Jump to content

Трактор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Истеҳсоли тракторҳо дар ИҶШС ва ФР, ҳазор адад (график)

Тра́ктор (лот. traho — мебарам, мекашам) — мошини тасмачарх ё чархии худгардро гӯянд, ки барои корҳои кишоварзӣ, роҳсозӣ, заминковӣ, боркашонӣ ва ғайра таъйин шудааст[1].

Аввалин трактори шӯравӣ «Коммунар».

Нахустин тракторҳои чархдори бо муҳаррики буғӣ коркунанда соли 1830 дар Британияи Кабир ва Фаронса пайдо шуданд, ки онҳоро дар нақлиёт, корҳои ҳарбӣ ва баъдтар дар кишоварзӣ истифода карданд; дар кишоварзии ИМА аз соли 1890 ба кор мебаранд.

Трактори тасмачархро дар Русия Д. А. Загряжский (1837) ва А. П. Костиков-Алмазов (тақр. 1889) ихтироъ карданд. Механики рус Ф. А. Блинов соли 1888 трактори тасмачархи бо ду муҳаррики буғӣ коркунандаро сохт ва санҷид. Солҳои 1893—95 ихтироъкори худомузи рус Я. В. Мамин аробачаи худгардеро, ки муҳаррикн дарунсӯз дошт, ихтироъ кард. Аввалин тракторҳои чархии мухаррики дарунсуздорро фирмаи «Харт-Парр» (1901, ИМА) истеҳсол кард. Истеҳсоли тракторҳои тасмачарх соли 1912 дар ИМА, баъдтар дар Олмон ва дигар давлатҳо сар шуд. Дар СССР аввалин тракторро («Фордзон-Путиловец») соли 1923 сохта, истеҳсоли оммавии онро соли 1930 ба роҳ монданд. Ин имконият дод, ки аз соли 1932 воридоти тракторро бас кунанд.

Тракторҳои замонавӣ баландсифатанд. Афзоиши иқтидори муҳаррикҳо, беҳтаршавии шароити кори тракторчӣ, универсалӣ, боэътимодӣ ва хушсифатии кор — чунин аст инкишофи техникии трактор. Автоматонии идораи механизмҳо ва агрегатҳои трактор амалӣ мегарданд. Моделҳои нави тракторҳо — К-701, Т-150 К, МТЗ-80/82 ва ғайра бо муҳаррикҳои дизелии пурсамар, қуттиҳои таҳвили серзина, кабинаҳои вентилятсиядор ва ғайра ҷиҳозонида шудаанд.

Дастгоҳи қувва аз муҳаррик ва олатҳои кори онро таъминкунанда иборат аст. Таҷҳизоти электрии трактор аз манбаъҳои электрӣ (батареяҳои аккумуляторӣ, генератор), асбобҳои корандозии муҳаррик, вентилятсияи кабина, интиқоли сигналҳои садоӣ ва шуоъӣ иборат астрактор

Тракторҳо аз рӯи таъйинот

[вироиш | вироиши манбаъ]

Тракторҳо аз рӯи таъйиноташон ба тракторҳои кишоварзӣ ва тракторҳои саноатӣ ҷудо мешаванд.

Тракторҳои кишоварзӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Тракторҳои умумии кишоварзӣ дар ҳолати агрегатӣ бо механизмҳои махсус (механизмҳои шудгор, култивация, кишт, ғунучин ва ғайра) амал мекунанд. Тракторҳои пуриқтидори кишоварзӣ барои аз худ намудани заминҳои навкорам ва бекорхобида, кандани решаи дарахтон ва дигар корҳо истифода мешаванд. тракторҳои шудгоркунанда ба механиконии коркарди байниқаторӣ [култивация, нармкунӣ, дорупошӣ, ғунучини ҳосил (ҷуворимакка, лаблабуи қанд, пахта) ва ғайра] имконият медиҳанд.

Тракторҳои саноатӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Қувваи кашиши тракторҳои саноатӣ нисбат ба тракторҳои кишоварзӣ бештар астрактор Онҳо дар ҳолати агрегатӣ бо мошинҳои (асбобҳои) овеза (белҳои булдозерӣ, барфтозакунак, дӯли экскаваторӣ) ва ядакӣ (скрепер, грейдер ва ғайра) корҳои заминковӣ, роҳсозӣ, мелиоративӣ ва ғайраро иҷро мекунанд.

Трактор бино ба навъи ҳаракат

[вироиш | вироиши манбаъ]

Тракторҳои чархӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
Трактори чархии МТЗ 82.1

Тракторҳои чархӣ тавассути чархҳои пеш идора мешаванд.

Тракторҳои тасмачарх

[вироиш | вироиши манбаъ]
Трактори тасмачархи ДТ-75.

Барои гардиши трактори тасмачарх басомади гардиши чархҳои барандаи тасмачархи рост ё чапро истифода мебаранд (басомадро ба воситаи муфтаҳо ё тормозҳо тағйир медиҳанд).

Тракторҳо дар Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Тоҷикистон соли 1926 аввалин трактор пайдо шуд. Соли 1930 дар ноҳияҳои асосии пахтакорӣ — Шаҳритуз, Сарои Камар (Панҷ), Арал (Куйбышев) ва Чептура (Ҳисор) нахустин 4 истгоҳи мошинию тракторӣ ташкил шуд, ки онҳо 300 трактор доштанд. Ҳоло дар колхоз ва совхозҳои республика тракторҳои навъи К-701, Т-150, МТЗ-80/82, Т-150 К ва ғайра васеъ истифода мешаванд.

Тракторҳои «ТоҷИрон»

[вироиш | вироиши манбаъ]

Корхонаи муштараки «ТоҷИрон» бар асоси шартномаи миёни вазорати саноати Тоҷикистон ва ширкати тракторбарории Ҷумҳурии Исломии Эрон моҳи июни соли 2006 корашро дар Душанбе ба роҳ монд. Иқтидори лоиҳавии корхонаи муштарак 2 ҳазор адад трактор дар як сол буда, 51 дарсади саҳмияҳои он ба Эрон тааллуқ дошт[2]. Аммо ин ширкат то соли 2014 ҳамагӣ 264 адад тракторҳои гуногун истеҳсол намудааст, ки ба ҳисоби миёна 33 адад дар як сол рост меояд[3]. Корхона бино ба тоб наовардан дар рақобат бо ширкатҳои дигари воридкунандаи трактор ба Тоҷикистон соли 2016 баъди 10 сол фаъолияташро қатъ карда, дар ин муддат чизе истеҳсол накардааст[2].

  1. Трактор, статья из Большой советской энциклопедии. — М.: Советская энциклопедия. 1969—1978.
  2. 2.0 2.1 "ТоҷИрон" аз кор монд. Нокомии Эрон ё бениёзии Тоҷикистон? ВИДЕО. Радиои Озодӣ. 23 октябри 2017 санҷида шуд.
  3. Рақобатпазир набудани тракторҳои «ТоҷИрон» дар чист?. www.navid.tj. 23 октябри 2017 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
  • Гребнев В.П., Поливаев О.И., Ворохобин А.В. Тракторы и автомобили. Теория и эксплуатационные свойства. — М.: КНОРУС, 2011. — 264 с. — ISBN 978-5-406-00135-6.