Jump to content

Ваҳҳоб Воҳидов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ваҳҳоб Воҳидов
Таваллуд 11 июн 1940(1940-06-11)
Даргузашт 7 июн 2018(2018-06-07) (77 сол)
Ҷоизаҳо
ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ордени «Нишони Фахрӣ»

Ваҳҳоб Воҳидов (зод. 11 июни 1940, деҳаи Пӯлодони ноҳияи Конибодом) — иқтисоддон, доктори илмҳои иқтисод (2009), профессор (2010), Корманди шоистаи Тоҷикистон (1995), узви вобастаи Академияи байналмилалии муҳандисӣ (2004), узви пайвастаи Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи УДТ (ҳоло ДДМТ; 1961). Баъди хатми донишгоҳ то соли 1991 дар вазифаҳои гуногуни комсомолию ҳизбӣ фаъолият намудааст. Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991-92), раиси Ассотсиатсияи илмию истеҳсолии «Тоҷикдеҳоткимиё» (1993—2001), мудири шуъбаи сиёсати аграрии Институти таҳқиқоти иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001-10), ҳамзамон мушовири вазири рушди иқтсод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001-08) буд. Аз соли 2008 ходими пешбари Институти иқтисодиёти кишоварзии АИК Тоҷикистон, дотсент, профессори кафедраҳои ДМТ, ДДТТ ва мудири кафедраи идораи давлатӣ ва маҳаллии Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Оид ба рушди иқтисоди кишоварзӣ, аз ҷумла пахтакорӣ, комплекси агросаноатӣ, барномаи озуқаворӣ ва ғ. беш аз 200 таълифот дорад. Вакили мардумии Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (ду даъват) ва Шӯрои Олии ИҶ ШС.

Ба орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони Фахрӣ», Грамотаҳои Фахрии Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

  • Модель аграрной экономики Таджикистана в XXI веке. Д., 2004;
  • Актуальные проблемы развития хлопководства в Таджикистане. Д., 2007;
  • Таджикистан: проблемы модернизации сельского хозяйства. Д., 2007;
  • Агропромышленный комплекс Таджикистана. Д., 2008.
  • Воҳидов Ваҳҳоб / М. Диловаров // Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов. — Д. : СИЭМТ, 2011—2023.