Василий Вяткин
Таърихи таваллуд | 30 август (11 сентябр) 1869 |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 26 июн 1932[1] (62 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Фазои илмӣ | таърих ва бостоншиносӣ |
Шогирдон | Ibrohim Moʻminov[d] |
Вяткин Василий Лаврентевич (18 августи 1869, вилояти Ҳафтрӯд, Қазоқистон — 26 июни 1932, Самарқанд) — бостоншинос, таърихнигор ва шарқшинос, профессор (1927).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Семинарияи муаллимии шаҳри Тошкандро хатм намудааст (1894). Аз соли 1903 нозири ёдгориҳои меъмории шаҳри Самарқанд. Узви вобастаи Кумитаи руссиягии омӯзиши Осиёи Марказӣ ва Осиёи Шарқӣ, узви фахрии Университети халқии Туркистон ва Институти шарқшиносии Туркистон (1918). Асосгузор ва директори осорхонаи Самарқанд (1904). Сараввал ба омӯзиши дастхатҳои шарқӣ ва осори маданияти халқҳои Осиёи Марказӣ машғул шуда, оид ба таърих ва ёдгориҳои меъмории Самарқанд якчанд мақолаҳо («Арабҳо чӣ хел Самарқандро забт карданд?», «Чӯпон ота», «Шоҳи Зинда» ва ғайра) навиштааст. Сипас ба ҳафриёту таҳқиқи ёдгориҳои меъморӣ машғул шуда, тайи солҳои 1904-31 (бо танаффус) дар харобаҳои шаҳристони Афросиёби канори Самарқанд ҳафриёт кардааст. Василий Вяткин кори бостоншинос Н. И. Веселовскийро, ки соли 1885 омӯзиши харобаҳои шаҳристони Афросиёбро оғоз карда буд, аз соли 1904 ҳамроҳи Василий Вяткин Василий Вяткин Бартолд идома дод. Ӯ тайи солҳои 1912-19 дар харобаҳои Афросиёб ҳамроҳи М. Е. Массон қасри қадимии подшоҳнишинеро таҳқиқ намуд, ки онро дар аҳди Сомониён таҷдиду бозсозӣ намудаанд. Натиҷаҳои ҳафриёт ва таҳқиқоти Василий Вяткин дар китоби «Афросиёб — димнаи Самарқанди бостонӣ» (1927) дарҷ гардидаанд. Василий Вяткин ҳамзамон солҳои 1908-09 ва 1914 дар асоси ҳуҷҷатҳои таърихӣ харобаҳои расадхонаи Улуғбекро (асри 15) пайдо намуда, шакли устувона (силиндр) доштани онро собит намуд. Василий Вяткин барои ҳафриёти Расадхонаи Улуғбек аз ҷониби ҷамъияти археологии Русия бо медали ба номи акад. Василий Вяткин Р. Розин сарфароз гардид. Василий Вяткин солҳои 1918-19 ёвари комиссари Самарқанд, соли 1920 раиси ёдгориҳои меъмории Самарқанд таъйин гардида, 1923-28 директори осорхонаи Самарқанд ва то охири умр ходими калони илмӣ осорхонаи Самарқанд буд. Кумитаи ёдгориҳои қадимии меъморӣ, санъат ва табиати Ӯзбекистонро таъсис додааст. Василий Вяткин ҳамчунин бо дастаи бостоншиносон дар ҳафриёти ёдгориҳои қадимии Тирмиз (1927) ва Хоразм (1929) ширкат варзидааст. Аз соли 1927 профессор Институти педагогии Самарқанд. Василий Вяткин бештар аз 70 асари илмӣ навишта, муаллифи асарҳои «Ёдгориҳои қадимаи Самарқанд» (1927), «Меъмории Самарқанди қадим» (1929) ва ғ. мебошад. Ӯ. дар гирдоварӣ ва интишори дастхатҳои асримиёнагии Осиёи Марказӣ низ саҳм дошта, қисми «Бобурнома»-и Мирзо Бобур (1896), «Самария»-и Мир Абутоҳири Ҳоҷии Садри Самарқандӣ (1899), «Қандии Малой»-и Имом Абулфайз Муҳаммади Самарқандӣ.(1906) ва ғ.-ро нашр кардааст. Василий Вяткин инчунин беш аз 250 навиштаҷоти рӯйи қайроқсангҳоро (асрҳои 5-7), ки аҳаммияти илмӣ доранд, хондаву интишор намудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 Вяткин Василий Лаврентьевич // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вяткин Василий Вяткин Л. Афрасиаб — городище былого Самарканда. Ташкент, 1927;
- Якубовский А. Ю. Из истории археологического изучения Самарканда. Т. 2. Л., 1940;
- Беттер Е. К. Список трудов В. Л. Вяткина // Труды Ташкенсткого университета. Кн. 37. 1960;
- История Самарканда. Т. 1. 1973.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вяткин Василий Лаврентевич / Б. Абдураҳмонов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 11 сентябр
- Зодагони соли 1869
- Зодагони Империяи Русия
- Даргузаштагони 26 июн
- Даргузаштагони соли 1932
- Даргузаштагон дар Иттиҳоди Шӯравӣ
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо
- Шаблони «Пайвандҳои беруна» холӣ