Везувиан

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Везувиан
Формула Ca10(Mg,Fe)2Al4[OH4(SiO4)5(Si2O7)2]
Примесь Be, F, Cr
Физические свойства
Цвет Бурый, зелёный, зеленовато-жёлтый
Цвет черты Белая
Блеск Стеклянный
Твёрдость 6,5 - 7,0
Спайность Несовершенная
Излом Раковистый, неровный
Плотность 3,35 - 3,45 г/см³
Сингония Тетрагональная
Показатель преломления от 0,001 до 0,01

Везувианит, инчунин везувианит, идокраз[1] ё калифорнит — маъдани шаффоф ва нимшаффоф аз сояҳои сабз, қаҳваранг ё зард-қаҳваранг, як силикати мураккаби ыазиравии калсий ва алюминий мебошад. Везувиан аз рӯи номенклатураи муосири маъданӣ узви гурӯҳи везувиҳо мебошад[2] . Таркиби везувиан кремний ва алюминий, фтор ва гидроксилро дар бар мегирад ва дар натиҷаи қисман иваз кардан, инчунин миқдори муайяни оҳан ва магнийро дар бар мегирад. Илова бар ин, баъзе навъҳои он метавонанд миқдори зиёди бериллий дошта бошанд[3] .

Шӯшабандиаш тетрагоналӣ ва сохтораш ба гроссуляр монандДар сохтораш аз нуҳ иони силитсиум панҷтояш дар тетраэдрҳои мустақили SiO4 банд буда, чор Si дар офариниши гурӯҳи ҷудогонаи Si2O7 иштирок менамоянд. Рӯяҳои шӯшаҳои сутунча ва аҳромшаклаш нақш доранд. Рангаш қаҳвагӣ, сурх, зард, сабз, хокистарии сиёҳтоб, баъзан гулобӣ ё кабуд. Ранги намуди хромиумдораш сабзи зумуррадӣ. Хокааш сафед, хокистарӣ. Ҷилояш шишагӣ, равғанӣ, шаффоф, нимшаффоф. Сахтиаш 6,5. Шикасташ ноҳамвор, садафӣ. Вазни хоссаш 3340 — 3440 кг/м3. Намуди қаҳварангашро эгеран, кабуди равшанашро сиприн, сабзи зайтуниашро калифорнит меноманд. В. минерали маъмули сангҳои ҳамбарӣ — дигаргунӣ (контактово-метаморфических пород) ва скарнҳо ба шумор меравад. Дар ҳудуди ҷинсҳои магмавии қаърию оҳаксанг ва доломит ба вуҷуд омада, ҳамроҳи беҷода (уланат), хлорит, калсит, гроссуляр, диопсид, волластонит, эпидот ва дигар минералҳо дар серпентинитҳо, варақсангҳои хлоритӣ вомехӯрад. Намудҳои шаффофу хушрангашро ҳамчун сангҳои ҷавҳарӣ истифода мебаранд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Идокраз // Энциклопедический словарь Брокгауза и Ефрона : в 86 т. (82 т. и 4 доп.). — СПб., 1890—1907.
  2. Везувиан — wiki.web.ru(рус.)(пайванди дастнорас — таърих). wiki.web.ru. 13 августи 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 сентябри 2017.
  3. Г.Смит. «Драгоценные камни» (перевод с G.F.Herbert Smith «Gemstones», London, Chapman & Hall, 1972). — Москва, «Мир», 1984 г.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Левинсон-Лессинг Ф. Ю.,. Везувиан // Энциклопедический словарь Брокгауза и Ефрона : в 86 т. (82 т. и 4 доп.). — СПб., 1890—1907.
  • Галускин Е. В., Галускина И. О. Вилуит — новый минерал 1998 года из Саха-Якутии — минерал с более чем 200-летней историей // Записки РМО. 2000. Ч. 129. Вып. 1. С. 130—132.
  • Deere, W. A. et al., 1962, Rock Forming Minerals: Vol. 1 Ortho- and Ring Silicates, pp. 113—120
  • Везувиан // Большая советская энциклопедия : в 66 т. (65 т. и 1 доп.) / гл. ред. О. Ю. Шмидт. — М. : Советская энциклопедия, 1926—1947.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]