Jump to content

Ваҳшпарварӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ваҳшпарварӣ — яке аз соҳаҳои чорводорӣ, ки барои бо мӯинаи хушсифат таъмин намудани аҳолӣ ташкил карда шудааст. Барои мӯина шағора (норка), ондатра, нутрия, самур, қундуз, вашақ ва дигар ҷонваронро мепарваранд.

Ваҳшпарварӣ таърихи тӯлонӣ надорад. Охири асри 19 Ч. Долтон дар Канада дар ҷазираи Шоҳзода Эдуарди халиҷи Лаврентияи Муқаддас ба парвариши рӯбоҳи сиёҳ шурӯъ намуд. Минбаъд усули дар панҷара парвариш кардани ҷонварони мӯинадор дар ИМА ва мамолики Скандинавия густариш ёфт. Ваҳшпарварӣ хосса дар Дания, Шветсия, Норвегия, Финляндия, Канада, Лаҳистон ва Олмон тараққӣ кардааст. Онҳо дар маҷмӯъ соле тақр. 20 млн адад пӯст истеҳсол мекунанд. Ваҳшпарварӣ дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ низ хеле тараққӣ карда буд. Муассисаҳои калонтарини ваҳшпарварӣ дар вилоятҳои Маскав, Мурманск ва Калининград, кишвари Олтой ҷой доштанд.

Дар Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ваҳшпарварӣ дар Тоҷикистон шуғли нисбатан нав аст. Ҳоло дар ҷумҳурӣ муассисоти махсуси ваҳшпарварӣ вуҷуд надоранд. Мӯинаи ҷонварон асосан бо роҳи шикори онҳо ба даст оварда мешавад. Кӯшишҳои аввалин оид ба парвариши ҳайвоноти мӯинадеҳ мансуб ба нимаи дуюми асри 20 мебошанд. Соли 1949 аз кӯлҳои Шилёни Ҷумҳурии Озарбойҷон ба мамнӯъгоҳи «Полвонтуғай» 59 сар нутрия оварда шуд. Нутрияҳо ба шароити иқлими маҳал зуд мутобиқ гаштанд. Бинобар ин дар ҷумҳурӣ фермаҳои махсуси нутрияпарварӣ (дар Ҷилликул, Куйбишев ва Фархор) ташкил ёфтанд. Соли 1965 дар муассисаҳои нутрияпарварӣ 12568 адад пӯст тайёр карда шуд, ки дар Ауксиони байналмилалӣ баҳои сазовор гирифт. Ҳоло саршумори асосии нутрияҳо дар поёноби д-ҳои Кофарниҳон, Вахш, Панҷ, Қизилсу ва Яхсу мавҷуданд. Шикори онҳо манъ карда шудааст. Ондатра аслан аз Амрикои Шимолист. Онро ба шароити иқлими Аврупо ва Осиё мутобиқ кардаанд. Ондатра ба Осиёи Миёна соли 1935 оварда шуд. Солҳои 50 асри 20 ондатраҳо ба тавассути Сирдарё ба навоҳии шимоли Тоҷикистон роҳ ёфта, дар шабакаҳои обёрии водии Фарғона, Мирзочӯл, Обанборҳои Фарҳод ва Қайроққум маскун шуданд. Он ба воситаи наҳрҳои дашти Ҷиззах то шаҳраки Ғӯсари ноҳияи Панҷакент омад. Соли 1969 дар ҷумҳурӣ зиёда аз 11 ҳазор адад пӯсти ондатра тайёр карда шуд. Вақтҳои охир бинобар кам шудани сатҳи оби Сирдарё саршумори ондатра коҳиш ёфтааст. Солҳои 1964-69 олимони Институти таҳқиқоти илмии умумииттифоқии муассисоти шикор ва ваҳшпарварии шаҳри Киров ба ноҳияҳои Дарвоз, Ишкошим ва Мурғоби ВМКБ 211 сар вашақ (шиншилла) оварданд. Бино ба маълумоти солҳои охир шароити иқлими ин мавзеъҳо барои зиндагию фаъолияти вашақ мусоид набудааст ва онҳо ҳамагӣ нобуд шуданд.