шуда аз Днепр гузашта, гузаргоҳи зербахшҳои полкро бо оташи пулемёт рӯпуш кард. Танҳо дар вақти ҳуҷуми ҷавобии якум экипажи Бояркин кариб 30 нафар сарбозону афсарони душманро несту нобуд ва ярадор карда, боқимондаро маҷбур кард, ки ба мавқеъҳои худ ақибнишинӣ кунанд. Бояркин бо вуҷуди захмдор шуданаш майдони ҷангро тарк накарда, ҷангро давом дода, вазифаи ҷангиро бомуваффақият иҷро кард, ки ин имкон дод 28 сентябр деҳаи Вялйе озод карда шавад. 12 декабри соли 1943 Бояркин дар ҷанг кушта шуд. Дар шаҳраки Комарин ба хок супурда шуд[1].

Ҷоизаву унвонҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо ордени Ленин, ордени Ҷанги Ватанӣ, дараҷаи 1 ва Ситораи Сурх қадр шудааст.

  • Дар шаҳраки Шаҳритӯс дар назди кохи фарҳанг муҷассамаи Василий Бояркин гузошта шудааст. Дар шаҳраки Комарин номи ӯ дар лавҳаи ёдгорӣ гузошта шудааст
  • Номи Қаҳрамон дар Хиёбони Шараф дар Комарин (вилояти Гомел, Беларус), бо портрет ва зиндагинома[2] гузошта шудааст.
  • Ахмадиев Т. Х. Башкирская гвардейская кавалерийская. Уфа, 1999.
  • Сечкина Л. П. Твои Герои, Таджикистан. Душанбе, 1985.
  • Слава башкирских конников. Уфа: Китап, 2005.